Қабули нусхаи эътимодномаи сафири Муғулистон
10 июли соли 2026 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Муғулистон ҷаноби Гунаажав Батжаргалро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш.Остона) ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.
Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири корҳои хориҷӣ ба сафири нави Муғулистон дар фаъолияти минбаъдаи дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.
mfa.tj
















