12:04:17 06-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/16_burhonov_22'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/16_burhonov_22'

ОҒОЗИ МАВСИМ БО «ОРИЁӢ»

Дирӯз мавсими нави театрӣ дар Театри давлатии академӣ драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо намоиши спектакли «Ориёӣ» оғоз ёфт. Ҳамчунин ҳайати эҷодии театр то 23- уми сентябри соли ҷорӣ ҳамарӯза намоишҳои дигареро чун «Дод аз дасти Афандӣ», «Раъду барқ» ва «Шов-Шов» пешкаши мухлисони санъати асил мекунанд. Директори театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов гуфт, ин спектакл ба ифтихори ҷашни Ғалаба ва 20 – солагии истиқлолияти Тоҷикистон рӯйи саҳна омадааст.

 

Муаллифи ин намоишнома Сафармуҳаммад Айюбӣ буда, онро саркоргардони театр Хушназар Майбалиев ва Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шералӣ Абдулқайс таҳия кардаанд. Спектакл аз корнамоии тоҷикписаре ҳикоят мекунад, ки дар солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ҳамчун як олмонӣ бо номи Герхард ба дастгоҳи иҷроияи Гитлер роҳ ёфта, азҷумлаи муқаррабони сардори Рейхи саввум мешавад ва барои ҳамеша ба роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ хабарҳои муҳимеро махфиёна ирсол менамояд.

 

Нақшҳои асосиро дар ин спектакл Абдукарим Машрабов, Умеда Раҳимова, Қурбони Собир, Фирӯз Умаров, Ортиқи Қодир, Исо Абдурашидов бозидаанд. Мавриди зикр аст, ки ин театри бонуфузтарини Тоҷикистон ҳанӯз соли 1929 таъсис ёфта буд ва то имрӯз спектаклҳоеро чун «Баҳроми чӯбина», «Шоҳ Лир», «Фарёди ишқ», «Эдип» рӯйи саҳна оварда, ки дар хориҷ аз кишвар низ борҳо намоиш дода шудаву баҳои баланд низ гирифтаанд.

 

Баҳманёр Муродов, "ИмрӯзNews"

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3131----lr.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854