03:29:02 04-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БА ЁДИ УСТОДИ ЗИНДАЁД ҶӮРАБЕК НАЗРӢ

Шеъри Рухина Худоназарова

Jurabek Nazriev 125689457845УСТОДИ ЗАБОН РАФТ

Афсӯс, ки аз минбари ақлу хираду илм,

Устоди забон рафт.

Оне, ки ба ҷамъи улламо гуфт ҷаҳон чист?

У низ зи ҷаҳон рафт.

Ӯро мӯяссар шуд, ки номаш ба нишон монд,

Дар қалбу забон монд.

Оне, ки ба ҷузъ ҷисм зи худ баҳри калон монд,

Ӯ низ чунон рафт.

Оне,ки гапаш рост, раҳаш рост буду кор,

Оне, ки ба мислаш надидем вафодор,

Оне, ки дуруст буд ба гуфтор, ба кирдор,

Оне, ки дару боғи биҳиштрост сазовор,

Афсӯс зи миён рафт.

Оне, ки ба кораш ба дил ёфт маконро,

Оне, ки надод даст чу нони дигаронро,

Оне, ки фақат дошт раҳи шери замонро,

Он шери замон рафт.

Оне, ки ба фарзанд падар буду ба халқ ҳам,

Оне, ки сахояш бирасид бар ҳама олам,

Оне, ки тавонист шудан бар ҳама марҳам,

Он марди мардон рафт.

Оне, ки раҳе дошт ба дилҳо бо садояш,

Оне, ки шуниданд ҳама созу навояш,

Оне, ки қувват дод ба як дасти дуояш,

Он дурри гарон рафт.

Оне, ки ба исми карамаш вирди забон буд,

Оне, ки чу ҳар як суханаш роҳати ҷон буд,

Оне, ки ба ҷисми ҳама монандаи ҷон буд,

Монандаи ҷон рафт.

Оне, ки ба ӯ нури худашро, ки Худо дод,

Ӯро, ки Худо дод ҳама чиз, ба мо дод,

Оне, ки биёмад ба замин амри Худо буд,

Ӯ сӯйи яздон рафт.

 

 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi