10:11:40 14-уми Июли 2026 сол

Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст

Дар шаш моҳи соли 2026 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат 11 ҳазору 731 ҷинояти умумӣ ба қайд гирифта шудааст.

zafar_samad_65658985454542Аз ин шумора 592 ҷиноят ба муомилоти ғайқонунии маводи нашъаовар вобаста мебошад, ки 5 фоизи ҷиноятҳои умумиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2026 58 ҷиноят ё 11 фоиз зиёд ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Дар шаш моҳи соли 2026 дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаю 963 килограмм маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 143 килограмм ё 5 фоиз кам мебошад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон бо ҷурми муомилоти ғайқонунии маводи нашъаовар 28 шаҳрванди хориҷӣ дастгир карда шуд, ки аз онҳо 694 килограмм маводи нашъаовар мусодира гардид. Аз ҷумла, 18 шаҳрванди Афғонистон бо мусодираи 601 килограмм, 1 шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон бо мусодираи 10 килограмм, 6 шаҳрванди Ҷумҳурии Узбекистон бо мусодираи 65 килограмм, 2 шаҳрванди Қирғизистон бо мусодираи 11 килограмм ба қайд гирифта шудааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА, АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ