17:15:37 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Аброр Назаров: Ягона донишгоҳи ман мактаби падарам Далер Назаров буд

Аброр Назаров, фарзанди овозхони шинохтаи тоҷик Далер Назаров, баъди 18 соли навозандагӣ ба овозхонӣ рӯ оварда, ҳоло дар шаҳри Алма-Ато дар садади таҳияи нахустин албоми таронаҳояш мебошад.

abror-nazarov-54874545Аброр Назаров дар Душанбе ба воя расида, дар Маскав зиндагӣ ва дар Алма-Ато кор мекунад. Ӯ, ки 31 сол дорад, то кунун дар гурӯҳҳои “Сарез”, “Зафар Банд” ва ҳамчунин ҳамроҳи падараш гитор менавохт. Вале ӯ билохира тасмим гирифт, ки овозхониро шурӯъ кунад ва дар як ҳафтаи охир ду таронаашро вориди бозор кард.

Таронаи “Ашки чашмот”, ки Аброр ба забони тоҷикӣ хондааст, рӯзи 23 сентябр, ва таронаи “Ҷаюн”, ки ӯҳамроҳ бо амакбачааш Парвиз Назаров ба забони шуғнӣ иҷро кардааст, рӯзи 27 сентябр нашр шуд.

Далер Назаров, фарзанди вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон Меҳрубон Назаров, дар ибтидои солҳои 80 пой ба саҳнаи эстрадаи тоҷик гузошт ва ба зудӣ унвони яке аз ситораҳои аввали кишварро ба даст овард. Далер Назаров ҳоло аз ҷумлаи ангуштшумор устодони соҳибмактаби эстрадаи миллӣ ба шумор меравад.

Писарамаки ӯ Парвиз Назаров низ касби овозхониро пеша карда, ҳоло аз хонандаҳои матраҳ дар Қазоқистон аст. Ҳамин тавр, ду фарзанди Далер Назаров – Аброр ва Меҳрубон – низ касби падарро интихоб кардаанд.

Сулолаҳои ҳунарӣ дар Тоҷикистон як анъанаи роиҷ аст. Маъруфтарин намунаҳояш Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед – духтарони овозхони шинохта Сурайёи Қосим, Нозия ва Муҳаммадрофеъи Кароматуллоҳ – фарзандони овозхони равоншод Кароматуллоҳи Қурбон, ғижжакнавози маъруф Мадвалӣ Исоев – писари Гулчеҳра Содиқова, Соҳибқирон (равонаш шод бод) ва Ҷовидони Нозим – фарзандони Зафари Нозим, фарзандон ваинак набераҳои Одинаи Ҳошим, Ҷонибек – писари Ҷӯрабеки Мурод ва Таҳмина Ниёзова – набераи Боймуҳаммад Ниёзов мебошанд.

Аброр Назаров, ки ҳоло роҳи падарро пеш гирифтааст, рӯзи 28 сентябр дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо мо гуфт, ӯ ягон маълумоти вижаи мусиқӣ надорад, балки ягона донишгоҳи зиндагиаш мактаби падараш Далер Назаров буд. Мактабе, ки ба гуфтаи Аброр, барои ӯ болотар аз тамоми донишгоҳҳои дунёст.

-“Ашки чашмот” ва “Ҷиюн” нахустин таронаҳои сабткардаи Шумост? Чун то ҷое медонем, то имрӯз бештар гитор менавохтед?

-Нахустин таронаҳо нестанд, чунки бо бародарам Парвиз таронаҳои зиёдеро ҳамроҳ сабт кардем ва хондем. Худам ҳам 6 ё 7 тарона дорам. “Ашки чашмот” аз албомест, ки ман ҳоло дар Алма-Ато рӯяш кор мекунам.

-Ин нахустин албоми таронаҳои Шумо хоҳад шуд?

-Бале, ин албоми аввалин аст.

-Номаш чист?

-Номаш феълан “Струны судбы», яъне «Торҳои тақдир» мебошад. Кори зиёде дар пеш аст ҳанӯз, чунки ман мехоҳам, ҳар як таронае, ки нашр мешавад, дигаргуна бошад, як зинапояе бошад, ки  як ҳиссиёти дигареро дар зеҳнҳо бедор кунад. Сабк, матн, мавҷ, ҳама чиз дар ҳар тарона дигаргуна бошад. Як тарона ба таронаи дигар аслан монанд нест. Ҳар кадомаш ранги дигар дорад, энержии дигар дорад, қиссаи дигар дорад, ишқи дигар дорад.

-Кай мебарояд ин албом?

-Худо хоҳад, баъди соли нав.

-Феълан дар Алома-Ато кору зиндагӣ мекунед?

-Пеш дар Душанбе зиндагӣ доштам. Алъон дар Маскав зиндагӣ мекунам. Дар Алма-Ато кор мекунам бо бародарам Парвиз ва бародари хурдиам Манучеҳр. Албоми аввали ман дар ҳамин Алма-Ато омода шуда истодааст.

-Далер Назаров чанд фарзанд дорад дар маҷмӯъ?

-Ман ҳастам, Даврон, Меҳрубон ва Нодирамоҳ.

-Ва аз ин миён кадоматон роҳи падарро пеш гирифтед?

-Ману Меҳрубон. Бародари дигари мо Даврон милиса аст.

-Дар Тоҷикистон?

-Бале, дар Тоҷикистон. Даврон ҳам овозхони хуб аст ва як диски таронаҳояшро ҳам сабт кардааст. Садои хуб ва истеъдоди хуб дорад, вале касби милисаро дӯст медорад. Ӯҳоло дар раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе кор мекунад ва корашро хуб иҷро мекунад.

-Хоҳаратон чӣ?

-Нодирамоҳ фарзанди хурдист дар хонадони мо. Ӯ тоза донишгоҳро хатм кард дар Алма-Ато ва ҳоло фикр мекунад, ки куҷо кор кунад.

-Мисли Шумо ҳунарманд шуданӣ нест?

-Не, аслан Завқи баланди мусиқӣ дорад, чунки аз хурди дар муҳити пур аз мусиқӣ ба воя расидааст. Завқи зебо дорад, мусиқиҳои хуберо барои гӯш кардан ба ман пешниҳод мекунад. Аммо каме равияи дигарро дар зиндагӣ интихоб кардааст. Хуб, ду бародар – ману Меҳрубон – ба ҳамин роҳ рафтем, бас аст, ба фикрам.

-Як вақт гуфта будед, ки падаратон Далер Назаров шуморо мисли кабӯтар дар зери болаш тарбия кард, вале дар масъалаи эҷодиёт бисёр сахтгир буд. Ба ҳадде ки мегуфт, агар чизе барои гуфтан надошта бошед, насароед. Ҳоло чигуна аст назари падар ба кори Шумо?

-Ман ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекардам, ҳамеша бо падар кор мекардам, бо ӯ менавохтам. Аммо Меҳрубон ҳамроҳи модар ва хоҳари хурдиамон дар Алма-Ато буд. Ва Меҳрубон худаш худро калон кард, худаш дӯстоне пайдо карду онҳоро бо асбоби мусиқӣ омӯхт кард ва гурӯҳи ҳунарӣ сохт бо номи “А-Лондон” ва ҳоло ба забони англисӣ тарона мехонад. Меҳрубон худаш худашро сохту ба саҳна баровард.

-Шумо чӣ?

-Ман дар ягон донишгоҳ таҳсил накардаам. Ягона донишгоҳи ман мактаби падарам буд, ки қиматаш бароям аз тамоми донишгоҳҳои дунё болотар аст. Бисёр вақт ман бо падар будам. Чунки ӯ дар Душанбе мезист ва ман ҳам бо ӯдар инҷо будам. Пайваста консертҳо медодем. Яъне дар таги болаш будам. Ва ҳар рӯзи будан бо падар мисли як мактаб буд барои ман. Ман худам мегуфтамаш, ки падар, ман мехоҳам гиторнавози аз ҳама хуб шавам. Ӯ, ки медид хоҳиши маро, сахтгирона назоратам мекард. Мегуфт, барои ин бояд сахт кор кунам.

Мегуфт, фикр накун, он навозандаҳое, ки дӯст медорӣ ва дар касби худ устод шудаанд, якбора аз модар таваллуд шудан замон гиторро гирифтанду якбора чунин хуб навохтанд, ба ин мартаба расидаанд. Ман аз 13-солагӣ, вақте гиторро ба даст гирифтам, мисли дигар ҳамсолонам вақти дискотекаву сайругашт рафтан надоштам. Ман гитор доштам ва медонистам, ки агар мехоҳам хуб навохтанро ёд бигирам, бояд заҳмат кашам.

Чунки ман медонистам, ки азбаски падари ман Далер Назаров аст, дар дӯши ман масъулияти азимтаре истодааст. Чунки ӯҳар коре ки то имрӯз кардааст, дар сатҳи хеле баланд иҷро кардааст ва вақте ман ба саҳна мебароям, ҳатман кунҷкобӣ зиёдтар хоҳад шуд, ки ку бубинем, аз дасти писари Далер чӣ меояд? Барои ҳамин, ман аз 13 то 25-солагиам аз гитор ҷудо нашудам. Шабҳоро дар студия рӯз мекардам, ки чизи наве биомӯзам.

-Дар ин байн ошиқҳам нашудед ягон бор?

авон будем, албатта, баъзан хун меҷӯшид, нигоҳҳар тараф мерафт.  Ман ҳам боре ба як духтар хеле меҳр бастам. Вале вақте ба падарам гуфтам, ӯ гуфт, гиторро мон. Пурсидам, барои чӣ? Гуфтам, тамом, ё духтар, ё гитор! Гуфт, мусиқӣ ду чиз надорад. Дигар намемонд, ки гиторро ба даст бигирам. Мегуфт, вақте фаҳмидӣ, ки дар дилат ғайри ишқи гитор дигар ишқе нест, танҳо он вақт ман бароят иҷозат медиҳам. Ман он вақт намефаҳмидам, ки суханонаш чӣ маъно доранд? Ҳоло, ки ба синни 31 расидаам, мефаҳмам, ки ҳар як ҳарфи ӯҳикмате доштааст ва аз меҳри падарии ӯ бармеомад. Одам вақте баркамол мешавад, баъд мефаҳмад, ки мусиқӣ чунин чизе аст, ки бояд худатро пурра ба он бисупорӣ.

-Шумо дар синни 31, баъди 18 сол собиқаи навозандагӣҷуръат ба овозхонӣ кардед. Сабаби чунин тӯл кашидани ин тасмим чӣ буд?

-Ба ман мегуфтанд, ки барои чӣ ту ба саҳна намебароӣ? Мегуфтам, чунки ман ҳанӯз намедонам, ки чӣ бихонам. Ту вақте ба саҳна мебароӣ, бояд чизе дошта бошӣ барои гуфтан ба мардум, қиссае дошта бошӣ, ки зиндагии мардумро каме ҳам бошад, дигар кунад. Мо фахр мекунем, ки Далер Назаров дорем, Давлатманд Холов дорем, даҳҳоустоди дигари ҳунар дорем, ки ҳар кадом нақши рангине аз худ боқӣ гузоштаанд. Вале ин нақши гузоштаи онҳо натиҷаи хуни ҷигарест, ки онҳо барои расидан ба чунин мартаба аз худ дареғ надоштаанд.

Инҳо ҳар кадом бо як миссия ба ин дунё омадаанд, ки бояд чизеро иваз кунанд ва ба ин мардуму ин ҷаҳон чизе бидиҳанд. Бо як супориш омадаанд инҳо ба ин дунё. Фақат ин ки ин споришро инҳо аз тариқи санъат ба мардум мерасонанд. Ба воситаи тору гитору овози худ. Агар ман фикри  пул мекардам, гапи дигар буд. Пул, албатта, муҳим аст. Пул набуд, нест ва ҳоло ҳам нест. Барои ман муҳим ин буд, ки ман ҳамту ба саҳна набароям.

Чизе бояд медоштам, ки ба мардум қисса кунам. Ин ҳама сурудҳое, ки ҳоло нашр шуданд, сурудҳоеянд, ки ман 10 сол, 12 сол мехондам барои ёру дӯстон, барои худам. Ҳар як суруд як қисса аст, ки солу солу солу сол дар дилам ҷамъ мешуд. Дар маҳфилҳо мехондам, вале ба саҳна намебаромадам. Ҳама мегуфтанд, ки баро, баро. Ҳоло ман ҳис мекунам, ки бояд хонам. Ҳис мекунам, ки вақти ман омад.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi