| «ЧАШМОНИ БАРОДАРИ ҚИЁМАТӢ»-РО УКРАИНҲО НИЗ ДИДАНИАНД |
| Мақолаҳо - Адабиёт ва фарҳанг | |||
| 02.09.2010 22:22 | |||
|
Вале коргардони ин спектакл, пеш аз он ки дар Тоҷикистон қадрдонӣ шавад, дар як ҳамоиши байнулмилалии театрҳо дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул сазовори ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» шуд. Муаллифи намоишнома Нурмуҳаммад Табаров ва иҷрокунандаи нақши асосӣ дар ин спектаел Ғолиб Исломов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, низ мутаносибан «Беҳтарин сенариянавис» ва «Беҳтарин ҳунарпешаи озмун» эълон шуданд. Аз ин рӯ мо лозим донистем, ки дар ин ҷо дар бораи ин коргардон ва намоишномаи ӯ чанд сухан гуфта бошем.
Муаллифи драма Нурмуҳаммад Табаров бори аввал нест, ки бо Мирзоватан Миров ҳамкории эҷодӣ менамоянд. Драмаи «Дар чорсӯ», ки дар саҳнаи Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ва спектакли «Вагони охирин», ки дар саҳнаи Театри русии драмавии ба номи В. Маяковский арзи вуҷуд карданд, намунаи хуби ҳамкории ӯву М. Миров мебошад. Н. Табаров аз ин ҳамкориҳо ибрози қаноатмандӣ менамоянд.
Зеро, ба қавли ӯ, Мирзоватан Миров тамоми он фикру андеша ва мақсаду мароми ӯро, ки бо асарҳояш гуфтанӣ ва дар саҳна амалӣ карданӣ ҳаст, нахуст худ ҳамчун коргардон моҳияти онҳоро ба аҳли гурӯҳаш дуруст фаҳмонда, сипас бо тавассути бозии ҳунарпешаҳо дар саҳнаи театр ба тамошобин мерасонад.
Ба гуфтаи ӯ Мирзоватан Миров қобилияти беандоза хуби кор бо ҳунармандонро доро ҳаст. Як бурди ӯ ин аст, ки қобилият ва зарфияти ҳар як ҳунарпешаи театрро хуб медонад. Медонад, ки кадом ҳунарпеша дар кадом нақш, дар кадом замон маҳорат ва истеъдоди худро пурра истифода карда метавонад. «Ҳунарпешаҳо дар саҳна ҳангоми бозӣ дар нақшҳои спектаклҳое, ки коргардонии онҳоро Мирзоватан Миров ба ӯҳда дорад, худро нисбатан озодтар эҳсос мекунанд»,- мегӯяд актрисаи театр ҳунарпешаи халқии кишвар Гулсара Абдуллоева.
- Чунин муносибат бо актёрон, меафзояд Гулсара Абдуллоева, - аз як тараф, агар ба рушди эҷодии онҳо мусоидат кунад, аз тарафи дигар, аз якрангу дилгиркунанда баромадани нақшҳо ҷилавгирӣ хоҳад кард. Дар чунин шароити саҳнавӣ актёрон обу тоб меёбанд, ба воя мерасанд, дар саҳна андеша кардану сухан гуфтанро меомӯзанд.
Дар мавриди коргардонии драмаи «Чашмони бародари қиёматӣ» нуқтаи назари Хушназар Майбалиев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, хеле ҷолиб аст: «Мирзоватан Миров тавонист асареро таҳия кунад, ки дар он муҳимтарин проблемаҳои ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мо инъикоси худро ёбанд. Махсусан, мо мазаммати беадолатӣ, ва ба миён гузоштани проблемаи гуноҳ ва ҷазоро дар ин намоишнома мебинем. Имрӯз беадолатии бархе аз судяҳои додгоҳҳо аз касе пинҳон нест».
«Асар ба тадриҷ моро аз пайи худ ба умқи воқеаҳои аҷибу ғариб мебарад ва мо бо муаллиф, коргардон ва актёрҳо ҳамфикр мешавем. Намоишнома мисли зиндагии ҳар яки мо бо ҷӯшу хурӯш ва валвалаву ҳамҳама шурӯъ мешавад ва монанди охири умри ҳар як инсон бо оромӣ ва хомӯшӣ ба итмом мерасад, ки чунин тарзи пешниҳод аз тарафи режиссёр бароям бисёр писанд аст»,- натиҷагирӣ мекунад Хушназар Майбалиев.
Нақшҳои асосии намоишномаро Ҳунарпешаҳои Халқии Тоҷикистон Ислом Ғолибов (Баҳман), Тағоймурод Розиқов (Шоҳ), ҳунарпеша Моҳпайкар Ёрова (духтари деҳотӣ) ва дигарон бозӣ кардаанд. Мирзоватан Миров ба «ИмрӯзNews» гуфт, ки Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Украина бо як мактубе хоҳони он шудааст, ки намоишномаи «Чашмони бародари қиёматӣ» дар як озмуни байнулмилалии театрҳо, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Лвов баргузор мегардад, ширкат намояд.
Султони Ҳамад, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3032-l--r----.html
|







