01:57:40 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дар рӯзи бекасиҳо ёрони меҳрубон ку?

Устоди равоншод, Халилуллоҳи Халилӣ дар соли 1907 дар Кобул таваллуд ёфта, ягона шоир ва нависандаву сиёсатмадори машҳур ва маъруфи адабиёти даризабони муосири Афгонистон ба шумор меравад.

khalilulloh-4554412Ӯ аз соли 1929, то соли 1978 иҷрокунандаи вазифаҳои гуногуни ватанаш буда ва аз ҷумла, сафири Афғонистон дар кишварҳои арабӣ хизмат намудааст. Вақте, ки соли 1978 дар Афғонистон инқилоб ба амал омад, устодро аз вазифа озод намуданд ва ӯ чанд муддат дар Амрикову Аврупо буду бош намуда ва баъдан ба Покистон баргашта дар соли 1987 дар онҷо вафот ёфта ва дар шаҳри Пешовар ба хок супорида шудааст. Устод Халилӣ дорои чандин маҷмӯаҳои назмӣ ва ҳам насрӣ мебошад, ки мо дар инҷо мехоҳем намунае чанд аз ашъоре ӯро аз маҷмуъаи "Суруди хун", ки ҳангоми дур аз ватан буданаш эҷод кардааст, ба хонандагони муҳтарам пешкаш намоем.

Шикастабол

Мурғе шикастаболам, роҳе ба осмон ку?

Дар рӯзи бекасиҳо ёрони меҳрубон ку?

Гар бар замин ниҳам сар, ку гӯшаи фароғе?

В-ар бар фалак гурезам, асбобу нордбон ку?

Бар хони зиндагонӣ меҳмони ашку хунам,

Кас нест то бипурсад, эҳсони мизбон ку?

Ин ҳарфҳои беҷон, ин лафзҳои мурда.

Дар шарҳи ишқ гунганд, ҷуз ашки тарҷумон ку?

Ҳам рӯз тира гардид, ҳам шом тиратар шуд,

Гумгаштаи заминем, анвори осмон ку?

Ними шаб асту ёдаш оташ зада ба ҷонам,

Қурбони чашми соқӣ, оташнишони ҷон ку?

Дар шаҳри ношиносон бо ҳам дарахтворем,

Сад шиква монда дар дил, то сар кунам, забон ку?

Тобути оташин

Мани беватан, ки дур зи оғӯши модарам,

Биншастаам дар оташу дар хун шиноварам.

Баргам, ки тунбод фиканда ба ҳар дарам,

Гардам, ки ҳодисот нишонда ба ҳар дарам.

Хуршед найзадори фалак меборад фуруд,

Ҳар субҳдам ба дидаи тар, неши ханҷарам.

Аз ҳар ситора барқи ғазаб меҷаҳад бурун,

Чун шомгоҳ чашм биафтад бар ахтарам.

Дарёи  бекаронаи хун аст мавҷзан,

Гулгуншафақ, ки шом намояд барбарам.

Ин курраи рамодии саргаштаи сиёҳ,

Ояд ба зери пой чу сӯзанда маҷмарам.

Не хок ҷой медиҳадам, не фалак паноҳ,

Не марг мекашад зи карам танг дар барам

Хоке, ки парварида маро, дӯстон куҷост?

Ман хоки дигарон чи кунам, хок бар сарам. 

Тирест оташин, ки ба ҳар найзаи шуъоъ,

Аз таркиши камонвари хуршед мехурам.

З-ин каҳкашони мортани садҳазор чашм,

Ҳар шаб ҳазор неш хурад зорпайкарам.

Ин кохҳои сарзада бар сақфи осмон,

Куфр аст, агар ба хоки дари дуст бишмарам.

Амвоҷи Ҳадсенам набарад дил зи каф, ки ман

Девонаи навозиши дарёи дигарам.

Нилоби ман куҷост, ки ҳар рӯз мегузашт,

Ғавғокунон зи пеш чу симина аждарам.

Торик гашт яксара айёми зиндагӣ,

Гар кас зи рӯз ҳарф занад, нест боварам.

Ноошност ҳарчи аз ин парда бишнавам,

Бегонааст ҳар, ки дар ин саҳна бингарам.

Дил ҳамдаме надид ба дардошно, ки ман,

Дар пеши вай нишаста гиребони худ дарам.

Ин асри маъбади зару сим аст, лек ман,

Не толиби зарам, ки талабгори Бузарам.

Шуд рӯзҳо, ки нест навозишгари замир,

Гулбонги осмонии Аллоҳи Акбарам.

Ман рост менигараму ин чап нигорҳо,

Хҳоанд ошно ба ҳуруфи музавварам.

Бар ошёни мурғи дилам чанг зад уқоб,

Инак ба хуну ашк шуда сурх пар-парам.

Дигар маро зи ҷоми тараб бениёз кард,

Заҳре, ки рӯзгор фиканда ба соғарам.

Ҳар лаҳза заҳр мехураму зиндаам ҳанӯз,

З-ин тангно ба кӯи адам раҳ чӣ сон барам?

Фархунда модарам чу зи дуне кашид рахт.

Биспурд бо ғурур ба домони кишварам,

Кишвар маро ба синаи тангаш гирифт гарам.

Парвард ончунон, ки напарвард модарам,

Лабханди офтобаш ҷон дод бар танам,

Абри гуҳарнисораш шуд соя бар сарам.

Ҳадсен- номи дарё дар Америка.

Нилоб - номи дарёи наздики зодгоҳи шоир

Рамодӣ - хокистар

Ё ишқ барфурухт ниҳонхонаи дилам,

Ё ишқ шуст гарди ғам аз дидаи тарам.

Аз партави умед ҷило дод хотирам,

В-аз сабқаи Худой баророст гавҳарам.

Ҷуз нақши сарбаландиву озодиву вафо,

Бо ҳеҷ ҳарф ҳарза  наёлуд дафтарам.

Ёрон! Куҷост кишвари зебои ман? Дареғ!

К-им нимаҷон ба пои гиромиш биспорам?

Чун кушта шамъ сар ба равақаш фӯру ниҳам,

Чун паршикаста мурғ ба бомаш фаро парам.

Асри мафосид аст, куҷо рахти худ кашам?

Даври мазолим аст, куҷо бори худ барам?

Дирӯз буд чашми ману хоки кӯи дӯст,

Имрӯз асири қосиду боли кабӯтарам.

Ҷон медиҳам ба мужда, агар оварад насим,

Муште ғубор аз сари болини модарам.

Фархундатолеъе, ки сабо дастаҳои хор,

Орад ба ман зи хоки шаҳидони кишварам.

К-онро ниҳам ба ҷои мижа рӯи чашми хеш,

Ё бар фарози сар чу гаронмоя гавҳарам.

Пири расиду ҷон гуҳар мечакад кунун,

Хунобаи сиришк зи килки суханварам.

Як доғ беҳ нагашта, фалак озмун кунад,

Ҳардам ба ранги дигару бо доғи дигарам.

Ҷои инон, ниҳод ба дастам асо, дареғ,

То ман асозанон сафари марг биспарам.

Тобути оташин шуда дар чашми ман ҷаҳон,

Аз ҳар ҷиҳат гирифта саропо дар ахгарам.

Гар мурдаам, тапидани беҷо барои чист?

Гар зиндаам, чӣ гуна ба тобут андарам?

Нию-Ҷерсӣ, 1980

Зиндон

Ба танг омад  дилам  дар сина, зиндон инчунин бояд,

Зи табъам нола мерӯяд, найстон инчунин бояд.

Анисам -оҳу ёрам - дарду шомам - ашку субҳам - хун,

Ба хони зиндагӣ таъзими меҳмон инчунин  бояд.

Ба як соғар бинои дину дунёям диҳӣ барбод,

Бинозам чашмат, эй соқӣ, ки тӯфон инчунин бояд.

Чӣ сар ғалтида бар хоке, чи дил оғушта  дар хуне,

Чӣ  тан хусбида бар хоре, парешон инчунин бояд.

Ба ғафлат хуфт дар бистар, зи кушиш рафт бар гардун,

Фарангӣ ончунон бояд, мусулмон инчунин бояд.

Гуҳар мерезам аз мижгон , чу ахтар дар дили шабҳо,

Ба шоми тирабахтиҳо чароғон инчунин бояд.

Зи савдои диёру ёр, бар худ мезанам оташ,

Дили оташмизоҷи хонавайрон инчунин бояд.

Нои шеър

Чӣ бошад ҷуз надомат суд, аз ин ҳарсӯ давиданҳо?

Аз ин беҳудагуфтанҳо, аз ин беҷо шуниданҳо?

Саросар қатраи хун асту меларзад ба сад хорӣ,

Дили беҳосили ман аз гудози ночакиданҳо.

Ҷудо мондем мову марг аз ҳам, рӯзгоре шуд,

Вай аз бемеҳр диданҳо, ман аз пас-пас хазиданҳо.

Нагирад дасти ман соқӣ ба як соғар аз он тарсад,

Ки дар пои хум афтам, пештар аз саркашиданҳо.

Расиданҳои мавҷи зиндагӣ оташ ба ҷонам зад,

Хушо кунҷи лаҳад в-он истгоҳи орамиданҳо.

Зи бас дасти ҳаводис дод молиш пушту рӯямро,

Ба ранги дирҳаме гаштам, ки монад аз чалиданҳо.

Дареғо, умр сарфи шеър шуд, аммо надонистам,

К-аз ин сурно набошад ҳосиле ғайр аз дамиданҳо.

Тифли ашк

Дар рагам хун, дар барам дил, дар танам ҷон мурдааст,

Вой бар ман, тифли ашки ман ба мижгон мурдааст.

Тирарӯзиҳои мо поён надорад, эй дареғ,

Дар сипеҳри мо магар хуршеди тобон мурдааст?

Шеър бар лаб, шӯр бар сар, нашъа дар май, май-ба ҷом,

Сози қонуни тараб дар базми имкон мурдааст.

Зиндагӣҷуз ранҷу дарду бим мафҳуме надошт,

Кас намеояд магар , боди баҳорон мурдааст.

Шаҳсаворе ку, ки дар майдон сарафрозӣ кунад?

Шеърмайдонро зи ғам, сар дар гиребон мурдааст.

Ҷои лола, хун дамад аз кӯҳу саҳрои ватан,

Оҳ пиндорӣ! чароғи Шоҳимардон мурдааст.

Ҷовидон марде, ки якҷо мурд дар роҳи шараф,

Вой аз он хоин, ки дар сад ҷо пушаймон мурдааст.

Панҷшер ва Масъуди қаҳрамони он

Ҳазор қофила оҳи саҳар кунад шабгир,

Ки нолаам бирасонад  ба дарраи Панҷшер,

Дар он диёр, ки борад зи осмонаш хун.

Дар он диёр, ки рӯяд зи хоки он шамшер,

Дар он диёр, ки хуршед ҳар саҳар сояд .

Ҷабин ба хоки шаҳидони қаҳрамони далер,

Ситора шаб ба дили осмон шавад ларзон,

Чу бишнавад зи дили кӯҳ, наъраи такбир.

Ба ҷои хандаи маввоҷи руди он хезад,

Ба зарра, зарра ғиреви палангу ғурриши шер.

Дар он диёр, ки обаш ба заҳр гашта ъаҷан,

Дар он диёр, ки хокаш ба ашк гашта хамир.

Ба ҷои лола, ҷигарҳои доғдор кашад,

Мусавваре, ки кунад нақши он чаман тасвир.

Нигоҳи даҳр набинад дигар ба таърихаш,

Магар хате, ки ба теғу синон шуда таҳрир.

Ба санг-сангаш гӯй навишта ояти ҳақ,

Рақамтарози ҳақоиқ, ба хомаи тақдир.

Ба мавҷ-мавҷаш гӯӣ ниҳодааст зи фатҳ,

Сурудхони фалак, нағмаҳои рӯҳпазир.

Хушо ба сангари озодагон, ки онҷо нест,

Кулоҳдориву номи ҳумову номи сарир.

Сипоҳи обилапоён алам намуда баланд,

Ки ҳаст қофиласолорашон баширу назир.

Ягона пешрави корзори ботилу ҳақ,

Ки дасту пои ситамро кашида дар занҷир.

Сипоҳи миллати афғон сипоҳи Раҳмон аст,

Ки панҷа карда фурӯ дар гулӯи деви шарир.

Сипоҳи бараҳнапое, ки дар саро сари умр,

Намуда тар ба сафалина ҷом, нони шаъир.

Ба ҷои болиш, сар барниҳода бар сари санг,

Ба ҷои бистар, паҳлу ниҳода рӯи ҳасир.

Кунун нигар, ки зада саф миёни оташу хун,

Ба ҷанги душмани Аҳримани ҷаҳонтасхир.

Шунав зи сангари озодагон, ки меояд,

Садои нолаи душмангудози модари пир.

Ки бод бӯсаи гармам ҳаромат, эй фарзанд,

Агар ба хун накунӣ лолагун лаби шамшер.

Бубин бар он, ки хамида қадаш камоносо,

Ягона сарви равонаш ба хун фитода чу тир.

Ба ханда -бӯса занад бар ҷабинашу гӯяд,

Ки эй Худой! Ту ин армуғони ман биназир!

Чӣ духтарон, ки ба хун сурх карда зулфи сиёҳ,

Ба ҷои он, ки биёлоядаш ба мушку абир.

Чӣ кудакон, ки супурданд тан ба панҷаи марг,

Вале ҳанӯз лаби худ нашустаанд ба шир.

Чӣ маҳшараст, ки шуд он фазои нуронӣ,

Ба рӯзи равшан, дар чашмҳо сиёҳ чу қир.

Чӣ ваҳшат аст, ки карданд он сияҳкорон,

Ба заҳрҳои ҷигарсӯз, оби мо тахмир.

Дареғ, Кохи милал шуд яке қафас, ки дар он,

Маҳин фариштаи сулҳу адолат аст асир.

Худой дод башарро яке хуҷаста гуҳар,

Ки кардаанд ба озодиаш милал таъбир.

Худой кард иноят яке гуҳар ба ҷаҳон,

Ки кардаанд ба озодии башар тафсир.

Бубин, ки ин гуҳари покро чигуна шикаст,

Кулоҳдори Кремлин ба кубаи тазвир.

Чи доғи ор бувад бар ҷабини он давлат,

Ки гавҳари башариро чунин кунад таҳқир.

Ливои фахр баландаст аз ду Аҳмадшоҳ,

Сипоҳдори ҷавону ҷаҳонситони кабир.

Таҳияи Савлатшоҳи Мерган

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 25 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi