14:47:19 03-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

МИҶГОНА ҲАКИМОВА: «БО СЮРПРИЗ БА НАЗДИ МУХЛИСОНАМ БАРМЕГАРДАМ»

Миҷгона ҳанӯз аз синни сесолагӣ ба дунёи бепаҳнои санъату ҳунар ворид гардид. Бо саъю талош ва кӯшишҳои пайваста аз баҳри пурталотум қатрае нӯши ҷон кард ва аз шохоб ба маҷро даромехт. Баробари ҷон хонд ин касбро ва меҳри санъату ҳунар дар мағз андар мағзи ниҳодаш маъво гирифт. 

Мичгона ХакимоваАз ҳавои санъату мусиқӣ ба қавле нафас мегирифт ва чун мурғи хушилҳом дар фазои бекаронаи он пар-пар мезад. Ва хушбахтона, бо рақсу тарона ва чангу чағона ба дили мухлисонаш раҳ ёфт ва чун падидаи нек пазируфта шуд. Айни замон Миҷгона Ҳакимова дар Лондон таҳсили илм карда истодааст. Ба гуфтаи Миҷгона ӯ он ҷо тӯли шаш моҳ забони англисӣ меомӯзад. Ва дар ояндаи наздик ба Тоҷикистони азиз бармегардад. Чуноне, ки ӯ мегӯяд, «Лондон шаҳри хуб аст, аммо мисли Тоҷикистон кишваре зеботаре нест». Инак фишурдаи мусоҳибаи хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» Ҷаҳонгири Султон бо Миҷгона Ҳакимоваро пешкаши шумо хонандагон мегардонем. 

-Чи тавре, ки маълум аст, вақтҳои охир Миҷгона аз саҳнаи ҳунари тоҷик дур уфтодааст. Ҳоло шумо хориҷ аз Тоҷикистон ҳастед, яъне дар Лондон таҳсили илм карда истодаед. Баробари таҳсил оё ба санъату ҳунар  вақт пайдо карда машғул мешавед? 

- Чаро ман вақтҳои охир аз санъат дур шудам? Дур нашудаам. Балки хориҷ аз кишвар таҳсили илм карда истодаам, ба ҳамин хотир рӯи саҳна нестам. Дарвоқеъ ман ду донишгоҳи кишварро хатм кардаам. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳунарҳои зеборо. Ман кӯшиш карда истодаам, ки каме ҳам бошад, боз нозукиҳои санъату ҳунарро биёмӯзам ва маълумоти бештаре гирам. Ҳар чанде, ки дур аз Ватани азизам ҳастам, ҳар лаҳза ба ёди Ватан нафас мекашам. Вақто ки ба Ватан баргаштам, ҳатман боз  ба кори эҷодӣ бо як кӯшишу ғайрати тоза машғул мешавам. 

- Барои идомаи таҳсил чаро маҳз Лондонро интихоб намудед? Ва дар онҷо дар кадом риштаи илм ё ҳунар таҳсил доред? 

- Ҳоло дар ягон ришта таҳсил намекунам. Асосан бо хубтар омӯхтани забони англисӣ машғул ҳастам. Дар аввал бояд забони англисиро хуб омӯзам. Баъдан бо зиндагиву фаъолияти эҷодии чеҳраҳои ҳунари мусиқӣ ва умуман санъати ин кишвари хеле пешрафтаи ҷаҳон мехоҳам аз наздик шинос шавам. Дар ин ҷо нафарҳои зиёде ҳастанд, ки марҳум Майкл Ҷексон, овозхонеро, ки ман хеле дӯст медорам, хуб мешиносанд. Ман аз онҳо низ мехоҳам чизеро барои ҳунари худ бигирам. 

- Оё қаблан Шумо сафарҳои ҳунарии хориҷ аз кишвар доштед? 

- Бале доштам. Порсол моҳи май дар Ҷопон будам. Се консерт баргузор намудам. Ҳам рақс кардаму ҳам суруд хондам. Бо забони ҷопони низ суруд сароидам. Ин ҳамаш бо кӯмаки устод Ҷӯрабек Муродов баргузор гардид. Ба ғайр аз ин дар Молдова будам. Дар як озмун рақсидам, медали тилло гирифтам. Боз дар Сочӣ дар озмуне иштирок кардам, дар онҷо низ рақс кардаму хушбахтона ҷойи аввалро сазовор гаштам. Ин чунин дар кишвари Туркия низ ду маротиба сафари ҳунарӣ доштам. Боз ба кишварҳои Англия, Туркманистон, Русия Ӯзбекистон низ бо барномаҳои ҳунарӣ сафарҳо карда будам. 

 

- Шуморо тамошобинон чӣ гуна қабул мекарданд? 

- Бовар кунед, аз шодиву хурсандии мухлисонам, худамро гум мекардам. Хело хурсанд мешуданд, ҳатто мегуфтанд, ки ин аз ватани мо ҳаст. Бо қарсақҳои хуб, бо чеҳраҳои пуртабассум талаб мекарданд, ки боз рӯи саҳна бирақсаму бисароям.  

- Таронаҳоятон ниҳоят дилошӯбанд. Матни сурудҳои Миҷгонаро кӣ интихоб мекунад? 

- Модари меҳрабонам бениҳоят заҳмату машаққатҳое кашиданд, ки ман ба чунин қуллоҳо бирасам. Худовандо ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошанд. Баъдан ҳастанд устодоне, ки ман аз онҳо маслиҳат мегираму ба ман дар интихоби матни сурудҳоям кӯмак мекунанд. Аз ҳамаи ишон миннатдорам. 

- Бо кадом шоирону сарояндагон ҳамкории эчодӣ доред? 

Мичгона Хакимова- Қариб, ки бо ҳама шоирон ҳамкорӣ дорам. Аз сарояндаҳо бошад, бо Баҳром Ғафурӣ, Садриддин Наҷмиддин, бо шодравон Сӯҳроби Сафарзод, Валодя Юматов, Парвиз Пулодӣ ҳамкориҳои эҷодӣ доштаму дорам. Боз ҳастанд оҳангсозоне, ки худашон оҳангҳои эҷодкардаашонро барои банда тӯҳфа мекунанд. Хушбахт ҳастам, ки чунин дӯстони ҳунарманд дорам. 

- Чӣ чиз хотири шуморо хуш мегардонад? 

- Қарсакҳои мухлисонам, табассумҳои онҳо. Ҳамаи он хотираҳои неке ки бо мухлисону пайвандонам дорам, хушам меояд. 

- Чӣ орзуест, ки Шуморо сӯи худ мехонад? 

- Ҳар як инсон дар дил як орзуе дорад. Ман ҳам мисли дигар одамон дар кунҷи қалбам орзуи худро дорам, ки дар ҷодаи санъату ҳунар ба қуллаҳои баланди ҳунари волои ин касби интихобкардаам муваффақ гардам. Ва баҳри кишвари азизам ва мухлисони меҳрабонам хидматҳо кунам. 

- Дар ишқ чӣ чизро хато мепиндоред? 

- Ишқ - ин калимаи Илоҳист. Агар ки ишқ - ишқи Илоҳӣ бошад, фикр намекунам, ки хато ҷой дошта метавонад. Аммо агар ишқи дурӯғ бошад, ҳама чизро хато мепиндорам. Ҳатто зиндагиву зинда буданро.  

- Хиёнатро бахшидан мумкин аст? 

- Албатта не. Шахсан ман ҳаргиз хиёнатро бахшида наметонам. Фикр мекунам, ки хиёнатро бахшем, метавон мунтазири хиёнати навбатӣ буд. Барои ҳамин ман ҳаргиз хиёнату хиёнаткорро нахоҳам бахшид. 

- Мусиқии ба дил наздики шумо? 

- Аслан барои санъаткорон мусиқии ба дил наздик, таронаҳои эҷодшуда дар васфи Ватан, Модар, Ишқ, Муҳаббат ва ғайраҳо мебошанд. Шахсан ман он таронаҳоеро ба дил наздик мехонам, ки дар васфи Ватан сароида шуда бошанд. 

- Манбаи илҳоми ҳунарманди маҳбуб чист? 

- Ҳунарманд бояд пеш аз ҳама ошиқ бошад, ошиқи ватани азизу зебогиҳои табиати диёр ва инсонҳои наҷибу яздони пок. Баъдан дастгирии мухлисонам. Ва бояд ранҷи бисёр кашид, то дурри мақсуд ба даст ояд. Баъдан мо бояд дар консертҳои худ танҳо ва танҳо сурудҳои нав ба нав хонем. Он гоҳ мухлисонамон моро хуш мепазирад. 

- Рӯи саҳна омадан орзӯятон буд ё тасодуф шуд? 

- Дар аввал вақте ба саҳна омаданам, ман 3 - сола будам. Он вақт дар бораи орзу тассавуроте надоштам ва баъдан орзӯи ман гашт. Маҳз бо ҳидояти модарам ва устоди рақсам Мирзо Сатторов ман аз нозукиҳои ин пешаи заҳматталаб ва дар навбати худ нишотангез хеле бархӯрдор гардидаму саҳнаро ҷавлонгари орзуҳоям ҳисобидам. Ва аз соли 1992 сар карда, то ба имрӯз ман дар бисёр консерту чорабиниҳои фарҳангӣ ва озмунҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат варзидам. 

- Миҷгона ҳатман бо тӯҳфаҳои хотирмон ба Ватан, ба назди мухлисонаш бармегардад? 

- Албата. Чаро не? Дар нақша дорам, ки баъди бозгашт як консерти худамро барпо кунам, ки танҳо аз сурудҳои тару тоза иборат бошад. Баъдан боз ягон сюрпризи хотирмонро низ пешкаши мухлисонам хоҳам кард. 

-Як ҷаҳон ташаккур барои сӯҳбат! 

- Зинда бошед. Раҳмат бар шумо низ. 

Мусоҳиб Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»

Адресидоимиимаводимазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3861---l-----r.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi