13:42:25 02-уми Июни 2025 сол

Б. СОБИР: “АДАБИЁТИ ИМРӮЗИ ТОҶИК ИДЕАЛ НАДОРАД”

“Хуни қалам”, маҷмӯаи тозаи шеърҳои Бозор Собир, шоири саршиноси тоҷики муқими Амрикост, ки ҳоло дар Душанбе ба сар мебарад. Ин маҷмӯа бо ҳимояти молии муассиси ҳафтаномаи “Нигоҳ” ба теъдоди 2 ҳазор нусха аз чоп баромадааст.

 

bozor sobirБозор Собир мегӯяд, ин маҷмӯа ҳанӯз панҷ соли пеш омода буд, вале чанд нафар бо ишора ба мавзӯъҳои шеъри ӯ, ки аксарашон дар васфи Ленину Сталин ва ҳамчунин мазаммати ришдорону сохтори капитализм гуфта шудаанд, аз чопи ин маҷмӯа худдорӣ кардаанд. Дар сӯҳбате, ки хабарнигорони Озодӣ бо Бозор Собир доштанд, аз ӯ пурсиданд, ки оё дар ин маҷмӯа танҳо ашъори тозаи шоир ҷо дода шудаанд ё шеърҳои қадимияш низ ҳастанд?

 

Бозор Собир: Ҳар чизе, ки доштам ва ҳар қадаре, ки метавонистам бо таҳриру кӯшиши бисёре маҷмӯаро чоп кардам. Чизҳои кӯҳна дар ин маҷмӯа кам аст. Аз дафтарҳои пешин чанд шеъри кӯҳна аст, ки онҳоро айнан нагирифтам. Онҳо каму беш таҳрир хӯрдаанд ва ҳатто баъзеашон мухтасар шудаанд.

 

- Яъне, дар маҷмӯъ, шеърҳое ҳастанд, ки дар ғурбат гуфта шудаанд ва бӯи ғурбат мекунанд?

 

- Бӯи ғурбат дорад, надорад ин як масъала. Лекин шеърҳое ҳастанд, ки дар чор -панҷ соли ахир ва дар Амрико гуфта шудаанд. Ҳоло ман дар Тоҷикистон як дона шеър ҳам нагуфтам. Хуб, чанд соядаст навиштам барои бачаҳо, барои рафиқон, лекин як шеъри комил нагуфтам. Якум ин, ки фурсатам нест. Дувум, шеър гӯшаи хилват мехоҳад. Ҳар чи ман дар ин китоб гуфтам, дар Амрико гуфтам, дар ҳамон соҳили Уқёнуси Ором.

 

- Аммо агар тӯли ин муддат дар Тоҷикистон мебудед, оё имкон дошт, ки ин шеърҳо эҷод шаванд ва рӯйи чоп оянд?

 

- Агар ман дар муҳити Тоҷикистон мешудам, ин шеърҳоро гуфта наметавонистам. Бо ин муҳите, ки оромӣ надорад, ақидаҳои мухталиф ва гурӯҳҳои мухталиф аст, як шеъру чизи адабӣ офаридан осон нест. Муҳите, ки дар Амрико дорам, тақрибан оромист. Тақрибан барои даводави бозору даводави рӯзгор зиёд вақт сарф намекунам. Бинобар ин, барои навиштан муҳити Амрико беҳтар ва хеле гуворотар аст.

 

- Вақте шумо ба Душанбе омадед, гуфта мешуд, ки шаби шеъри Бозор Собир баргузор мешавад. Вале ҳанӯз хабаре аз ин шаби шеър нест, чаро?

 

- Ҳеч касро нагуфта будам, ки ягон кори маро кунед. Баъзеҳо худашон омаданд, хостор шуданд, ки мо шаби назм мекунем дар Кохи Борбад ё дар театри Лоҳутӣ. Ваъдаҳои бисёр карданд. Як ҷӯшу хурӯш шуд, ҳангома шуд, вале ҳеч натиҷа надод. Баъди як ҳафта ҳамаашон гум шуда, пароканда шуданд ва дигар касе нагуфт барои чӣ? Ва то ҳол маълум нашуд, ки барои чӣ ҳамин мардум ҳама пароканда шуданд ва дар ин мавзӯъ дигар сӯҳбате нашуд.

 

- Аммо шунидем, ки гӯё худи шумо хоҳиш надоштаед...

 

- Не, не, дурӯғ аст. Баръакс, ҳамаашон баҳона пеш оварданд. Масалан, Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло толорашон дар таъмир аст. Имкони баргузории шаби шеър нест. Ваъдаи онҳо бо ҳамин тамом шуд. Хулоса, ҳамин кор нашуд ва сабаби дақиқаш ҳам маълум нест. Шаби назм нашуд.

 

- Пас, худатон зиёд мехоҳед, ки ин шаб доир шавад?

 

- Албатта, мехостам. Бисёр мехостам, ки як шаби хуби назм доир шавад. Агар ман ҳамин корро накунам, дигар чӣ кор мекунам?  Ҳафтод соли умри ман бо ин гузаштааст. Ва бисёр мехостам, ки як шаби хуб доир шавад бо беҳтарин намояндагони адабиёти тоҷик, бо беҳтарин хонандаҳо. Афсӯс, ки нашуд. Тамом.

 

- Ба ҳар ҳол, вақте ба Душанбе омадед, оё аз Иттиҳоди нависандагон ва ё аз мақомот касе ба назди шумо омад, ҳолпурсӣ кард?

 

- Аз ҳукумат ҳеч кас наомадааст. Аз вазораташ ҳам инчунин. Касе бо ман мулоқот карда бошад, набуд.

 

- Бо ин вуҷуд, чопи "Хуни қалам" яке аз орзуҳои деринаи шумо буд. Имрӯз пас аз чопи ин маҷмӯа чӣ эҳсосе доред?

 

- Асосан китоб бад нест. Бо вуҷуди он, ки бисёр кас аз чопи ин китоб розӣ нестанд. Аммо фикр мекунам, дар шеъри ман байти бад кам аст. (механдад). Бисёр рафиқон розӣ нестанд. Аз чандин шеър розӣ нестанд. Мегӯянд, чаро ин шеър барои Ленин, чаро инаш барои Сталин, чаро муллоҳоро танқид кардӣ, чаро ришро мазаммат кардӣ? Розӣ ҳам кам нест, норозӣ ҳам кам нест. Ҳоло китоб нав баромадааст, намедонам, оқибаташ чӣ мешавад.

 

= Воқеан устод, хеле ҷолиб аст, ки чаро дар шеърҳои ахиратон ҳамеша сотсиализмро васф мекунед. Дар ҳоле, ки шумо дар оғози солҳои навадум демократияро тарғиб мекардед...

 

- Он вақт капитализмро намедонистам, ки чӣ аст. Аз системаи капитализм бехабар будам. Афзалияти состиализмро вақте фаҳмидам, ки ба Амрико рафтам ва бо капитализм рӯ ба рӯ шудам. Он вақт фаҳмидам, ки аз сотсиализм дида барои аҳли заҳмат системаи беҳтаре нест.

 

- Устод, мо ҳамеша аз шумо ашъори тозаро интизор будему ҳастем. Оё пас аз “Хуни қалам” маҷмӯаи дигареро метавонем интизор бошем?

 

-Ҳоло чизе нест. Барои ин ҳавсала даркор аст. Гузашта аз ин, синну сол ҳам рафтааст, ин як масъала. Масъалаи дигар фароҳамоварии шароит аст. Ҳоло аз ин ҷо то Амрико рафтани мо чӣ қадар вақт мегузарад. Аммо эҷод ҳамеша дар фикри ман аст. “Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй” гуфтаанд. Мо зи гаҳвора то гӯр шеър меҷӯем. Яъне, чизе барои гуфтан дорам. Вале ҳоло нақд чизе надорам.

 

- Ва дар охир, ба адабиёту шеъри имрӯз чӣ баҳо медиҳед?

 

- Пеш адабиёт ва фарҳангу санъат идеал дошт. Идеали мо сотсиализм ва коммунизм буд. Адабиёт ба ҳамин ҳадаф нигоҳ карда, сохта мешуд. Ҳоло ки идеал надорем, идеалро аз худамон меҷӯем. Мегӯем фалон қаҳрамонро дорем. Ситоиш мекунем Зардуштро, Маздакро, Деваштичро ва ғайраро. Барои ҳамин, нимаш ғазали ошиқона месозад, чунки одати қадимӣ аст. Ними дигараш сафсата мебофад. Адабиёт, ки ҳадаф надорад, мисли як мурдоб дар худаш гашта истодааст...

 

Каюмарси Ато, Сафаргули Олимӣ, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3489-2010-11-03-06-46-02.html

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 07.11.2010 17:50
Вы гражданин США?
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854