12:00:05 06-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/16_teatr_kulob_2587'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/16_teatr_kulob_2587'

«ШУМҚАДАМ»-Е, КИ ХУРСАНДӢ МЕОРАД

Дирӯз, 15-уми сентябр, сафари ҳунарии Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализода и шаҳри Кӯлоб дар пойтахти кишвар бо намоиши спектакли «Асҳоби қиёс»- и драматург Ғаюр Ашӯр дар бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский оғоз гардид. Қабл аз шурӯъи намоишнома Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, тамошобинонро бо оғози гастроли ҳунарпешаҳои театри Кӯлоб табрик гуфт.

 

«Асҳоби Қиёс» драмаи иборат аз ду парда ва се намоиш буда, онро коргардони шинохта Давлат Убайдуллоев ба саҳна гузоштааст. Тавре ба хабарнигори «ИмрӯзNews» директории театр, Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон Амина Табарова гуфт, асар дар рӯзҳои ҷашнгирии 1310-солагии Имоми Аъзам рӯйи саҳна омада ҳаёти  пурмоҷарои асоси гузори мазҳаби ҳанафиро инъикос кардааст. Дар намоишнома нақшҳоро ҳунармандони театр Худойназар Тилавов, Абдусамад Абдураҳмонов, Сафархон Мадалиев, Мирзо Раҳмонов, Мавҷуда Раҷабова ва дигарон бозӣ кардаанд.

 

Имрӯз, 16.09.10, соати 12 дар бинои театри ба номи Маяковский, ҳунарпешагони театри Қӯлоб намоишомаи «Агар ҷанг намебуд»-ро аз рӯйи асари драматург Ато Ҳамдам дар таҳияи коргардон Давлат Убайдуллоев манзури тамошобинон мекунанд. Асар бахшида ба 65-солагии ғалаба дар ҷанги зидди фашизм ба саҳна гузошта шудааст ва он дар бораи ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақл мекунад. Дар ин намоишнома нақшҳоро ҳунарпешаҳо Абдусамад Абдураҳмонов, Сафархон Мадалиев, Кавгиниссо Гадоева, Раҳмон Одинаев ва дигарон иҷро кардаанд.

 

Рӯзи 18-уми сентябр бошад ҳунарпешагони кӯлобӣ боз ҳам дар толори театри ба номи Маяковский мазҳакаи «Шумқадам»-и Шодӣ Солеҳро манзури тамошобинон карданианд. Асари мазкурро саркоргардони театр Раҳмоналӣ Одинаев рӯйи саҳна овардааст. Ҳунарпешагони театри Кӯлоб дар нақша доранд, ки рӯзҳои 17-ум ва 19-уми сентябр таҳти унвони «Файзи истиқлол» дар кохи «Тоҷикистон» ду барномаи консертӣ ба намоиш гузоранд.

 

Султони Ҳамад, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3132-lr----.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854