01:04:59 07-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/21_turkmaniston_2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/21_turkmaniston_2147'

РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Шоми имрӯз, 21.09.2010, як ҳайати 70 нафараи фарҳангиёни Ҷумҳурии Туркманистон ҷиҳати ширкат дар рӯзҳои фарҳангии ин кишвар дар Тоҷикистон вориди Душанбешаҳр мешаванд. Ин барои нахустин бор аст, ки дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳангии Туркманистон баргузор мегардад.  Гулмурод Мелиев, сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг, ки собиқаи кории 40-сола дар ин соҳа дорад, дар cӯҳбат бо хабарнигори «ИмрӯзNews» гуфт, ки ҳатто дар замони шӯравӣ рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Тоҷикистон ва ё баръаксb он баргузор нагардида буданд. 

 

Ҳарчанд дар фестивалҳои алоҳидаи ин ва ё он соҳаи санъат, ки дар ин кишварҳо баргузор мешуданд, санъаткорони ҳарду ҷониб зиёд ширкат кардаанд. Бояд гуфт, ки дар ҳайати фарҳангиёни Туркманистон Овезмузаммед Мамеднуров, Рассоми Халқии Туркманистон,  Атамурад Атабаев, Нависандаи Халқии Туркманистон, хабарнигори рӯзномаи «Гунеш», Джурбедов Таджмамед, Нависандаи Халқии Туркманистон, Кияз Дурдиев, Ҳунарпешаи мардумии Туркманистон барин шахсиятҳои маъруфи ҳунару адаби кишвари ба мо дӯст дохил мебошанд. Ҳайатро Тувакбибӣ Дурдиева, сардиректори Маркази Миллии Фарҳангии Туркманистон роҳбарӣ мекунад.

 

Фардо, 22.09.2010, дар кохи Борбад маросими бо танатана кушодашавии ин маъракаи муҳими  фарҳангӣ баргузор мегардад. Меҳмонон  ҳамзамон дар толори кохи Борбад маҳсули ранҷдасти ҳунармандони мардумиашонро ба маърази тамошои ҳозирин пешкаш хоҳанд кард. Худи ҳамон рӯз як гурӯҳи эҷодии ин ҳайат дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ Ибни Сино намоишгоҳи китобҳои сарвари давлати Турманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедовро ташкил намуда ба табибони оянда консерт хоҳанд дод. Рӯзи 23-юм як гурӯҳи ҳунармандони туркман ба ноҳияи Ҷилликӯли вилояти Хатлон сафар карда бо ҳаёти ҳаммиллатони худ, ки дар он ҷо даҳсолаҳо боз кору зиндагонӣ мекунанд, аз наздик шинос хоҳанд шуд. Дар назар аст, ки  ин гурӯҳ як барномаи консертиеро низ барои туркманҳои Ҷилликӯл пешкаш намоянд.

 

Худи ҳамон рӯз Театри давлатии миллии Туркманистон дар бинои Театри давлатии академикӣ драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоишномаеро манзури дӯстдорони санъати театр хоҳанд кард. Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Тоҷикистон бо баргузории як консерти муштараки устодони санъати ду кишвар, ки дар кохи Борбад рӯзи 24-уми сентябр барпо хоҳад шуд, ба поён мерасад.

 

Султони Ҳамад, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3172-2010-09-21-08-18-41.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854