14:05:01 24-уми Апрели 2026 сол

Оид ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ форуми байналмилалӣ доир мешавад

Моҳи август дар шаҳрҳои Гулистон ва Хуҷанди вилояти Суғд дар мавзуи «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ» Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор мешавад.

2 sughd 656523451245Мақсади баргузории форум ташаккули платформаи муассири байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба ва таҳияи қарорҳои амалӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкории сармоягузорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии тиҷорат дар минтақаи Авруосиё мебошад.

Дар назар аст, ки дар форум беш аз 200 намояндаи мақомоти давлатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, намояндагони шарикони рушд ва коршиносони соҳавии байналмилалию миллӣ иштирок намоянд.

Инчунин дар доираи форум баргузор намудани намоишгоҳи EXPO – маҳсулоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ба имзорасонии санадҳои ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватанию хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ