СИТОРАҲО ДАР «ОСМОНИ ИТТИҲОД»
Пагоҳ, 17-сентябр, дар Душанбе Фестивали байналмилалии мусиқии «Осмони Иттиҳод» ба кори худ шурӯъ хоҳад кард. Юлия Морозова, продюссери кулии Фестивал, ба хабарнигори «ИмрӯзNews» иттилоъ дод, ки ин чорабинӣ ду рӯз идома дошта, он бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад.
Ба ин фестивал овозхонҳои шинохтаеро ба монанди Анастасия Волочкова, Димитрий Колдун, Слава, Alyosha, Мила Нитич, Таҳмина Ниёзова, Ален Абулфайзов, Arsenie, Sirusho,Safura, София Нижарадзе, Султон Садыралиев аз тамои кишварҳои ИДМ даъват кардаанд. Аксарияти онҳо иштирокчиён ва ғолибони озмунҳои байналмилалии «Евровидение» ва «Интервидение. Панҷ ситора» мебошанд. Тибқи нақша қарор аст дар ин рӯзҳо ду барномаи консертӣ, яке дар Кохи Борбад ва дигаре дар майдони «800-солагии Маскав»-и пойтахт аз сӯйи иштирокчиёни ин фестивал доир гардад. Юлия Морозова инчунин иброз дошт, ки аз ин ба баъд Фестивали байналмилалии мусиқии «Осмони Иттиҳод» ҳамасола дар яке аз кишварҳои узви ИДМ баргузор хоҳад шуд.
Султони Ҳамад, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3134---l-r.html