"АДАБИЁТИ БЕ НАҚД ВА БЕ СЕНЗУРА"
Мунақидони таҷрибадори адабиёти Тоҷикистон бар ин назаранд, ки солҳои охир нақди адабӣ дар кишвар рукуд кардааст. Ва шеваи танқиди адабиёт асари қобили мулоҳизае, мисли солҳои пешин, дар рушди адабиёти тоҷикӣ надорад. Муҳамадҷон Шакурӣ, мунаққиди собиқадори адабиёти тоҷик мегӯяд, ки адибон ва ё адабиёти солҳои истиқлолият ба нақди адабӣ камтар аҳамият медиҳад ва ин аст, ки солҳои охир ин жанр камранг гардидааст.
"Нақд адабиётро полоиш медиҳад"
Дар ҳоле, ки шеваи интиқоди адабӣ, ба офаридани асарҳои баландмазмун ва арзишманд мусоидат мекунад. Оқои Шакурӣ мегӯяд: «Имрӯз танқидгарони адабӣ, илмӣ нестанд. Касе чизе хоҳад менависад ва чоп мекунад. Чопи китоб бисёр аммо китобхон ва китобхонӣ нест. Сензура нест, танқид нест. Нақде, ки адабиётро полоиш диҳад нест».
Ҳафтод соли ҳукумати Шӯравӣ ҳарчанд ба пайкараи худи адабиёт таъсир расонд, вале мактабҳои нақди адабӣ ҳамоно побарҷо буд ва рушд намуд. Муҳамадҷон Шакӯри бо таассуф мегӯяд, ки имрӯз ҳамон мактаби нақди адабии замони шӯравӣ ҳам гуё завол ёфтааст.Дар ҳоле, ки мактаби нақди адабии шӯравӣ даҳҳо адибон ва асарҳои бадеиро ба майдони адабиёт ворид кард.
Оқои Шакурӣ мегӯяд: «Адибоне шинохта ва соҳибасароне, ки дорем, инҳо моли шӯравӣ ҳастанд ва мактаби адабиёти шӯравиро гузаштаанд».
Мӯътабари Раштӣ, ки муаллифи чандин маҷмӯаи назм ва наср аст, мегӯяд, истиқлолият ба адабиёти миллии мо мустақилияти рӯҳиявиро дод. Аммо ҳоло ҳам адабиёти мо пайроҳаи хоси адабии худ ва пок шудан аз олоишҳои сиёсиро ба даст наовардааст.
"Адабиёт бе нақд, дарборӢ шудааст"
Хонум Раштӣ меафзояд, ҳоло рӯҳияе, ки адабиёти мо дорад, ҳамчун шеваи дарборӣ дорад. Ва нақди адабие, ки бояд бо шеваи худ сади ин роҳ шавад, хомӯш аст. Хонум Раштӣ мегӯяд: «Бубинед, ҳар сол даҳҳо китоб чоп мешавад. Ҳар касе, ки шинос ва манбаи молиявӣ дорад, китобаш чоп мешавад. Аммо дар он китоб чӣ аст ва кӣ онро мавриди нақди адабӣ қарор додааст, маълум нест. Ман ҳам худамро аз он ҷумла, аз ҳамон доира медонам ва дар хиҷолат ҳам ҳастам. Аммо бояд нақди адабӣ зинда бошад ва онро ба ангезаҳои сиёсӣ ва маҳаллӣ рабт набояд дод. Он устоди адабиёт аст».
Дар адабиёти муосири тоҷик Худоӣ Шариф, Муҳамадҷон Шакурӣ, Абдураҳмон Абдуманонов, Аскар Ҳаким, Соҳиб Табаров, Абдуннабӣ Сатторзода аз мунаққидони шинохта ва баркамол ба ҳисоб мераванд. Ин мунаққидон аз мактаби нақди адабии замони шӯравӣ об хӯрдаанд. Солҳои гузашта нақди адабии Аскар Ҳаким, Муҳамадҷон Шакӯрӣ ва Соҳиб Табаров дар минбарҳои матбуоти кишвар боиси сару садоҳо мешуд.
"Соҳиб Табарови дигаре ба майдон меояд?"
Хоса нақди адабии Соҳиб Табаров ва Муҳамадҷон Шакурӣ аз баҳсҳои ба истилоҳ пурсару садотарин ба ҳисоб мерафт. Аммо имрӯз шӯълаи нақди адабӣ, ки гуфта мешавад, модари адабиёт аст, дар тавлиди осори адабӣ хиратар месӯзад ва пешвоёни адабиёти имрӯз ҳам чандон ба таҳким бахшидани ин мактаб тасмим нишон надодаанд.
Азизи Азиз, мунақиди тоҷик мегӯяд, ки шояд заъфи нақди адабӣ бошад, ки адабиёти имрӯзи мо ба хомӯштарин адабиёт табдил шудаву ҷомеа аз бораи баҳсу баррасиҳои матолиби адабӣ огоҳӣ надорад. Абдулҳамиди Самад, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, воқеан вазъи нақди адабӣ, дар ҳоли ҳозир тақрибан дар ҳоли рукуд қарор гирифтааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳавзаи адабии муосири тоҷик мунаққидони хуб надорад.
Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3823-q-----q.html