Шаби шеъри Адиба дар Чойхонаи Роҳат
Шоми гузашта дар Чойхонаи Роҳат шаби шеъри Адибаи Азиз баргузор шуд. Аслан ин муаррифии китоби тозанашри Адиба бо номи “Кӯчаҳои Порис” буд, вале дар маҳфил шоираи хушбаён ашъорашро қироат кард, дӯстон, устодон, аз ҷумла донишманди шинохта Ҷӯрабек Назрӣ дар атрофи шеъраш баҳс карданд.
Шаби шеъри Адиба бо дастгирии Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон барпо шуд ва ҳузури мақомдорони ин Сафорат ба нишаст нури дигар мебахшид. Кулли суханрониҳо ҳамвора аз тоҷикиву форсӣ ба фаронсавӣ ва аз фаронсавӣ ба тоҷикӣ тарҷума мешуданд.
Китоб ҳам бо кумаки Сафарати Фаронса дар Тоҷикистон ба теъдоди 500 ва ороиши ҷолебе рӯйи чоп омадааст. Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар сарсухани ҷолибе ба китоб навишта, ки ин ҷо меорем.
Адиба, ки аз дӯстону иродатмандони устод Султони Ҳамад аст, зимни ёдоварӣ аз марҳум пешниҳод кард, ки барои журналистони ҳақгӯву шуҷоъ, муҳаққиқони заҳматкаш ва зиёиёни меҳандӯст ҷоизаи Султони Ҳамад таъсис дода шавад.
Шақоиқҳои ваҳшӣ
Адибаи Азиз, шоираи ҷавон, боистеъдод ва ошиқи зиндагӣ, ошиқи баҳору шақоиқҳои ваҳшӣ ва мафтуни садбаргҳои арғувонист.
Адиба зонуи орзуро ба оғӯш гирифта, хаёлан ба саёҳат баромаданро дӯст медорад, он ҳангом, ки дар шаҳрҳои ноошно барои шабаҳи овораи худ сарпаноҳи муваққатӣ меҷӯяд. Ва вожаҳо ҳамроҳи ӯ ба сафар мебароянд, ба ҳам бармехӯранду ба рақс меоянд. Шоир дилбохтаи зиндагист. Ишқи ӯро ба зиндагӣ аз дурдонаҳои дурахшони назмаш, ки саршори шайдоию ошуфтагӣ ва асроромезу ҳаяҷонангезанд, дармеёбем. Ба рағми ҳар иттифоқе, ки аз сари қаҳрамононаш мегузарад, ӯ ба лабханди малеҳ аз ишқи худ ба мо қиссаҳо мехонад.
Адибаи Азиз хеле зуд ба сурудани шеър оғоз кард. Дар маҷмӯаи мазкур, ки мо ба камоли майл нашр мекунем, шоир озод ва бебакона дар шаклҳои суннатӣ ва шеъри модерну сафед моро шефтаи офаридаҳояш месозад. Бону ҳароина аз ишқ мегӯяд, аз оворагардиҳо ба танҳоӣ дар кӯчаҳои Порис ҳарф мезанад ва ҳамзамон орзуҳои ширину тахайюлоти рангини хешро бо ҳазорон ранг дар тоблуи шеър наққошӣ мекунад.
Орзу айб нест, он хоси тамоми инсонҳост ва мо ба ҳастии шоирон ниёз дорем, то зиндагии мамлу аз орзуҳои ширине ба сар бибарем. Маҳз шоироне, ки осорашонро фаро мегирем, гоҳе худро ҳамранги парандаи дарёии захмин «Албастрос»-и Бодлер гумшуда эҳсос мекунанд. Ва ин ҷониб дар сарнавишти эшон масъулияти бузурге ба дӯш дорем. Ҳеч муҳим нест, ки мо дӯсташон бидорем ё ҷаҳоне аз ҷаҳони ба мо бас дуру ғарибаи ононро дарк намоем ва ё хонандаи ҳамешагии ашъорашон бошем.
Мо бояд дасти шоиронро бигирему дар қалби шаҳрҳо чун нигин ҷойгоҳашон бибахшем ва ба гӯши оламиён бирасонем, ки бидуни шоирон мо наметавонистем, ба ин мақому мартабаи кунуниямон бирасем.
Хонум Ясмин Гуедар,
Сафири Фаронса дар Тоҷикистон