05:08:10 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Омӯзгору олиме, ки Худоӣ буд

Моҳи сентябри соли 1969 буд. Ба синфхонае, ки донишҷӯёни гуруҳ «Б»-и соли аввали таҳсили факултаи филологияи тоҷик дарс мехонданд, декани факулта марҳум Воҳидҷон Асрорӣ бо як нафар устоди барои ҳамаамон ношинос ворид шуданд. Ҳамаи сӣ нафар аҳли гуруҳ аз ҷойҳоямон хестему посухи салом додем. Устод Воҳидҷон Асрорӣ ҳамроҳашонро ба мо нишон дода гуфтанд:

0.tarikhi-adabiyoti-tojik 6

-Шинос шавед, ин кас устоди кафедраи адабиёти классикии тоҷик Худоӣ Шарифов. Куратори шумо таъйин шудаанд. Куратор, яъне раҳбари синфатон. Аниқтараш падари маънавиатон. Ҳар саволу мушкиле, ки пеши шумо пайдо шавад, ба устод Худоӣ Шарифов муроҷиат кунед. Худоӣ Шарифов яке аз беҳтарин шогирдони мудири кафедраи адабиёти классикӣ, профессор, устод Шарифҷон Ҳусейнзода ҳастанд. Дар ҳаллу фасли он мушкилот ҳатман кӯмакатон хоҳанд кард. Шумо дар мактаби миёна омӯхтани адабиёти классикиро аз китоби профессор Шарифҷон Ҳусейнзода «Адабиёти тоҷик барои синфи ҳашт» оғоз кардаед. Акнун   яке аз беҳтарин шогирдони ин олими бузург раҳбари синфатон мешавад. Бачаҳои хушбахт ҳастед! Барори кор!

Бале, дар ҳақиқат, мо хушбахттарин инсонҳое будем, ки Худованди бузург Худоии Шарифзодаро дар он сине, ки ҳар як инсон, ба хусус донишҷӯ, ки дур аз муҳити хонавода ба воя мерасаду ба ҳидоятгаре муҳтоҷ аст, сазовор шуморад то раҳбари гуруҳи мо бошанд. Тӯли панҷ соли таҳсил дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон он кас ҳамеша маслиҳатчиву мушовиру ҳидоятгари мо буданд. Фақат панду насиҳат мекарданд. Боре ҳам бо тундиву садои баланд сухангӯии ӯро нашунида будем. Ҳамеша ҳалиму хоксор буданд ва ҳамин гуна дар ёди мо мондад. Дар ҳақиқат, бе муболиға, он кас падари маънавии мо буданд. Ҳамин раҳнамоиву ҳидоятҳои он кас дар тӯли панҷ сол буд, ки аз гуруҳи «Б»-и мо, се доктори илмҳои филологӣ: дӯстони азизи мо Азимҷон Аминов, Толиб Ваҳҳобов ва Туғрал Шокиров, сафи олимони пешқадами илми муосири тоҷикро пурратар карданд ва имрӯз ҳам дар хидмати халқу Ватан роҳи пуранвору пуршебу фарози устоди гиромиро идома дода истодаанд. Маҳз аз ҳамин гуруҳ дар оянда   шодравон Муҳаммадзамони Солеҳ, нависандаи навоваре арзи вуҷуд кард, ки номи ӯ дар таърихи адабиёти муосири тоҷик ҳамчун нависандаи дорои сабку услуби ба худ хос бо осори мондагораш то абад боқӣ хоҳад монд. Дар ташаккули ин шахсиятҳо саҳми устод Худоӣ Шарифзода хеле бузург мебошад.

Бандаи камтарин баъди хатми Донишгоҳ, бо вуҷуди доштани ду даъватнома барои кор кардан дар пойтахт: яке аз сектори фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи устод Рӯдакии АИ ва дигаре аз шуъбаи адабии Телевизиони Тоҷикистон бо сабабҳои хуб набудани вазъи оилавӣ ба деҳа баргаштам. Чаҳор сол муаллими забон ва адабиёт, муовини директори мактаби деҳаамон шуда кор кардам. Раҳбарияти маорифи ноҳия баъди чор соли фаъолияти меҳнатиам мехостанд дар яке аз мактабҳои ҳамсоя директорам таъин кунанд. Бо ҳамин мақсад маро ба курси баландбардории ихтисос ба маркази вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа фиристоданд. Дар он ҷо баъди навиштани иншое, ки бо хоҳиши Раиси ба тозагӣ таъиншудаи Кумитаи Радио ва телевизиони вилояти Қӯрғонтеппа шодравон Иноят Ҳикоятов сурат гирифта будааст, бандаро ба кор ба ҳайси хабарнигор ба ин Радиои навташкили вилоят даъват карданд. Камина чун аз хурдӣ орзуи рӯзноманигор шуданро доштам, бо хурсандӣ розӣ шудам. Зеро вазъи хонаводагиамон низ ба ин кор акнун мусоидат мекард. Ин моҳи июли соли 1978 буд. Нахустин раҳбари Кумитаи радио ва телевизиони вилоят марҳум Иноят Ҳикоятов, ки қаблан сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» буданд, як мутахассиси варзидаи соҳаи журналистикаи тоҷик ба шумор мерафтанд. Шогирдони хуби зиёдеро тарбия намудаанд. Руҳашон шоду хонаи охираташон обод бод. Баъдҳо он кас дар яке аз суҳбатҳояшон гуфтанд, ки як сабаби дигари шуморо ба кор даъват карданамон инчунин тавсияи профессор Худоӣ Шарифзода, олими адабиётшиноси маъруфи тоҷик низ буд, ки шуморо хуб мешинохтаанд. Он кас дӯсти даврони кӯдакиям ҳастанд, гуфтанд Ҳикоятов. Банда ба он хотир ин лаҳзаро ба ёд овардам, ки он як гардиши муҳиме дар ҳаёти шахсии ман гардид. Ва чуноне, ки аз гапи шодравон Иноят Ҳикоятов бармеояд, ниҳоли орзуи маро бехабар аз худи ман устод Худоӣ Шарифзода об дода будаанд. Бояд возеҳ созам, ки устод Худоӣ Шарифзодаро банда пас аз хатми Донишгоҳ танҳо баъд аз 25 сол вохӯрдам ва мулоқот кардам. Вақте фаҳмидам устод навиштаҳои шогирдонаи бандаро низ аз саҳифаҳои нашрияҳо мутолиа мекардаанд, хеле хурсанд шудаму сарам ба осмон расид. Ба хусус дар бораи китоби «Бурхи валӣ дӯсти Худо» андешаҳои муфидеро бароям арза доштанд, ки Худо хоста бошад, дар нашри минбаъдаи он аз онҳо истифода хоҳам бурд. Бисёр мехостам дар бораашон матлабе бинависам. Мутаассифона, имрӯзу фардо мекардам. Моҳи майи соли 2017 аз идораи ҳафтаномаи «Озодагон» ба ман занг зада нуқтаи назарамро ҳамчун коршинос оиди саволи «Киро бояд академик интихоб кунем?» пурсиданд. Пеш аз ҳама ба ёдам устоди гиромиям Худоӣ Шарифзода омаданд. Дар посух матлаби зеринро ба идораи ҳафтаномаи «Озодагон» ирсол кардам ва он 18-уми май чоп шуд:

2 omuzgor-985654452121

«Дар байни олимони адабиётшиноси тоҷик олиме, ки кайҳо ин унвонро бояд сазовор мешуд, албатта устод профессор Худоӣ Шарифзода ҳастанд. Профессор Худоӣ Шарифзода яке аз сермаҳсултарин ва дар хориҷ аз кишвар яке аз маъруфтарин донишмандони ин соҳаи илми Тоҷикистони азиз мебошанд. Заҳматҳои устодро дар   кишварҳои ҳамзабон қадрдонӣ намудаанд. Осорашро донишмандони соҳаи адабиёти ин кишварҳо пайваста меомӯзанд ва дар корҳои илмии худ аз онҳо ҳамеша истифода мебаранд. Тадқиқоти нодири ахири устод «Шоҳнома» ва шеъри замони Фирдавсӣ»-ро   олимони ҳамзабон ҳамчун як кашфиёте дар «Шоҳномашиносӣ» эътироф карда, устодро сазовори ҷоизаи Бунёди байналмилалии Саъдӣ донистанд. Ман гуфтаниям, ки устодро хеле пештар аз мо ҳамчун «академисян» дар кишварҳои ҳамзабон ва натанҳо ҳамзабон, балки олимони шарқшиноси кишварҳои ғарб низ мешиносанд ва эътироф мекунанд. Агар Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон   ин навбат устод Худоӣ Шарифзодаро ба ҳайси академик эътироф кунад, ин иқдом маънои дар як кори хеле муҳим аз суи ин ниҳоди илмӣ риоя шудани инсоф ва адолатро нишон хоҳад дод».

Хушбахтона, дар баробари як қатор олимони шинохта ва маъруфи кишвар устод Худоӣ Шарифзода низ узви вобастаи АИ ҶТ интихоб шуданд. Вале, мутаассифона, марг амон надод, ки дар зери мақолаву навиштаҳои пурарзиши баъдинаашон унвони ба тозагӣ гирифтаашонро онҳо бинависанду мо бихонем. Албатта манзурам дар ин ҷо муҳим зикри унвони касбнамудаашон нест, муҳим амалӣ нашуда мондани нақшаҳои ҷолибу нодири устоди бузургворанд. Ӯ олиме буд, ки бо маргаш оламеро бо худ бурд.

Бирафт аз садафи хок гавҳаре берун,

Ки халқро садафи дида гашт пургавҳар.

Худо хоста бошад дар бораи устод Худоӣ Шарифзода гуфтаниҳои зиёде дорам ва дар оянда хоҳам гуфт. Вале як умр дар дили ман ин доғ, ин ғусса хоҳад монд, ки аввалин навиштаам дар бораи устоди бузургворам ин гузорише аз ҷанозаи ӯ буд…

Султони Ҳамад

Бознашр аз китоби «Нақши ӯ дар синаву дар ёдҳост», Душанбе, нашриёти «Сино», 2018, саҳ. 42-45

Маросими видоъ бо профессор Худоӣ Шариф



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi