23:46:08 06-уми Июни 2025 сол

ФИЛМИ "СУКУТ"- И СИРОҶИДДИН БА НАМОИШ ДАРОМАД

Ахиран дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе маросими муаррифии филми ҷадид таҳти унвони «Сукут» баргузор шуд.

 

Сироҷиддин ҒафурӣИн филм таззодҳои зиндагӣ, сарнавишти фоҷиабори чор ҷавон — се писар ва як духтарро инъикос мекунад, ки аз хурдӣ дар як синфу як мактаб хонда, аммо баъд аз хатми он аз ҳам ҷудо нашуданд. Аммо зиддиятҳо бо атрофиён, чеҳраҳои манфии зиндагӣ ин чоргонаро дар ниҳоят аз ҳам ҷудо мекунад ва муборизаи онҳо барои боз бо ҳам омадан шурӯъ мешавад. «Сукут» филми нави коргардони 23 сола Сироҷиддин Ғафурӣ аст. Қаблан ӯ филми «Беҳуда хорам мекунӣ»-ро, ки миёни мардум маъруф аст, ба навор гирифта буд. Сироҷиддин дар ҷавоби ин пурсиш,  ки чаро филм маҳз «Сукут» ном гирифтааст, гуфт:

 

- Сароғоз ба шунавандагону хонандагони Озодӣ салом мефиристам. «Сукут» дар оғоз аз сукути ду қаҳрамони асосии филм — модари маризи бистарӣ ва писари гунгаш бар омадааст. Атрофиёни онҳо, дигар бозигарони филм ҳам сукутҳои хешро доранд. Яъне сукут аз он мушкилотест, ки дар ҷомиа вуҷуд доранд.

 

- Яъне ин сукути як ё ду нафар нест, балки сукути як ҷомиа дар як — ду нафар ҷамъбаст мешавад? Ҳарфҳое, ки мардум гуфта наметавонад, бояд аз сукути он фаҳмида шавад?

 

- Бале, «Сукут» танҳо ба он маънӣ нест, ки дар сукутҳои ҷомиа мушкилоташ хонда шавад, балки даъватест ба он, ки зиндагии ҷомиа на бо чашми сар, балки бо чашми дил дида шавад. Он сукутҳое, ки дар мо нуҳуфтаанд ва мо бо чашми сар мебинему мегузарем, бояд ҳис шаванд. Дилҳои ба сукут рафтаро бояд бедор кард.

 

- Шумо вақте филмро таҳия мекардед, чӣ сукутҳоро кашф кардеду ба мардум нишон додед?

 

- Дар ин бора чизе гуфта наметавонам. Шояд тамошобинон хубтар дарк кунанд. Аммо он чизе, ки ман ҳамчун муаллиф ва коргардон дар худ ҳазм кардам, ба тамошобин пешниҳод кардам ва ӯ худ шояд дид. Ҳар саҳнае, ки вуҷуд дошт, беҳадаф набуд, балки як филме дар филм буд. Дар «Сукут» ҳама жанрҳои истифода шуданд, аз қабили триллер, драмаву мелодрама.

 

- Дар кулл филм чӣ паём дорад?

 

- Ман мехоҳам бо ин филм ба ҷомиа гӯям, ки меҳру муҳаббати миёни якдигарро қавӣ кунанд ва ҳамеша ба як инсони комил будан одамон бикӯшанд. Зиндагиро бо чашми дил бубинанд. Маънии зиндагӣ ҳам ҳамин аст.

 

- Сироҷиддин, сохтани як филм ҳазина талаб мекунад. Дар филми Шумо саҳнаҳо ба ҷуз Тоҷикистон, дар Русияву Афғонистон ҳам сабт шудаанд. Ин ҳама кори маблағ аст. Дар ин самт мушкил набуд?

 

- Мушкили аслие, ки пеши мо буд, ҳамин маблағ буд. Ягон сарпарасти кулл ё хурд надоштем. Ҳама корро худамон бо маблағи худ анҷом додем. Барои сабти бархе аз саҳнаҳо дӯстонамон кӯмак карданд. Метавонам гӯям, ки қисмати бузурги филм бо қарз ба навор гирифта шуд.

 

- Яъне қарздор ҳам шудед?

 

-  Бале, хеле қарзи бузург дорем, албатта, вобаста ба меъёрҳои Тоҷикистон. Аммо умедворем, ки лоақал ҳамин қарзҳоро адо мекунем.

 

- Чӣ тавр?

 

- Аввал ба видео-прокат умед дорем, яъне дар кинотеатрҳои шаҳру ноҳияҳо филмро ба намоиш мегузорем. Роҳи дигар фурӯхтани филм ба ягон студия.

 

- Оё ҳамин гуна студияҳо ҳастанд?

 

- Бале, чанд студия ба мо рӯзи намоиш дар Кохи Борбад муроҷиат карданд. Азбаски рӯзҳои истироҳат буд, мо дигар бо онҳо сари ин мавзӯъ дигар сӯҳбат накардем.

 

- Як чизе, ки дар филми Шумо буд, ҷалб кардани «ситораҳои» мусиқии попи кишвар ба иҷрои нақшҳо. Ба назари Шумо, онҳо ба бозоргир шудани филм ва маъруфияти он мусоидат мекунанд?

 

- Ҳадаф ин нест. Вақте сенарияи филмро навиштам, образу характерҳое, ки офаридам, бо «ситораҳо» рост омаданд. Ба назарам онҳо нақшҳои худро хуб иҷро карданд.

 

- Ба назар мерасад, қисмати дуввуми «Сукут» ҳам бояд шавад, зеро сужаҳои филм як гуна тамомнашуд боқӣ мондаанд. Оё ин гуна ният ҳаст?

 

- Як нуктаро таъкид мекунам, ки агар дастгирӣ шавад, филми дигарӣ ҳам мешавад. Аммо боз ба ҳамин ҳол бошад, «Сукут» тамом шуд.

 

Фарҳоди Милод, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3780--qq-----.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854