23:54:04 15-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

"ЁДИ УСТОД ҶӮРАБЕК НАЗРӢ - ХУНЁГАРЕ АЗ МАКТАБИ БОРБАДИ ДАРВОЗӢ"

Худованд раҳматаш кунад ва ҷояш ҷаннат шавад. Устод Ҷӯрабек Назрӣ яке аз шогирдони сарсупурдаи тағоии бузургворам, ховаршиноси маъруфи миллат шодравон Амрияздони Алимардонов буд ва вақто, ки устодаш-тағоии бузургворам соли 2010 вафот карда, касе дар ҷомеъа ба дараҷаи ӯ хафа ва гирён нашуда буд ва инро моҳи марти он сол хуб дар ёд дорам!

jurabek nazriev 12457854Устод Ҷӯрабек Назрӣ дар ҷодаи санъат мактаби бузурги навоваронаи худро байни тоҷикони Осиёи Миёна кушода буд ва то ӯ касе чунин хонда ва навохта наметавонист. То ӯ касе аз тоҷикон ба дараҷаи лозима аз аккордеон ва бахусус фоема истифода бурда наметавонист. Интихоби шеърҳои баланд, оҳангҳои дилчасп ва ғайриоддии ӯ, ки савти ҳиндӣ ва урупоиро ба ёд меоварданд дар синтези мактаби "дувоздаҳ мақомхонии дарвозӣ"(мактаби мавригии устод Акашариф Ҷӯраев)аллакай аз охири солхои 60-ум ва ибтидои солхои 70-ум ин хунёгари бузургро дар олами форсизабонон маъруф намуда буд.

Устод солҳои 70-ум вақто, ки ба кори хизматӣ озими Афғонистони ба қавли устоди зиндаёд профессор Асозода -"Афғонистони шоҳӣ" гардид, ӯро аллакай овозхонони маъруф чун Аҳмад Зоҳир, Ношинос, устод Маҳваш, оҳангсозони бузурги асри 20-и Афғонистон, устодон Муҳаммад Валии Таронасози Дарвозӣ, Найнавоз ва дигарон хуб мешинохтанд ва барояш арҷ мегузоштанд. Онҷо низ сабки хунарии худро такмил дод ва муҳити ҳунарии хуби Афғонистон ва дӯстии пояндааш бо Аҳмад Зоҳир ӯро хело машҳур намуда буд, то ҷое, ки ҳатто дар фиттаҳои имрӯза барои сари вақт ба шабнишиние наомаданаш, устоди шодравон Аҳмад Зоҳир месарояд: "Бевафо Ҷӯрабек....."!

Сурудаи ӯро аз ибттидои солхои 70-ум мо кӯдакон сари куҳу даруни пахтаву даруни автобус чун таронаҳои Аҳмад Зоҳир месароидем ва лаззат мебурдем. Хулоса дар бораи хизмати ҳунарии устод Ҷӯрабек ва инқилоби овозхонияш байни тоҷикони хиттаи Осиёи Миёна чӣ қадаре гӯем ва нависем ками мекунад! Хизмати устод Ҷӯрабек Назрӣ дар илми ховаршиносии тоҷик низ андаке нест! Сар карда аз кори номзадияш Мактабии Шерозӣ ва достони ӯ "Лайли ва Маҷнун" устод корҳои зиёдеро анҷом дод.

Махсусан хизмати ӯ дар роҳи нигоҳ доштани фонди дастхатҳои шарқии Академияи миллии кишвар дар он солҳои пурошӯби 90-уми асри пор, ки бархе мехостанд бо чанд тангаи зарде онҳоро нусхабардорӣ намуда, ба аҷнабиён фурӯшанд бисёр калон ҳаст. Ӯ ва устодаш Амрияздон Алимардонов он вақт чун бораи Бухоро истоданд ва то ҷое имкон доштанд ин кори разилона ва хиёнат ба миллату ватанро пешгирӣ намуданд.

Хизмат ӯ чун роҳбари пажуҳишгоҳ, ки устодаш Амрияздон Алимардон роҳбари ба феҳристи электронӣ ҷой намудани нусхаҳои хаттии нодиру ганҷи бебаҳои қадимаи миллати тоҷик буд, хело зиёд ҳаст ва маҳз ин бузургон буданд, ки ин кори басо вазнин ва мушикофонаро барои ояндагони миллат анҷом доданд!

Устод Ҷӯрабек Назрӣ дар зарфи беш аз 50 сол бо симои соф тоҷикона ва хело зебои худ ва лаҳни ширинаш дар хориҷи кишвар ва Иттиҳоди Шӯравӣ муаррифгари санъату баъдан илми миллат будааст ва касе низ мисли ӯ натавонистааст ин рисолатро анҷом диҳад ва Худо медонад дар 100 соли дигар низ чунин нобиға пайдо шавад!

Ба андешаи банда агар ин бемории лаънатии "Ковид-19", ки беҳтарин фарзандони миллатро бадбахтона гулчин карда бурда истодааст намешуд, шояд хиёбонҳои Душанбешаҳрро мухлисони устоди зиндаёд Ҷӯрабек Назрии тоҷикасл чун давраи вафоти дӯсташ Аҳмад Зоҳир лабрез мекард!

Таъзияи жарфи худро пеш аз ҳама ба аҳли оила ва тамоми миллат ва гузашта аз ин ба тамоми форсизабонони олам бинобар даргузашти ин шахсияти умумифорсӣ мерасонам, зеро шодравон устод Ҷӯрабек танҳо ба як тоҷикон не, балки тааллуқдори 200 миллион форсизабонони ҷаҳон бунд!

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷӯст,

Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост!

Афсӯс, сад афсӯс!

Варқа Зайниддин, шаҳри Бохтар



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi