Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад
Аз Ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ то имрӯз 50 тонна сабзавоти барвақтӣ ба Федератсияи Русия содирот гардидааст.
Сокинони Ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ дар қитъаҳои заминҳояшон бештар сабзавотӣ барвақтӣ парвариш намудаанд. Дар айни замон ҷамъоварии пиёзи баварқтӣ, картошка, гулкарам ва дигар навъи сабзавот идома дорад.
Сокини ин ҷамоат Аловуддин Алимардонов чанд сол аст, ки ба парвариши гулкарам машғул мебошад. Ӯ дар 18 садяк замини наздиҳавлигияш ҳамасола ин намуди сабзавоти барвақтиро кишт намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст меорад.
Имсол низ ӯ 8 ҳазор дона ниҳоли гулкарамро парвариш намудааст. Аз ҳосили рӯёнида як қисмашро ба Федератсияи Русия ва боқимондаашро ба бозорҳои истеъмолии мамлакат пешниҳод намуд.
Тавре Аловуддин Алимардонов иброз намуд, пеш аз кишти ин навъи сабзавот ба сифати тухмӣ аҳамият дода, беҳтаринашро интихоб менамояд.
«Дар моҳи декабр тухмиро дар гармхона парвариш карда, моҳи феврал ба замини омодакарда мегузаронем. Нигоҳубини саривақтӣ, додани ғизоҳои минералӣ ва дигар шаклҳои коркарди кишоварзӣ имконият медиҳанд, ки дар вақти муайяншуда ҳосили хубу фаровон ҷамъоварӣ карда шавад», — афзуд Аловуддин Алимардонов.
Дар айни замон сокинони ноҳия нақша доранд, ки заминро барои кишти такрорӣ ва маккаи дон омода карда, захираи хӯроки чорворо низ таҳия намоянд.
АМИТ «Ховар»
















