17:50:28 01-уми Июни 2025 сол

ИФТИТОҲИ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ТУРКМАНИСТОН

Шоми 22-юми сентябр, дар кохи Борбади пойтахт Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ гардид. Миралӣ Достиев, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон меҳмононро хайра мақдам гуфта, аз таърихи муносибатҳои фарҳангии ин ду миллати ба ҳам дӯсту бародар ёдовар шуд. Ӯ баргузории Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Тоҷикистонро қадами муҳиме дар роҳи густариши муносибатҳои сиёсиву фаврҳангии ду кишвар арзёбӣ кард.

 

Туарбибӣ Дурдиева, директории маркази фарҳангии миллии Ҷумҳурии Туркманистон, раҳбари ҳайат дар баромади  худ бештар аз саҳми роҳбарони ду кишвар дар таҳким бахшидани пояҳои дӯстии ин ду миллати қадима сухан гуфт. Меҳмонон ба маърази тамошои мухлисон инчунин намунаи санъати ҳунарҳои дастии мардуми туркманро пешкаш намуданд, ки дар байни онҳо қолинҳои машҳури туркманӣ мавриди таваҷҷӯҳи бештари тамошобинон и тоҷик ва меҳмонони  пойтахт қарор гирифтанд.

 

Дар хотима устодони ҳунари туркман ба тамошобинони тоҷик як барномаи хуби консертиро  бо ширкати ҳунармандони мардумиашон намоиш доданд. Фарҳангиёни туркман, ки дар байнашон, адибону овозхонон, ҳунарпешагони театру синамо ҳастанд, то рӯзи 25-уми сентябр дар пойтахт, навоҳии атрофии он ва вилояти Хатлон барномаҳои мухталифи фарҳангиро роҳандозӣ намуда бо ҳаёти мардуми тоҷик аз наздик шинос мешаванд.

 

Мардуми ба кохи Борбад ташрифоварда агарчи аз дидори дӯстони туркман ва ҳунарнамоии онҳо хеле қаноатманд ба назар мерасиданд, вале табъи онҳоро саҳлангориву хунукназарии масъулини кохи Борбад, ки  аз сабаби набудани барқ дар саҳна, оғози намоишро як соат ба таъхир монда буданд, каме хира карда буд.

 

Пӯлод Зубайдӣ, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3197-2010-09-23-16-24-28.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854