14:04:46 24-уми Апрели 2026 сол

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна

Ҷумҳурии Тоҷикистон созишҳоро вобаста ба оташбас, ки байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба даст омадаанд, бо хушнудӣ истиқбол менамояд.

1_vazorati_khorija_89564512455Умедворем, ки музокираҳои дар рӯзҳои наздик байни тарафҳои низоъ пешбинишуда ба сулҳи дарозмуддат ва ҳамаҷониба дар минтақа оварда мерасонанд.

Боварӣ дорем, ки ин низоъ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва идомаи он танҳо вазъи мураккаби Ховари Миёнаро боз ҳам сангинтар мегардонад ва ба ҳамаи кишварҳои минтақа зарари ҷиддӣ хоҳад расонд.

Тоҷикистон бори дигар аз тарафҳои низоъ даъват ба амал меорад, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашида, роҳҳои сиёсӣ-дипломатиро дар асоси меъёрҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ ва Низомномаи СММ ба кор гиранд.

mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ