14:59:32 07-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ЁДАТ БА ХАЙР, ХОНАИ ОХИРАТАТ ОБОД ВАЛИҶОН!

Инак ту ҳам рафтӣ. Як ҷавонмарди беозор, донишманд, саропо меҳр! Магар ду-се рӯз шуда буд, ки дида будам ё пештар? Дақиқ ёдам нест.

valijon bayoni 12212145Ҳоло як чиро медонам: замони дигар ғуссаҳои бе ту буданро ҳам бояд таҳаммул кунем. Бори сангини зиндагиро бо ними тан мекашид, Валиҷон. Ҳар субҳ ба Китобхонаи миллӣ мешитофт, ки соатҳое бо хонандагон бошад, барои фарзандонаш буридаи беминнати нон ёбад.

Чанде пештар пешам омад. Гуфт, ака хеле хаста шудам. Ҷойе мехоҳам бемағал бошад. Танҳоӣ мехоҳам, ҳаддиақал утоқи корие, ки бо нафаре нишаста бошам, на бо одамони зиёд, ки дигар сар бардошти шӯру мағалро надорад.

Ва ҳоло ба ёдам он суҳбати хеле кутоҳ расид. Хастагии рӯҳӣ дошт...Мехост танҲо бошад, ки эҷод кунад. Валиҷон эҷодкор буд, муаллифи чанд китоб ҳам ҳаст. Солҳо дар рӯзномаҳои кишвар кор кард, охирин ҷойи кораш то омадан ба Китобхонаи миллӣ "Ҷавонони Тоҷикистон" буд (агар хато накунам).

Ашк гулӯгирам мекнуад, наметавонам сатре беш аз ин бинвисам...

Дардеву дареғо, ки ӯ низ рафт ба дидори Офаридгораш.

Таҳаммул боядамон бо дардҳои бе ӯ будан.

Хонаи охиратат ободу маконат Фирдаси барин бод, бародар, ҳамкор, ҳамқалами азиз! БОЗГАШТИ ҲАМА БА СӮИ ӮСТ!!!

Бобоҷони ШАФЕЪ

КИТОБХОНАИ МИЛЛӣ ВА ФАРҲАНГУ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

(Суҳбат бо муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов)

- Китоб чист ва нақши ин сарвати беназири фарҳангию иттилооттӣ дар ҳаёти маънавии мардум, бавижа наврасону ҷавонон чӣ гуна аст?

suhbati valijon 54895656- Китобу китобхона шиносномаи донишу андеша ва тамаддуни миллатҳо буда, таърихи он ба тараққиёти хат, забон, адабиёт ва илму фарҳанг алоқаи зич дорад. Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз лиҳоз, мардуми олам бо арзи муҳаббату эҳтиром китобҳо, ганҷинаи маънавии ниёгонро дар хазинаҳои миллии хеш ҳифзу нигаҳдорӣ мекунанд, то наслҳои имрӯз ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.

Мардуми фарҳангпарвар ва ҳунардӯсти тоҷик дар эҷоди китобу китобхона миёни миллатҳо пешсафу пешрафта ба шумор меравад. Ин миллат дар ҳама давру замон рӯи дасташ китоб буд. Кору рӯзгорашро бо мутолиаи китоб рангу бори маънавӣ мебахшид. Аҳамияти китоб, бахусус дар тарбияву ҳидоят ва ташаккули шахсияти насли наврасу ҷавон бениҳоят бузург аст. Ин маъниро Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо зикр кардаанд. Аз ҷумла, соли 2007 дар Паёмашон гуфта буданд, ки: «Табъу нашри китоб ва масъалаи таблиғи китобхонӣ таваҷҷуҳи ҷиддиро талаб мекунад. Китобхонӣ ҷузъи муҳими тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст».

Нақш ва мақоми китоб ҳамчун сарчашмаи муҳими маънавию фарҳангӣ баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрӯза пайваста боло меравад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумӯи соҳаи китобу китобдорӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи ин анъана - эҳтироми китобу китобхонӣ корҳои шоёне анҷом дода шудааст, ки бузургтарини онҳо бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ мебошад.

- Мақоми Китобхонаи миллиро дар фазои фарҳангиву адабии кишвар ва нақши онро дар баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеаву рушди худшиносии мардум чӣ гуна арзёбӣ мекунед?  

- Китобхонаи миллии Тоҷикистон то имрӯз ҳамчун як боргоҳои бузурги илму маърифат ва рукни беназири фарҳанги миллӣ дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва рушди худшиносии мардум нақши босазо мебозад.

Имрӯз ин боргоҳи азими таъриху фарҳанг, ки рисолати аслиаш ҷамъоварию нигоҳдорӣ, коркард, дастраснамоӣ ба сарчашмаҳои иттилоотии гуногун, расонидани хадамоти китобдорию иттилоотӣ, боло бурдани завқи худшиносию худогоҳӣ ва тарғиби ахлоқи ҳамида мебошад, дар дили хонандагон, бавижа наврасону ҷавонон ҳамчун макони муқаддас маъво гирифтааст.

Сатҳи баланди хизматрасонӣ, харидории адабиёти зарурӣ ва роҳандозии технологияи муосир дар Китобхона боиси рӯз аз рӯз афзудани деъдоди хонандаҳо гардидааст. Ҳар рӯз беш аз 1575 ва дар нуҳи моҳи соли ҷорӣ беш аз 314813 нафар хонанда ба Китобхонаи миллӣ ташриф меоранд, ки теъдоди бештари онҳоро наврасону ҷавонон ташкил медиҳад. Хонандагон аз толорҳои хониши анъанавӣ, соҳавӣ, кӯдакона, электронии бо адабиёти фаннӣ ва компютерҳои бо шабакаи Интернет пайвастшуда муҷаҳҳаз ва дигар шароиту имконоти зарурӣ пурсамар истифода мебаранд. Кормандони шуъбаҳо ва марказҳои Китобхона бо муносибату муоширати самимона эҳтиёҷоти онҳоро сари вақт қонеъ мегардонанд.

Аз ибтидои соли 2014 сомонаи Китобхонаи миллӣ www.kmt.tj фаъолият мекунад, ки ҳамарӯза зиёда аз 1500 ва дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 301890 нафар бо истифода аз он аз навгониҳои соҳаи китобдорӣ баҳравар мегарданд.

Китобхонаи миллӣ танҳо макони нигоҳдошти китоб набуда, балки як маркази илмӣ-маърифатӣ мебошад. Зеро дар ин кохи бегазанд дар баробари китоб боз рӯзномаву маҷалла, дигар маводҳои чопӣ ва диску фиттаҳо аз осори савтии кинову театр, суруду мусиқӣ ва осори рассомӣ ё наққошии ҳунармандони тоҷик ҳифзу нигоҳдорӣ мешавад. Бо ин раванд, мо метавонем осори таърихию фарҳангии худро аз нестшавӣ эмин дорем ва Китобхонаро ба марказе мубаддал созем, ки оянда барои насли нав манбаи шинохти миллат бошад. Имрӯз сарватҳои фарҳангию дастхатҳои нодиртарини миллати мо дар саросари ҷаҳон парешонанд, зеро дар давраҳои таърихӣ юришҳои ғосибонаи аҷнабиён ба мероси фарҳангии мо газанди зиёде расонд. Имрӯз Китобхонаи миллӣ то қадри имкон ин осори парешони миллатро ҷамъоварӣ ва ба соҳибони худ муаррифӣ менамояд. Пас, шоиста ба зикр аст, ки Пешвои миллат бо бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон фарҳангу тамаддуни миллатро умри дубора бахшиданд.

КИТОБХОНАҲО АЗ СИЁСАТИ ҶАМЪОВАРИИ АСНОД БА СИЁСАТИ ПАЖӯҲИШИ ОН ТАБДИЛ МЕШАВАНД

- Зимни суханрониҳои мутахассисону донишмандони соҳа зарурати таъсиси китобхонаҳои электронӣ ва нақши муҳими онҳо бештар зикр мешавад. Шумо роҷеъ ба ин масъала чӣ гуна фикру андеша доред?

- Албатта, дар шароити имрӯза, ки ҳама гуна иттилоъ мавқеъ ва арзиши хосро дорост, мутахассисони соҳахои гуногуни хоҷагии халқ истифодабарии техникаву технологияи муосирро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои хеш хеле муҳим ва саривақтӣ мешуморанд. Технологияи муосир имкон медиҳад, ки коркард ва паҳннамоии босифати иттилоъ бо суръати хеле баланд анҷом ёфта, ба ин васила истифодабарандагон ба маълумоти зарурӣ дар муддати хеле кӯтоҳ даст ёбанд.

Табиист, ки китобхона дар баробари дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ ҳамчун маркази муҳими иттилоотрасонӣ аз ин раванд наметавонад дар канор бошад, пас он бояд ҳадафу самтҳои фаъолияташро ба эҳтиёҷоти ҷомеаи иттилоотӣ созгор намояд. Гузариш аз шаклҳо ва услубҳои анъанавии иттилоотрасонӣ ба шаклҳои муосир, барои китобхонаҳо дар ҷумҳурӣ ногузир аст. Бо арзи вуҷуд кардани китобхонаҳои электронӣ дар баробари китобхонаҳои анъанавӣ, дар самтҳои гуногуни фаъолияти онҳо, аз ҷумла коркард, таҳияи феҳристи электронӣ, таҳияи маводҳои гуногуни библиографӣ ва махсусан хизматрасонӣ ба хонандагон, тағийроти куллӣ ба амал омад.

Китобхонаи электронӣ низоми нави дастёбӣ ба захираҳои иттилоотӣ буда, ба самаранокии хизматрасонӣ дар ин самт мусоидат менамояд ва дар баробари китобхонаи анъанавӣ ба равндҳои хониш ва хадамоти китобдорӣ таъсири мусбат мерасонад.

Дар шароити имрӯз яке аз хусусият ва навгонии китобхонаҳо фаъолият бо технологияи суннатӣ ва технологияи коммкникатсионӣ-иттилоотӣ мебошад. Дар фаъолияти як қатор китобхонаҳои оммавии Тоҷикистон барномаҳои махсуси китобдорӣ, аз ҷумла «Ирбис» ва «Алеф» истифода бурда мешавад. Дар Китохонаи миллӣ ҳам, низоми нави худкори раванди китобдорӣ-иттилоотӣ дар асоси яке аз барномаҳои дар соҳаи китобдории ҷаҳонӣ санҷидашуда «ALEPH» (Алеф) ба роҳ монда шудааст, ки ин барномаи аз ду қисм иборат буда, барои кормандон ва хонандагон таъин шудааст.

Истифодаи технологияи нави иттилоотӣ дар таҷрибаи Китобхонаи миллӣ ба вусъатбахшии барномавӣ, хизматрасонии китобдорӣ мусоидат намуда, барои истифодабарандагон шароитҳои зарурӣ муҳайё сохт.

Имрӯз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дорои шароит ва имконоти хуби техникию технологӣ мебошад. Имкон дорад, ки дар ҷумҳурӣ шабакаи ягонаи иттилоотии электрониро созмон дода, дар ҳалли мушкилоти техникию технологӣ ва ҳуқуқӣ ба корхонаю муассисоти марбута мадад расонад.

- Агар китобхонаҳои электронӣ таъсис ёбанд, фаъолият ва мақому манзалати китобхонаҳои анъанавӣ коста мешавад ё баръакс? Умуман, таъсири ин ду шакли китобхона ё тарзи китобнигоҳдорӣ дар ҷараёни фаъолият ба якдигар чӣ гуна хоҳад буд?

- Бо ҷорӣ гардидани истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ, ки ба таҳияи нашрҳои электронӣ машғуланд, китобҳои суннатӣ низ вуҷуд дошта метавонанд. Мавҷудияти захираҳои электронӣ ва китобҳои китобхона ҳоло солҳои тӯлонӣ давом мекунад, вале баъзе мушкилиҳоро ба амал меоварад. Технологияи иттилоотӣ фаъолияти аслии китобхонаҳоро дигаргун намекунад. Баръакс, онҳо барои ташаккули воқеии системаи китобхонаҳо кӯмак менамоянд ва дар натиҷа фаъолияти онҳо хусусияти махсусро мегирад. Пеш аз ҳама мушкилии таъмини аснод ба амал омаданаш мумкин аст. Китобхонаҳо ба тариқи мунтазам дискҳои фишурда (компакт-диск)-ро мегиранд, ки дар натиҷа теъдоди аслии қобили хондан ба тариқи технологияи нав меафзояд. Технологияи нав таъмини пурраи системаро иваз мекунад. Китобхонаҳо акнун аз сиёсати ҷамъоварии аснод ба сиёсати пажӯҳиши он табдил мешаванд ва бештар нақши мутобиқгардониро дар ташаккули маҷмӯаи китобхонаҳо мебозанд. Ба ишораи муҳаққиқон ва масъулини китобхонаҳо истифодаи шабакаи компютерӣ ба чунин навъи китобхонаҳо имкон медиҳад, ки на танҳо дар маҷмӯаи худ кули асноди мавҷударо ҷамъоварӣ кунанд, балкӣ ба пойгоҳҳи иттилоотии китобхонаҳои дигар такя намоянд. Чунин фаъолият танҳо ба китобхонаҳои оммавӣ хосанд. Ин китобхонаҳо бояд маҷмӯаи мӯътабари худро дар ташкили китобхонаи электронӣ ва барандаҳои иттилоотӣ, сомонаҳо ва ғайраҳо ворид созанд. Дар ин маврид, таҳияи феҳристҳои электронӣ низ, пеш меоянд. Китобхонаҳои оммавӣ метавонанд дар асоси ташкили шуъбаи автоматикунонии фаъолияти худро ба роҳ андозанд. Дар реҷаи автоматикунонии равандҳои асосии китобхона: фароҳамоварии китобу матбуоти даврӣ, ҳисоби нашрияҳои воридгардида ба китобхона, танзими аснод аз назари фаннӣ, таҳияи феҳристҳои электронӣ, ташкили пойгоҳҳои электронии иттилоотӣ ва картотекаҳои электронии хонандагон, ба роҳ мондани омори хонандагон ва ғайра дохил мешаванд.

Дар раванди истифодаи технологияи иттилоотӣ эътибори китобхона ба унвони маркази иттилоотӣ дар ҷодаи бозори иттилоотӣ меафзояд. Хонандагон озодона дар реҷаи онлайн ба манобеи иттилоотии дигар китобхонаҳои кишвар ва ҷаҳон ворид мешаванд, ки чунин роҳ танҳо ба шакли электронӣ ҳаллу фасл мегардад. Чунин муносибат имкон медиҳад, ки барои ба маркази иттилоотию фарҳангӣ табдил додани китобхона, барои худомӯзӣ, дастрасии иттилооти зарурӣ, тарбияи зебоипарастӣ шароит фароҳам ояд.

Хуллас, таъсиси китобхонаҳои электронӣ зарур ва ногузир аст.

- Муносибату муҳаббати наврасону ҷавонони даврони Истиқлолро ба китобхонаву китобхонӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед. Имрӯз талабу дархости хонандаҳои китобхона ба кадом китобҳо бештар аст?

- Хонандаи имрӯз хонандаи солҳои пеш нест. Хонандае ҳаст, ки ба ҳама чиз эрод мегирад. Ҳам ба муоширату дониши китобдор ва ҳам ба офаридаи эҷодкор. Барои қаноатманд намудани эҳтиёҷоти хонандаи имрӯз бояд китобҳое нашр ва тавсия шаванд, ки дар баланд гардидани завқ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ нақш бозида тавонад. Агар имрӯз аз рӯи дархости хонандагон назар афканем, асосан адабиёти фаннӣ, соҳавӣ, аз ҷумла тиббӣ, илмҳои дақиқ, матбуоти даврӣ ва маводҳои электронӣ бештар дархост шуда, таваҷҷуҳ ба осори бадеӣ нисбатан камтар ба назар мерасад. Хонандаи имрӯз ба адабиёти классикии тоҷику форс, махсусан ба осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Мавлавиву Ҷомӣ, Бедилу Аҳмади Дониш мароқи зиёд зоҳир менамояд. Вобаста ба адбиёти бадеии даврони шуравӣ бештар дархост аз тарафи наврасону ҷавонон ба осори Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Лоиқ Шералӣ, Кароматулло Мирзо, Нуъмон Розиқ, Бобо Ҳоҷӣ, Наримон Бақозода ва дигарон ба назар мерасад. Наврасону ҷавонон дар ҷустуҷӯи китобҳои эшон ба китобхона омада, аз китобдорон дарёфти онҳоро хоҳиш менамоянд. Воқеан, китоби хуб ба тарғиб ниёз надорад, хонанда онро бе ягон маслиҳат, бе ягон таърифу тавсиф мехонад. Зимни мутолиа, тавре дар боло баён доштем, худ арзиши онро дарк нмуда баҳогузорӣ менамояд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки хонандаи имрӯзи китобхона бештар ташнаи адабиёти соҳавӣ ва ҳам адабиёти бадеӣ мебошад. Адибоне, ки ба арсаи адабиёти бадеӣ қадам мондаанд, мисли шахсиятҳои дар боло номбаршуда асарҳои хубу замонавӣ офаранд, чунки ташаккули шахсияти ояндаи ҷомеа аз овони хурдсоливу наврасии онҳо оғоз мешавад. Барои кӯдакону наврасон бояд китобҳое нашр шаванд, ки сифати хуби полиграфӣ ва ороишӣ дошта, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ бошанд.

Бояд зикр кард, ки фаъолияти китобхона-муассисаи фарҳангии иттилоотиро бе ҷалби наврасону ҷонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз наврасону ҷавонон метавонанд дар мувофиқу мутобиқ сохтани фаъолияти китобхонаҳо саҳмгузор бошанд. Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид «ҷавононро ояндаи миллат ва ҷомеа»номида, барои гулгулшукуфоии сарзамини аҷдодиамон ва ҷалби онҳо дар ин амали созанда чунин маслиҳат додаанд: «Аз ҳоло онҳоро ба созандагӣ бояд таблиғ намуд, зеро фардо дер мешавад».

«ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД, КИ ДАР КИТОБХОНА КИТОБ НЕСТ...?»

- Доир ба ба вазъи китобхонаҳои музофотҳо, камубуду пешравиҳои онҳо ва таваҷҷуҳу китобхонии наврасону ҷавонони деҳотӣ чӣ гуфта метавонед?

- Имрӯз дар самти фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои истифодабарандагони китобхонаҳо ҷиҳати дастёбии озодона ба захираҳои иттилоотӣ, ки аз талаботи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бармеояд, тамоми китобхонаҳои вилоятӣ ва марказии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо технологияи муосири иттилоотӣ таъмин гардида, ҷараёни компютеркунонӣ ва пайвастшавии онҳо бо шабакаи глобалии Интернет идома дорад.

Дар фаъолияти баъзе китобхонаҳо як қатор пешравиҳо дар самтҳои пуррагардонии фонди китобӣ бо адабиёти тозанашр, истифодаи технологияи муосир дар баъзе самтҳои фаъолият, таъсиси китобхонаҳои электронии дохилӣ, обунашавӣ ба матбуоти даврӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, иштирок дар семинарҳо ва конференсияҳо ба чашм мерасанд. Аммо дар аксари китобхонаҳои ин низом мушкилоти зиёде мавҷуд аст.      

Китобхонаи миллӣ ҳамчун маркази илмию таҳқиқотӣ ва методӣ дар соҳаи китобдорӣ вазифадор аст, ки дар идора ба танзими фаъолияти китобдорӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар рушди минбаъдаи соҳаи китобдорӣ, ба ҳамаи китобхонаҳои кишвар ёрии амалӣ ва методии худро расонад.

Сафарҳои кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои расонидани ёрии методӣ ва баргузории курсҳои кӯтоҳмуддати сайёр нишон дод, ки бештари кормандони китобхонаҳо дорои маълумоти ғайритахассус ва ба талаботи имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ набуда, аз функсияҳо ва вазифаҳои имрӯзаи соҳаи китобдорӣ ва тарзи истифодаи технология огоҳӣ надоранд.

Дар бештари китобхонаҳо барои харидории адабиёти тозанашр, мизу курсиҳо, таҷҳизоти техникӣ маблағҳои ночиз ва умуман ҷудо карда намешаванд. Хазинаи аксари китобхонаҳо куҳна буда, бештарашон китобҳои солҳои 70-80-уми асри ХХ-ро дар бар мегирад, ки мазмунан куҳна шудаанд.

Китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ ва мактабӣ дар ҷумҳурӣ пеш аз ҳама аз нарасидани кадрҳои баландихтисос, китобҳои тозанашр, таҷҳизоти замонавии иттилоотӣ, маблағҳои кам барои харидории парки технологии китобхонаҳо, набудани мустақилияти маблағгузорӣ (дар китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ), ҷавобгӯ набудани пояи моддӣ-техникии китобхона, набудани лабораторияҳои тармиму таъмири китобҳо, танқисӣ мекашанд.

- Барои рафъи ин камбудиҳо ва ба талаботи истифодабаранда ҷавобгӯ будани китобхонаҳо ҳамчун мутахассис чӣ маслиҳат медиҳед?

- Барои он ки китобхонаҳо ба талаботи истифодабаранда ҷавобгӯ бошанд, зарур аст, ки ба онҳо ҳуқуқи истиқлолияти буҷетӣ дода шавад, ба китобхонаҳо бештар мутахассисони дорои маълумоти олии соҳавӣ ҷалб карда шавад, кормандони китобхонаҳо аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаронида шаванд, китобхонаҳо бо технологияи муосир таъмин ва ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст карда шаванд, ҳар китобхона дорои суроғаи электронии худ бошад, дар назди китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ китобхонаҳои электронӣ таъсис дода шавад.

Мушоҳидаи солҳои охир нишон медиҳад, ки хонанда ба китобхонаи оммавӣ ташриф меоварад ва аз набудани китоб ё иттилооти зарурии хеш нороҳат гашта, мегӯяд: «Ин чӣ маъно дорад, ки дар китобхона китоб нест?». Бале, мутаассифона, нест. Мо ҳам мехостем, ки онро дошта бошем. Маҳз чунин вазъият водор месозад, ки масъулин роҳҳои беҳбудии онро биҷӯянд, наҷоти онро дар тафаккури хеш бипарваранд. Вориди Интернет ба китобхонаҳо худ як инқолобест дар фаъолиятионҳо. Интернет, ки он ба унвони шабакаи глобалӣ ёд мешавад, яке аз бузургтарин шабакаҳои компютерии ҷаҳон мебошад. Барои ба низоми Интернет ворид гардидан, қаблан корҳои зиёдеро бояд анҷом дод.

Имрӯз барои китобхонаҳо фароҳамоварӣ, хостагирӣ ва коркарди адабиёт, истифодаи навгониҳо дар равандҳои хизматрасонӣ ва пеш аз ҳама истифодаи технологияи муосир барои сари вақт қонеъ намудани эҳтиёҷоти гуногуни истифодабарандагон ва ба навтарин дастовардҳои илмию фарҳангӣ ошно намудани онҳо, масъалаҳои асосӣ ва мавриди таваҷҷуҳ мебошанд.

Имрӯз дар назди китобхонаҳо боз вазифаҳои нав гузошта мешавад ва онҳо дар радифи иҷрои дархостҳои истифодабарандагон боз муваззаф шудаанд,ки ҳамчун марказҳои фароҳамоварӣ ҳифзу нигоҳдорӣ, коркард ва тарғибу ташвиқи манбаҳои электронии иттилоотӣ ба хонандагони маҷозӣ (виртуалӣ) хизмат расонанд ва бо дарназардошти вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ ва рақобат бо дигар воситаҳои нави коммуникатсионӣ услубҳои наву самарабахши хадамоти китобдориро мавриди истифода қарор диҳанд.

- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш зарурати беҳтар гардонидани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла китобхонаҳо ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси ин соҳаро таъкид карда буданд. Роҷеъ ба ин масъала ва раванди татбиқи он чӣ гуфта метавонед, ҳамчун мутахассис кадом роҳу усулҳои беҳтарину босамари тарбия ва тайёр намудани мутахассисони хуби соҳаи китобдориро тавсия медиҳед?

- Бале, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш вобаста ба масъалаи нарасидани кадрҳои соҳаи фарҳанг, махсусан дар соҳаи киобдорӣ, зарурати омода ва таҳия намудан кадрҳо ба сохтору ташкилотҳои Вазорати фарҳанги кишвар, вазифаҳои мушаххас доданд.

Имрӯз сиёсати кадрии соҳаи китобдорӣ омода намудани мутахассисони вобаста ба талаботи замон ҷавобгӯро тақозо мекунад. Китобхонаҳои муосир ба мутахассисони касбӣ ниёзи бештар доранд, зеро эҳтиёҷоти ҷомеа босуръат ва зуд тағийр меёбад, воридшавии технологияи муосир ва пайдо шудани барандаҳои нави иттилоотӣ, омилҳои муҳими он ба ҳисоб мераванд. Дуруст аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ норасогии кадрҳои соҳаи китобдорӣ ҳалли худро ёфта истодааст, вале масъалаи ғайритахассус фаъолият намудани аксари кормандони китобхонаҳо ҳанӯз ҳам боқӣ мемонад. Сатҳи саводнокии аксари кормандони китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ хеле фарқ мекунад, ки ин боиси нигаронист. Ин вазъ дар китобхонаҳои мактабӣ ва соҳавӣ боз ҳам мураккабтар аст.

Имрӯз муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии соҳаи китобдории ҷумҳурӣ дар тайёр намудани мутахассисон барои китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ ба қадри имкон саҳм мегузоранд, аммо бо ин тарз ва бо ин теъдод омода намудани кадрҳову дар солҳои наздик таъмин намудани китобхонаҳо, ғайри имкон аст.

Тахассусҳое, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ омода мекунанд, бояд ба талаботи ҷомеаи имрӯз мутобиқ ва ҳамоҳанг бошанд. Дар навбати худ, ҳалли ин масъала пеш аз ҳама дар ташаккули инфрасохтори таълимии соҳаи китобдорӣ, ки дар он ҷои асосиро шаклҳои бозомӯзӣ ва муттасилаи маълумоти китобдорӣ барои ин гурӯҳи кормандони ғайритахассус гиранд, зарурат ба миён омадааст.

Дар факултет ва шуъбаҳои китобдории муассисаҳои олии кишвар барнома ва фанҳое бояд мавриди омӯзиш қарор гиранд, ки бештар самти амалии истифодаи навгониҳои китобдорӣ-иттилоотӣ ва интерактивиро фарогир бошанд. Китобдори имрӯза бо донистани соҳа ва ё чанд мавзӯъ маҳдуд набошад. Бо донистани захираи китобхона ва баъзе қисмати дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ наметавон дар бозори меҳнат рақобатпазирӣ кард. Бинобар ин, имрӯз барои китобхонаҳо мутахассисоне лозиманд, ки ба ҳайси барномарез, равоншинос, таҳиякунандагони бонкҳои иттилоотӣ, сомонаҳо ва ғайраҳо фаъолият карда тавонанд. Дар ин самт, ташкил намудани раванди бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии касбӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва тадбири саривақтӣ ба ҳисоб меравад.

Ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони китобхонаҳо пеш аз ҳама ба татбиқи бомуваффақияти «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2022», мутобиқгардонии донишу малакаи касбии китобдорони китобхонаҳои ҷумҳурӣ ба талаботи ҷомеаи муосири иттилоотӣ ва бозори меҳнат, мусоидат хоҳад кард.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази илмӣ-методӣ ва илмӣ-таҳқиқотии китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар таҳияи дастурамалҳо, корҳои илмӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони китобхонаҳо нақши калон мебозад.

Ҳадафи асосии ташкили курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи донишҳои назариявӣ ва маҳорату малакаи касбии кормандони китобхонаҳо, фароҳам овардани муҳити таълимӣ, аз худ намудани маҳорати кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла барномаҳои махсуси соҳаи китобдорӣ-ИРБИС-у АЛЕФ ва такмили фаъолияти пурсамару таъмини рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат мебошад.

Дар давоми фаъолияти начандон тӯлониаш Маркази такмили ихтисос тавонист беш аз 900 нафар шунавандагонро ба курсҳои бозомӯзии «Истифодабари технологияи муосири иттилоотӣ», «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ», «Асосҳои донишҳои китобдорӣ», «Таснифоти даҳгонаи универсал», «Лоиҳасозӣ» ва ғайраҳо фаро гирифта, баъди хатми давраҳои омӯзиш соҳиби шаҳодатномаҳо кунад.

- Фардои Китобхонаи миллиии Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехоҳед?

- Китобу китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштааст. Истиқлолияти давлатӣ ва азму талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди китобу китобдории тоҷик такони бузург бахшиданд.

Қабули як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ, таъсиси мағозаҳои китобфурӯшӣ дар тамоми манотиқи кишвар, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, таҷлили «Рӯзи китоб», бунёди биноҳои нави китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва... аз муҳимтарин дастовардҳои ин даврон мебошанд.

Китобхонаи миллӣ, тавре дар боло зикр кардем, бузугтарин дастоварди фарҳангии замони Истиқлол аст, ки имрӯз бо беш аз 60 муассисаю созмонҳои байналмилалӣ ва китобхонаҳои бузургтарини зиёда аз 20 давлати дунё робитаю ҳамкорӣ, инчунин бо 11 китобхонаҳои кишварҳои хориҷ ёддошти тафоҳум дорад.

Дар шароити имрӯз вазифаи Китобхонаи миллӣ ва дигар китобхонаҳо аз он иборат аст, ки ҳарҷи бештар қишрҳои гуногуни ҷомеаро фаро гирифта, аз тариқи роҳнамоиҳои касбиятӣ завқу рағбати онҳоро ба китобу китобхонӣ бештар намоянд. Мо ҳамеша дар андешаву талоши онем, ки Китобхонаи миллӣ мақсаду вазифаҳои хешро, аз ҷумла дар самти такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ босамару арзанда амалӣ намуда, дар боло бурдани маърифату ахлоқи ҷомеа ва татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати кишварамон саҳми босазо гузорад.

Суҳбаторо: Валиҷон Баёнӣ, шоир ва рӯзноманигор,

мутахассиси пешбари Шуъбаи матбуоти даврии КМТ

http://www.kmt.tj/

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi