“ЗАБОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК – ЗАБОНИ ТОҶИКИСТ!”
Президенти АИ Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар ҷавоб ба онҳое, ки зарурияти забони миллӣ ва ҳуввияти миллиро дар давлати миллӣ нодида мегиранд.
Имрӯзҳо дар баъзе расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои бесарунӯг ва аслан бемаъние доман паҳн кардаанд ва ҳар кадом аз ашхоси гуногун дар дохил ва хориҷи кишварамон кӯшиш мекунад ба савол дар бораи он ки забони мардуми Тоҷикистон бояд чӣ ном дошта бошад, аз рӯи фаҳмиши худ посух бигӯяд. Дар ин бора – нигориши навбатии президенти Акдемияи илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод РАҲИМӢ: Ин нукта, ки забони миллӣ яке аз муҳимтарин намодҳои ҳастии миллат ва бунёдитарин унсури миллатсоз маҳсуб мешавад, ҷойи шакку шубҳа надорад. Аз ин аст, ки ҳар кадом давлати миллӣ ба сифати дастгоҳи ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ дар навбати аввал забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимояи ҳаматарафа қарор медиҳад. Забони давлатию расмии давлати миллии тоҷикон — Тоҷикистони азизи озоду соҳибистиқлол забони тоҷикист ва мақоми ҳуқуқии забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшану возеҳ таъйид шудааст.
Дар робита ба ин муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати мо забони тоҷикӣ дар ҳимояи давлат қарор дорад ва Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду таҳкими забони тоҷикӣ ва ҳамқадами замон гардидани он пайваста тадбирҳои судманд андешида, ин тадбирҳоро зина ба зина дар амал татбиқ менамоянд.
Гузашта аз ин, Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 сол муқаддам, яъне аз рӯзҳои аввали сарвари Тоҷикистон интихоб шуданашон забони тоҷикиро дар паноҳи давлати миллии тоҷикон ва давлати миллиро дар паноҳи забони тоҷикӣ эълон доштанд ва то ба имрӯз ин сиёсатро, ки ҳамсадои дили аксари мутлақи мардуми ин сарзамин аст, собитқадамона амалӣ менамоянд.
Аслан назари мухтасар ба решаи калимаи “тоҷик” ба сифати этноними таърихӣ нишон медиҳад, ки мафҳумҳои “халқ” ё “ миллати тоҷик” ва “забони тоҷикӣ” бо ҳам пайванди қавӣ ва иртиботи ногусастанӣ дошта, ин ҳар ду мафҳум решаву поя дар қаъри садсолаҳои пешин доранд.
Аз ин хотир дар ин мақола бо истинод ба бархе маъхазу сарчашмаҳои муътамад, ки дар ихтиёри мо қарор доранд, сухан дар хусуси ҳампайвандии мафҳумҳои “халқ” ё “миллати тоҷик” ва “забони тоҷикӣ” хоҳад рафт.
Таърихи инсоният шоҳиди он аст, ки забон, фарҳанг ва таърихи миллат бунёдитарин омилҳои мавҷудияти миллат буда, барои ташаккулу таҳаввули тамоми ҷабҳаҳои ҳастии он заминаи мусоид фароҳам меоваранд. Рушди устувори ҷомеа дар заминаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ бидуни арҷгузорӣ ба забону фарҳанг ва арзишҳои миллӣ имконнопазир аст.
Дар марҳилаи кунунии таърихӣ, ки миллати тоҷик таҳти роҳнамоӣ ва ҳидояти Пешвои муаззами худ барои эҳёи арзишҳои милливу таҳкими сохтори давлатдорӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми кишвар ҳамвора саъю талош меварзад, гиромӣ доштани забони тоҷикӣ амри бисёр муҳим ва воқеист Зеро дар кишвари мо танҳо ҳамин забон метавонад барои ҳамоҳангиву иттиҳоди миллат ҳамчун омили таъсиргузор маҳз бо ҳамин ном, яъне забони тоҷикӣ хидмати бештаре кунад.
Аҳёнан дар ҷомеаи мо баъзе афроди худогоҳу нохудогоҳ сару садо баланд мекунанд, ки гӯё мо – тоҷикон бо тоҷикӣ ном бурдани забони хеш дар роҳи дастрасӣ ва иртиботи худ ба осори хаттии ниёгон ва ҳамзабонони бурунмарзиамон монеа ба вуҷуд овардаем. Ин иддао ҷуз ҳангоматалабӣ чизи дигаре нест ва дар ин росто аслан ҳеҷ мушкилоте ҳам наметавонад вуҷуд дошта бошад. Феълан русҳо, беларусҳо ва украинҳо миллатҳои алоҳидаанд ва давлатҳои мустақили худро доранд, аммо новобаста ба он ҳар яке аз ин миллатҳо осори таърихиву фарҳангӣ ва хаттии Руси қадимро мероси муштараки худ медонанд. Ҳамчунин “Луғати турк”-и Маҳмуди Кошғариро, ки дар асри XI таълиф шудааст, тамоми миллатҳои туркизабон ҳамчун моликияти зеҳнии умумии худ эътироф кардаанд ва аз он ҳамчун меросдори ҳақиқӣ истифода мекунанд.
Дар хусуси аслу баромади калимаи “тоҷик” андешаҳо зиёданд. Бояд тазаккур дод, ки донишмандон ва муҳаққиқони зиёд, аз ҷумла, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, В. Бартолд, Е. Бертелс, И. Брагинский, Семёнов, Пантосов, Будаков, Вууд, Дай Лиёгард, Масалский, Юсний, Котриман, Ҳортман, Розенфелд, Шишов, Филд, Верешагин, Килимчатский, Берёзин, Родолф, Кримский, Андреев, Бабринский, Мюллер, Расторгуева, Вешнивский, Ово Сузӣ, Кротич, Зиёдонс, Аҳрор Мухторов, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Мансур Бобохонов, Саид Нафисӣ, Маликушшуарои Баҳор, Парвиз Нотили Хонларӣ, Муҳаммад Муин, Алиакбари Деҳхудо, Сайид Муҳаммад Дабири Сиёқӣ, Ҳимом, Эраҷи Афшори Сиистонӣ, Сайид Муҳаммадалии Саҷҷодия, Абдулғиёси Навбаҳор, Тӯрақул Зеҳнӣ, Алии Девонақул, Ҷалолиддини Сиддиқӣ, Маҳмуд ибни Валӣ, Абдулаҳмади Ҷовид, Ғулом Ҷелонӣ Доварӣ, Раҳим Масов, Акбар Турсун, Ғаффор Ашӯров, Мирзо Шукурзода, С. Назарзода, Т. Ваҳҳобов, А.Маҳмадов, С. Маҳдӣ, Ҳақназар Назаров, Иброҳими Усмон, Намоз Ҳотамов, Муҳтарам Ҳотам, Комил Бекзода, Д. Ҳомидов ва дигарон дар мавриди таърихи тоҷикон, инчунин маъно ва тобишҳои калимаи тоҷик, истифодаи он дар осори гузаштагон корҳои назаррас ва асарҳои ҷолибе навиштаанд.
Ҳамзамон дар фарҳангҳо, аз ҷумла, «Ғиёс-ул-луғот», «Латоиф-ул-луғот», «Нозим-ул-аитббо», «Анҷуманоро», «Онандроҷ», «Фарҳанги форсии Муин», «Луғатномаи Деҳхудо» ва ғайра калимаи тоҷик ва мафҳуми луғавии он мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Таҳлили пурраи ин пажӯҳишҳо нишон медиҳад, ки аксари донишмандон бо такя ба далелҳои раднопазир ба хулосае омадаанд, ки тоҷик қавми ғайриараб ва ғайритурк мебошад ва аслу насаби тоҷикон аз нажоди ориёӣ буда, маънои вожаи «тоҷик», ки аз ҷониби аксари муҳаққиқон ва донишмандон пазируфта шудааст, бо вожаи “тоҷ” иртибот доштани он, яъне ба маънии тоҷдор, тоҷвар, соҳибтоҷ маънӣ шудани вожаи тоҷик аст. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон низ дар бобати маънои калимаи “тоҷик” дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” чунин изҳори назар кардаанд: “Маънои калимаи «тоҷик», чунонки медонем, мардуми тоҷдор, наҷибу озода ва озодманиш аст. Ва номи имрӯзаи тоҷик ҳамчун муродифи номи этникии эрониёни кунунӣ ба ивази вожаи ориёӣ омадааст» (Эмомалӣ Раҳмон, “Тоҷикон дар оинаи таърих”. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён, саҳ 102.). Бинобар ин мо бояд ин маъноро, ки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, ҳамчун аксиома қабул намоем ва аз ин рӯ бояд ба эътибор гирифт, ки мафҳуми “забони тоҷикӣ” ба маънии забони қисмате аз мардуми ориёитабор аст.
Албатта, макон ва замони пайдоиши вожаи тоҷик ва решаёбии он аз мавзӯъҳои муҳими илмӣ аст. Дар гузашта дар бораи ин вожа аслан дар асоси манбаъҳои давраи исломӣ баҳс шудааст. Акнун бинобар кашф шудани осори давраи пеш аз исломӣ дар ин маврид маълумоти нав пешниҳод шудаанд, ки қадимияти вожаи «тоҷик», «тозик» ва забони «тоҷикӣ»-ро мушаххастар нишон медиҳанд.
Соли 2015 китоби олими Афғонистон Ғулом Ҷелонии Бохтарӣ бо номи «Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи «тозик» бар мабнои осори кашфшуда» ба чоп расидааст. Дар ин китоб бо такя ба се манбаи зерини таърихӣ исбот шудааст, ки вожаи «тозик», тоҷик» ва «забони тозикӣ» ҳанӯз дар давраи пеш аз ислом вуҷуд доштааст:
Аввалан, сангнавиштаи бохтарии Яковаланг дар вилояти Бомиёни Афғонистон мебошад ва ин сангнавишта дар соли 392 тақвими бохтарӣ (баробар ба 624 мелодӣ) бо фармони Алхис писари Хурос Хадевай Газон ба муносибати пирӯзӣ ва ё интихобаш ба ҳайси подшоҳи турк ва тозик (тоҷик) навишта шудааст. Таърихи кашфи ин сангнавишта соли 1996 мебошад. Бори нахуст Петер Шутики олмонӣ бо ҳамсар ва писараш, ки дар Бомиён ба хотири мубориза бо касалии сил қарор дошт, ин сангро кашф намудааст. Дар аввал навиштаи:
«topkoXapo (o) бо ta£ryoxapo»
«Torkoxaroodotazigoxaro»-ро
иштибоҳан М.Вилямсианглис «подшоҳитуркваподшоҳиараб» тарҷумакардааст. Ба бовари Доварӣ, ин «подшоҳи турк ва подшоҳи тозик» аст (Ниг.: Доварӣ Ғулом Ҷелонӣ. Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи «тозик» бар мабнои осори кашфшуда.Интишороти Бомиён, 2015., С.77).
Дувум, калимаи тозик (тоҷик) дар сиккаи аз як шоҳи Хуросон бо лақаби ифтихории «Қайсари Рум Худои бузург, шоҳи тозикон» дарёфтгардида омадааст.
Севум, дар порчае аз як нусхаи хаттӣ ба забони монавии портӣ, ки дар маҷмӯаи Турфон бо шумораи 339М дар Германия нигоҳдорӣ мешавад, ибораи «забони тожикӣ» омадааст. Ин нусхаи ноқис, ки матни он дастурамал барои ниёиш аст, бо номи «пар тожигона овок», яъне «ба забони тожикӣ» оғоз мешавад (Ниг.: Доварӣ Ғулом Ҷелонӣ. Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи «тозик» бар мабнои осори кашфшуда. Интишороти Бомиён, 2015., С.69.).
Мардуми тоҷик ё ба қавли устод Айнӣ “қавми муаззам” ё “қавми бузург”-и тоҷик аз ибтидои ташаккул ба сифати этнос бо озодагию сарфарозӣ ва далерию шуҷоати худ ном бароварда буд, ки байти зерини Амир Хусрави Деҳлавӣ ин гуфтаро бори дигар тасдиқ мекунад:
Тоҷики гарданкаши лашкаршикан,
Бештарӣ найзавару теғзан.
Мафҳуми “забони тоҷикӣ” низ дар робита ба вожаи “тоҷик” собиқаи бисёр деринаи таърихӣ дорад.
Муҳаққиқи олмонӣ Зандерман бар ин ақида аст, ки дар марҳилаи таҳаввули забони форсии миёна ба форсии нав вожаи “tajik” дар баробари вожаи «parsig» -форсии миёна ва «al-fahlaviya» (забони портӣ ё паҳлавӣ – забоне, ки дар панҷ минтақа: Исфаҳон, Рай, Ҳамадон, Маҳи Наҳованд ва Озарбойҷон бо он гуфтугӯ мекарданд) барои афроди ориёиасле тааллуқ мегирад, ки ба забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекарданд. Ӯ дар мавриди шарҳи ибораи “par tazigane awak”, ки дар нусхаи хаттии портӣ дарҷ шудааст ва ин нусха феълан дар Германия нигаҳдорӣ мешавад (чи тавре дар боло таъкид гардид), гуфтааст, ки мазмуни он “бо забони тоҷикӣ” суҳбат кардан аст. Дар матни ин навишта ба он ишора шудааст ки рӯҳониёни монавӣ ҳангоми ибодат бо забони тоҷикӣ ниёиш мекарданд. (Sundermann W. An early attestation of the name of the tajiks. Berlin, 1993.)
Чунонкибамушоҳидамерасад, дарибораи “партоҷиконаовок” калимаи “тоҷикона” бамаъниисифатиитоҷикӣистифодашудааст. Боядгуфт, кидарғазалиётиСаъдӣнизҳаминсифати “тоҷикона” бамаънииҳарчизимарғубуматлубимарбутбамардумитоҷикистифодагардидааст:
Рӯйи тоҷиконаат бинмой, то доғи ҳабаш
Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ кашад!
Муҳаққиқи рус А.Н.Кононов дар мавриди шарҳи як байти шоири уйғур Юсуфи Балосоғунӣ ба он ишора мекунад, ки дар асри XI таъбир ва мафҳуми “забони тоҷикӣ” вуҷуд доштааст. Юсуфи Балосоғунӣ дар асари худ “Кутадғу билик” (Илми саодатбахш), ки онро тақрибан соли 1070 навиштааст, мегӯяд: “Чунин китобҳои арзишманд ба забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ бисёр аст, аммо навиштаи мо ба забони уйғурӣ нахустин асар мебошад” (тарҷумаи таҳтуллафз).
Ҳамзамон мо далели дигаре низ дорем, ки дар он ибораи «бо забони тоҷикӣ» омадааст. Ин далел он аст, ки пажӯҳишгаре, чун академик А.П.Окладников, дар маҷмӯаи дастаҷамъии «Таърихи Сибир» («История Сибири», Наука, 1968, Т.1.С.150-151, С.288-290, С.376) бо истинод ба навиштаҷоти дар варақсанг сабтшуда таъкид медорад, ки «катиба дузабона буда, 10 сатри аввал бо забони арабӣ ҳаккокӣ шудааст, ду сатри охир – шеър бо забони тоҷикӣ аст». Тарзи навишт насх (настаълиқ) ва бо нақшу нигор буда, шакли варақсанг ёдгориҳои эпиграфии Самарқанд, асрҳои XII-XIII-ро ба ёд меорад.
Ғайр аз ин аломатҳои берунӣ монандии навиштаҷоти ин варақсанги ба истилоҳ «новосибирӣ»-ро басе варақсанги дар Самарқанд дарёфтшуда бо забони тоҷикӣ исбот менамоянд. Варақсанги якум (№309) ба моҳи шаввали 576 соли христианӣ (яъне марти соли 1181) рост меояд. Дар варақсанги дигар (№281) танҳо ду рақам – 5 ва 7 нигаҳдорӣ шудаанд. Ин катибаро ба солҳои 1174-1183 мансуб донистан мумкин аст. Катибаи ин варақсанг бо чаҳор матни шеърҳо бо забони тоҷикӣ анҷом меёбад, ки аз онҳо ду сатри аввал бо катибаи новосибирӣ мувофиқат мекунанд. Варақсанги сеюм (№295) ба соли 584 соли христианӣ (1188- 1189) рост меояд. Тавре мебинем, матни шеърҳои тоҷикӣ дар се варақсанги самарқандӣ ва новосибирӣ қариб ба ҳамон як вақт – чаҳоряки охири асри XII мансуб аст. Бинобар ин, дар ин давра шеърҳо ба забони тоҷикӣ – муроҷиати солим ба марҳум ҳамчун дуо барои оромии рӯҳи ӯ, шакли маъмулии катибанависӣ дар минтақаи васеъ – аз Осиёи Марказӣ то Сибир будааст.
Бо назардошти арзёбии андешаҳои муддаиёне, ки ҷонибдори “форсӣ” номгузорӣ шудани забони тоҷикӣ мебошанд, метавон дарёфт, ки онҳо бо ин ҳуҷуми худ ба яке аз бунёдитарин арзишҳои миллӣ, аслан ҳадафҳои пардапӯши сиёсиро пайгирӣ мекунанд.
Зеро, зери суол гузоштани арзишҳои миллӣ яке аз роҳҳои тафриқаангезӣ ва тира кардани фазои ақидатии ҷомеа аст, ки ба таври ҳадафмандона аз тарафи шахсони муайян ба хотири барҳам задани низому ҳамоҳангии иҷтимоӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Боиси таассуф аст, ки тӯли солҳои охир ба таври мунтазам ва барномавӣ на фақат аз тарафи баъзе неруҳои тафриқаангези бурунмарзӣ, балки ҳатто аз сӯйи иддае аз шаҳрвандони кишвар низ, ки ба таври огоҳона бо арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ ҷанги сард эълон кардаанд, ҳуҷумҳои паёпайи ғоявӣ сурат мегиранд.
Ин ҳуҷуми ғоявӣ, ки бо корбурди шеваҳои мухталиф роҳандозӣ мешавад, ҳадафи тасхири ҷабҳаҳои арзишӣ ва муқаддасоти ҷомеаи моро дорад. Масалан чанд сол аст, ки дар байни мардум шӯру овоза паҳн карда мешавад, ки гӯё гузоштани номи миллӣ ба фарзандон амри носавобест. Таҳти таъсири ин гуна талқинҳо муддати тӯлонӣ дар ҷомеаи мо на фақат гузоштани номҳои миллӣ ба навзодон коҳиш ёфт, балки ҳатто баъзе бузургсолон номҳои миллии худро бо номҳои арабиву ибрӣ иваз намуданд. Ин гуна зуҳуротро набояд амри тасодуфӣ пиндошт ва бо он нашояд муносибати бетарафона дошт. Чунин аъмол, бидуни шубҳа аз ҷониби таблиғгарони он ҳадафмандона ва ғаразмандона сурат мегиранд. Яке аз асоситарин ҳадафҳои ин гуна аъмоли номатлуб коҳиш додани эътимоди мардум ба арзишҳои миллӣ ва суст кардани суръати ташаккули ҳувияти миллист.
Ҷонибдорони “форсӣ” номгузорӣ шудани забони тоҷикӣ иддао доранд, ки мардуми тоҷик забони худро на тоҷикӣ, балки форсӣ бояд номгузорӣ кунанд. Суоле ба миён меояд, ки ҳадафи онҳо аз чунин масъалагузорӣ чист?
Агар ҳадаф ин аст, ки макони пайдоиши забони мо сарзамини Форс асту дар иртибот ба ин забони мо ҳам бояд “форсӣ” унвон гирад, пас бояд муддаиён на бо суханбозиву муҳокимарониҳои омиёна, балки бо далелҳои асосноку раднопазири илмиву таърихӣ ва мадорики муътамади забоншиносӣ ин иддаои худро ба исбот расонанд. Аммо дар иртибот ба ин, бо камоли эҳтиром ба арзи онҳо мерасонем, ки заҳмат кашидан дар ҷодаи мазкур барояшон натиҷаи матлуб нахоҳад дод, зеро масъалаи макони пайдоиши забони форсӣ на фақат аз ҷониби забоншиносону шарқшиносони ғарбӣ, балки ҳатто аз ҷониби донишмандони маъруфи муосири ориёиасл, аз ҷумла, Ибни Муқаффаъ, Носири Хусрав, Маликушшуаро Баҳор, Саид Нафисӣ, Забеҳулло Сафо, Абдулҳай Ҳабибӣ, Муҳаммад Ҳусайни Ямин ва дигарон, ки умри худро дар пайи пажӯҳишу омӯзиши таърихи мардуми ориёиасл сарф кардаанд, ба таври муътамад арзёбӣ ва таҳқиқ шудааст. Ин донишмандон ва даҳҳо донишмандони дигари ориёиаслу аврупоӣ бо истинод ба маъхазҳои боэътимоди таърихӣ исбот кардаанд, ки гаҳвораи забони кунунии мардумони ориёиасл на Эрони Ғарбӣ, балки маҳз қисмати шимолу шарқии Ориёнои таърихӣ, яъне сарзаминҳои Суғду Бохтар будааст.
Шоир ва муҳаққиқи маъруф Маликушшуаро Баҳор дар хусуси осори суғдии аз Турфон ва дигар мавзеъҳои Туркистони Чин, ба дастомада чунин мегӯяд: “ин оёт ва ашъори пора-пора… ба таърихи татаввури забони порсӣ ёрии бузурге карда, бисёре аз луғатҳои форсиро, ки бо луғоти Авесто ва форсии бостонӣ ва паҳлавӣ аз як ҷинс, вале ба дигар лаҳҷа аст ба мо вонамуд месозад ва бунёди қадими забони суғдӣ, ва балки решаву пояи забони ширини “дарӣ”-ро, ки забони Фирдавсӣ ва Саъдист, маълум медорад”(Муҳаммадтақии Баҳор. Сабкшиносӣ. Ҷ.I. Теҳрон, 1373. С. 18).
Доктор Парвиз Нотилии Хонларӣ дар робита ба минтақаи ривоҷу равнақи забони имрӯзаи қавмҳои ориёитабор чунин гуфтааст: “Минтақаи ривоҷу равнақи форсии дарӣ, чунонки медонем, ибтидо дар машриқ ва шимолу шарқии Эрон (манзур Ориёнои таърихӣ аст) буд ва бештари суханварону нависандагони ориёинажод, ки ному осорашон боқӣ мондааст, то аҳди тохтутози муғул аз мардуми ин қисмати кишвар буданд, ки дар дастгоҳи амирон ва бузургони Саффориву Сомонӣ ва Ғазнавию Салҷуқӣ ба сар мебурданд. Шоироне, ки ашъорашон ба шоҳиди луғати маҷҳур дар “Луғати Фурс”-и Асадӣ омадааст, ғолибан ба яке аз шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Ҳирот, Балх, Марв, Тӯс, Сарахс, Сиистон, ё шаҳрҳои дуртари шимолу шарқи Эрон ва ободиҳои дигари Хуросон мансуб ҳастанд”(Парвиз Хонларӣ, Теҳрон, 1382. С. 9).
Ин донишманд нақши забони суғдиро дар пайдоиш ва ташаккули забоне, ки баъдан бо сабабҳои муайян “порсӣ” (шакли арабиаш “форсӣ”) номида шуд, хеле таъсиргузор донистааст.
Пажӯҳишгарони афғонӣ доктор Муҳаммад Ҳусайни Ямин ва Яъқуби Ясно бар он назаранд, ки: “Форсӣ, форсии дарӣ, порсии дарӣ танҳо номест, ки ба забони пас аз исломи мардумони эронитабор итлоқ мешуд ва қабл аз ин мо забоне дар байни ақвоми ориёӣ бо номи “форсӣ” надоштем”.
Забоншиносону донишмандони шинохтаи ғарбиву шарқӣ на фақат гаҳвораи пайдоиши забони форсии дарӣ, ки онро ба истилоҳ “форсии нав” низ мегӯянд, балки макони пайдоиши забонҳои ба истилоҳ “форсии миёна”(дар асл паҳлавӣ ё портӣ), форсии бостон ва забони авастоиро низ минтақаи шимолу шарқи Ориёно, яъне Ориёвиҷ медонанд. Дар ин бора масалан, Яъқуби Ясно гуфтааст, ки: “Забони авастоӣ дар марҳилаи куҳан, забони портӣ дар давраи миёна ва порсии дарӣ дар давраи муосир мавқеияти меҳвариро дар байни забонҳои ориёӣ дошта ва мавқеияти ҷуғрофиёии ин се забони умда дар шарқ буда ва сипас ба саросари Ориёно ва ба вижа ба ғарб (аз ҷумла ба Форс) густариш ёфтааст”.
Бо дастрасӣ ба маъхазҳои қадимтарине, ки дар бораи пайдоиш ва густариши забони кунунии мардумони ориёиасл маълумоти муътамад медиҳад, метавон дақиқан дарёфт, ки корбурди вожаи “порсӣ” ва ё “форсӣ” нисбат ба ин забон аслан дуруст нест, зеро дар марҳилаи аввали ташаккули ин забон, ки онро “дарӣ” мегуфтаанд, забонҳои дигари эронӣ аз ҷумла, паҳлавӣ, хузӣ ва порсӣ низ ҳамчун забонҳои гуногун ва аз якдигар тафовутдошта дар баробари забони дарӣ вуҷуд доштаанд. Яке аз қадимтарин ахборе, ки дар бораи забони дарӣ дорем, қавли донишманди машҳур Рӯзбеҳ пури Додвайҳ маъруф ба Абумуҳаммад Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ (таваллуд: соли 104 ,қатл: соли 142 ҳиҷрӣ) аст, ки ӯ ҳамчун ватанпарасти асил барои эҳёи таъриху фарҳанги ориёӣ дар муҳити арабгароӣ(панарабизм)-и асри VIII хидматҳои бузурге анҷом додаву дар ин роҳ ҷон бохтааст. Ибни Надим дар китоби “Ал-феҳраст” дар ин бора нигоштааст: “Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ гӯяд: забонҳои форсӣ (манзур ориёӣ) иборатанд аз забонҳои паҳлавӣ ва дарӣ ва форсӣ ва хузӣ ва сурёнӣ. Фаҳлавӣ мансуб аст ба Фаҳла, ки панҷ шаҳр аст ва он Исфаҳон ва Рай ва Ҳамадон ва Моҳнаҳованд ва Озарбойҷон аст. Ва аммо дарӣ забони шаҳрҳои Мадоин (Тайсафун) буд ва дарбориён ба он сухан мегуфтанд ва мансуб ба даргоҳи подшоҳӣ аст ва аз миёни забонҳои мардуми Хуросон ва Ховар … буд. Ва аммо форсӣ забони мӯбадон ва донишмандон ва монанди онон буд ва он забони мардуми Форс аст…”(Ибни Надим. Ал-феҳраст., С.113, тарҷумаи форсӣ аз Ризо Таҷаддуд, Теҳрон, 1343).
Аз маънии ин ёддошт ба таври ошкор метавон дарёфт, ки дар он замон забони порсӣ ва забони дарӣ на фақат ду номи як забон набудааст, балки онҳо аз ҳамдигар тафовут дошта, ҳар яке аз лиҳози ҷуғрофӣ ва иҷтимоӣ минтақаи нуфуз ва корбурди худро доштаанд.
Ҳамчунин лозим ба таъкид аст, ки Ибни Муқаффаъ худ аҳли Форс буд, аз ин рӯмакони пайдоиши забони дарӣ, ки баъдан “забони форсӣ” ном гирифт, агар дар воқеъ Форс мебуд, ӯҳаргиз ин маъниро инкор намекард.
Нахустин шоироне, ки ба ин забони мо шеър гуфтаанд, маҳз аз қисмати шарқии Ориёно зуҳур кардаанд. Абӯҳафси Суғдӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Робиаи Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Дақиқии Самарқандӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва даҳҳо шоирони дигари шарқи Ориёно аз зумраи аввалин шоироне ҳастанд, ки ба ин забон ашъори баландпоя ва мондагор эҷод кардаанд.
Лозим ба таъкид аст, ки ин забон дар Ориёнои Шарқӣ фақат дар сатҳи дарбор ва табақаи ашроф роиҷ набуд. Он забоне буд, ки ба тадриҷ ва ба таври табиӣ аз мазраи зеҳни мардуми ориёии ин диёр рӯида буд ва сипас дар фазои мусоиди андешаи ориёитаборон нашъунамо карда, берунтар аз ин фазо низ густариш ёфт. Дар “Таърихи Табарӣ” дар бораи ҳуҷуми ҳокими Балх – Асад ибни Абдуллоҳ дар соли 730-и мелодӣ (108-и ҳиҷрӣ) ба Хатлон ишора шудааст. Табарӣ мегӯяд, ки Асад ибни Абдуллоҳ баъди шикаст хӯрдан дар Хатлон ба Балх бармегардад ва кӯдакону наврасони Балх аз пирӯзии бародарони хатлонӣ ва шикасти лашкари араб хурсандӣ карда, дар кӯчаҳо ин шеърро, ки аз қадимтарин ашъори халқии ба забони тоҷикӣ сурудашуда аст, замзама мекарданд:
Аз Хуталон омадиҳ,
Ба рӯ табоҳ омадиҳ,
Овор боз омадиҳ,
Хашак низор омадиҳ.
Ин гуна намунаҳои куҳантарин ва нахустини матнҳоро ба забони содаву равони тоҷикӣ, ки аз Ориёнои Шарқӣ, яъне ҳавзаи Мовароуннаҳру Хуросон дастрас шудааст, оё дар Форс ва умуман Эрони Ғарбӣ метавон пайдо кард? Ҳамчунин бояд пурсид, ки чӣ тавр аввалин намунаҳову нишонаҳои забони “форсӣ” дар Мовароуннаҳру Балху Бохтар зоҳир мешудаасту дар гаҳвораи забони “форсӣ”, яъне Форс не?
Аксари донишмандон ва муҳаққиқоне, ки доир ба ташаккул ва таҳаввули забонҳои қавмҳои ориёиасл таҳқиқоту пажӯҳиш анҷом додаанд, бар он назаранд, ки раванди пайдоиш ва густариши забони тоҷикӣ на баъди истилои араб, балки пеш аз аз он шурӯъ шудааст.
Агарчи гаҳвораи забони мо будани Ориёнои шарқӣ, яъне Мовароуннаҳру Хуросон аз дидгоҳи илмӣ амре мусаллам аст, аммо дар робита ба “форсӣ” ном гирифтани забони кунунӣ ва ҳатто забонҳои бостонии мардуми ориёӣ суоли мантиқие метавонад ба вуҷуд ояд, ки агар ин забон дар минтақаи Форс зуҳур накарда бошад, пас барои чӣ он маҳз “порсӣ” ном гирифт ва бо ин ном густариш ва шуҳрат ёфт?
Аз таърихи дунёи қадим мо медонем, ки Форс бо зуҳури ду хонадони маъруф, аввалан Ҳахоманишиён дар асри VI пеш аз мелод ва баъдан Сосониён дар асри III мелодӣ меҳвари ҷаҳондавлат(империя)-ҳои абарқудрати қавмҳои ориёитабор буд. Мавқеъ ва ҷойгоҳи таърихии Форс ва империяҳои ҷаҳонии ориёӣ дар дунёи қадим он қадар бузург буд, ки дар тӯли беш аз ҳазор соли минбаъда низ қисме аз сарзамини ориёитаборонро бо номи Форс мешинохтанд. Танҳо дар нимаи аввали асри 20 ин ном ҳамчун мафҳуми сиёсиву маъмурии сатҳи байналмилалӣ бо номи Эрон (ба маънии сарзамини ориёиҳо) иваз карда шуд.
Дар робита ба чунин ҷойгоҳ ва нақши муҳимми сиёсии Форс, ки дар таърихи қавмҳои ориёӣ дошт, роиҷ шуда буд, ки ба тамоми унсурҳои таърихиву фарҳангии умумиориёӣ ва ё умумиэронӣ “форсӣ” унвон дода шавад. Барои чунин тарзи пешниҳод ва пазириш ҳам тарзи бинишу тафаккури дохилӣ омода буд ва ҳам дидгоҳи дар тӯли таърих шаклгирифтаи хориҷиён мусоидат мекард. Аз ин буд, ки таърихи эронитаборон таърихи Форс ва забони онҳо забони форсӣ ном гирифт.
Маҳз таъсири ин омил ва чунин дидгоҳу биниши дохиливу тарзи пазириши хориҷӣ буд, ки ҳанӯз аз замони густариш ёфтани ин забон то асри XIX онро ҳамчун арзиши умумиориёӣ аслан “порсӣ”, “форсӣ” ва “форсии дарӣ” мегуфтанд.
Омили дигаре, ки ба корбурди вожаҳои “порсӣ”, “форсӣ” ва “форсии дарӣ” нисбат ба ин забон мусоидат кард, марбут ба ҷойгоҳу нуфузи забони мазкур дар дарбори Сосонӣ ва густариши он дар пойтахт ва тавасути пойтахти Сосониён — шаҳри Тайсафун (Мадоин) буд, ки дар ин бора қаблан ба қавли Ибни Муқаффаъ ишора карда будем. Ҳанӯз аз ҳамон замон ин шеваи забони мардуми ориёитабор бинобар шевоиву асолат ва қобили фаҳми аксари ақвоми ориётабори замони хеш будан аз ҷониби нухбагони ҷомеаи Сосонӣ ба ҳайси забони миёнҷӣ ва умумии ин мардум баргузида шуда буд. Чунин ҷойгоҳи меҳварӣ пайдо кардани ин забон дар давлати Форс низ боис шуд, ки ба он унвони “форсӣ” дода шавад.
На танҳо аз ибтидои асри XIX корбурди вожаи “тоҷикӣ” ҳамчун номи забони модарии мо дар баъзе аз тазкираҳо ва маъхазҳои таърихӣ дучор мешавад, балки чи тавре дар боло ишора намудем дар маҷмӯаи Турфон бо шумораи 339М, ки дар Олмон нигоҳдорӣ мешавад он бо номи «пар тожигона овок», яъне «ба забони тожикӣ» оғоз мешавад (Ниг.: Доварӣ Ғулом Ҷелонӣ. Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи «тозик» бар мабнои осори кашфшуда.Интишороти Бомиён, 2015., С.69.) ва ин худ далели муътамадест, ки мафҳуми забони тоҷикӣ баробар бо пайдоиши вожаи «тоҷик» арзи ҳастӣ намудааст.
Донишманди Афғонистон Абулаҳмади Ҷовид дар истинод ба “Сафарнома”-и Мир Иззатуллоҳи Ҳиндӣ (соли 1813) ишора кардааст, ки забони аҳли шаҳри Қӯқон (Хуқанд)-ро дар он замон “тоҷикӣ” мегуфтанд. Ҳамчунин дар тазкираи Афзал Махдумии Пирмасти Бухороӣ (асри XIX) ин вожа ба маънии забон мавриди корбурд қарор гирифтааст (Абулаҳмади Ҷовид.Сухане чанд дар бораи тоҷикон //Тоҷикон дар масири таърих. -Теҳрон, 1385. С.269).
Бинобар ин андешаҳои баъзе муҳаққиқонро, ки пайдоиш ва корбурди ибораи “забони тоҷикӣ”-ро маҳз сохтаи зеҳни русҳо ва бахусус болшевикон дар аввали асри XX медонанд, наметавон пазируфт.
Масъала ин нест, ки дар шинохти асолати забонӣ фақат аз вожаи “форсӣ” мадад ҷӯем, хоса дар мавриде, ки ин вожа аз лиҳози воқеияти таърихӣ ва инъикоси марҳилаҳои ташаккулу таҳаввули забони мо, чунонки аз гузориши боло маълум шуд, гузинае бидуни баҳс нест ва дар қиёс ба мафҳумҳои дигари ҳаммаънои худ чун “дарӣ” ва “тоҷикӣ” авлавияти мутлақ надорад.
Феълан на танҳо авзои замониву маконӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва ба вижа манофеи миллӣ, балки пажӯҳишҳои илмии муҳаққиқони дохилию хориҷӣ тақозо мекунанд, ки мо нисбат ба забони миллии худ мафҳуми дар тӯли асрҳо таҳаввулёфтаи “забони тоҷикӣ”-ро корбаст намоем.
Дар шароити кунунии таърихӣ бурди мо ва тамоми мардуми ориётабор ин аст, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда муваффақ шудем, ки дар гӯшае аз ҷуғрофияи густурдаи Ориёвиҷи таърихии аз ҳам фурӯпошида давлати миллие бо номи Тоҷикистон таъсис намоем. Мавҷудияти давлати миллӣ ҳамчун дастгоҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ тақозо мекунад, ки забони миллие бо номи забони тоҷикӣ ва ҳувияти миллие бо унвони ҳувияти тоҷикӣ дошта бошем.
Тоҷикӣ ном бурдани забон ва ҳар арзишу муқаддасоти ин миллат на тафриқаангезӣ ва гусастан аз асли хеш, балки арҷгузорӣ ва эҳёи забону тамаддуни дерин ва фарҳанги асили аҷдодии мост.
Фарҳод РАҲИМӢ, академик,
президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
АМИТ «Ховар»