НУРУЛЛОҲ АБДУЛЛОЕВ: «ТОҶИКИСТОН МЕТАВОНАД ПОЙГОҲИ АСЛИИ ГОЛЛИВУД ШАВАД»
Нуруллоҳ Абдуллоев аз ҷумлаи он ҳунармандони синамо ва театри тоҷик аст, ки дар ин авохир аксаран бо нақш бозидан дар филмҳои хориҷӣ масруф ҳастанд. Нақш бозидан дар филмҳои хориҷӣ ба ҳунармандони мо ба ғайр аз пайсаи хуб боз чӣ медиҳад? Нуруллоҳ Абдуллоев ахиран дар филмҳои кадом кишварҳо нақш бозидааст ва кадом нақшҳоро бозидааст ва аз ин ҳамкориҳо бо ҳампешагони хориҷиаш чӣ таассурот дорад? Ин Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ба ин ва суолҳои дигари хабарнигори мо чӣ гуна посух гуфтааст? Дар ин бора шумо аз мусоҳибаи зерин иттилои ҷолибе хоҳед гирифт.
-Мӯҳтарам Нуруллоҳ Абдуллоев, тибқи иттилое, ки дар даст дорем, Шумо дар ин авохир дар чанд филми истеҳсоли киностудияҳои мамолики хориҷӣ нақш бозидаед ва хеле ҳам муваффақона. Мешавад дар атрофи ду филми хориҷие, ки дар он нақш бозидаед, каме сӯҳбат намоем?
- Бо камоли мамнуният.
- Инҳо кадом филмҳоянд ва аз кадом мамолик?
-Яке аз ин филмҳоро синамогарони Фаронса бо иштироки ҳунармандони Голливуд ба навор гирифтаанд ва филми дигарро синамогарони қазоқ зери коргардонии режиссёри машҳури рус Егор Кончаловский.
-Биёед аввал дар бораи филми фаронсавиҳо сӯҳбат мекунем. Сюжети филм дар бораи чӣ аст?
-Воқеа дар филм чунин ҷараён мегирад, ки толибони афғон як гурӯҳи фарангиёнро ба гарав мегиранд. Баъдан тамоми гаравгононро ба қатл мерасонанд ба ҷуз як духтари журналист. Фармондеҳи толибон ба ин духтар дил мебандад. Аз ҳамин сабаб ба қатлаш иҷозат намедиҳад. Ман ки дар ин филм нақши муллои толибон мулло Зуканро бозӣ мекунам, исрор меварзам, ки ин духтарро низ ба қатл бирасонанд. Вале фармондеҳи толибон, ки аз ман ҷавонтар аст, розӣ намешавад.
-Нақши фармондеҳи толибонро кӣ бозӣ мекард?
-Дар нақшҳои ин филм асосан ҳунармандони Голливуд бозӣ мекарданд. Актёре, ки нақши ин фармондеҳи толибонро бозӣ мекард, дар филми «Принц Персии» яке аз нақшҳои асосиро бозидааст. Алфред Молина. Худаш итолиёвитабор аст.
-Филм асосан дар куҷои Тоҷикистон ба навор гирифта шуд?
-Ба наворгирӣ асосан дар деҳаи Дашти калони ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Бадахшони кӯҳӣ сурат гирифт. Дар хонаи яке аз сокинони деҳа лаҳзаи як ҷаласаи Шӯрои толибон ба навор гирифта шуд, ки дар он ҳамин мулло Зукан, яъне ман, дигаронро сарзаниш мекунам, ки ба фармонҳои Шӯро итоат намекунанд ва ҳукми қатлро ба ҷо намеоранд. Дар нақши сарбозони толибон ҷавонони маҳаллиро гирифтанд. Қариб дусад нафар ҷавонони бадахшонӣ дар лаҳзаҳои гуногуни ҳамин филм ба навор гирифта шуданд.
-Оё «толибони бадахшонӣ» дар даст силоҳ доштанд?
-Бале, тамоми намуди силоҳро доштанд. Ин силоҳҳоро синамогарони Фаронса бо худ оварда буданд. Албатта ҳамаи ин корҳо бо мақомоти марбутаи кишвари мо ҳамоҳанг шуда буд. Азбаски эпизодҳо дар марз бо Афғонистон ба навор гирифта мешуд, мақомоти марбутаи тоҷик ғами таъмини амнияти банаворгирандагони филмро низ мехӯрданд.
-Номи филмро нагуфтед?
-Масъулони наворбардорӣ ҳатто номи филмро махфӣ нигоҳ медоштанд. Як номи шартӣ монда буданд. «Миссия - комилан махфӣ». Баъди Тоҷикистон онҳо ният доштанд, ки наворбардориро дар Алҷазоир идома диҳанд. Филмро яке аз киностудияҳои бонуфузи давлатии Фаронса ба навор мегирифт. Ба фикрам маблағи калонеро барои таҳияи ин филм ҷудо карда будаанд. Масалан барои ҳар рӯзи кории ширкаткунандагон дар «массовка» чорсаддоларӣ медоданд. Тасаввур кунед, чорсад доллар дар як рӯз. Онҳо як моҳ дар ин ҷо буданд. Кӯчаҳоро, масалан, чанд кӯчаи Хоруғро барои чанд рӯз хариданд. Кӯчаҳоро банд мекарданд. Дигар касе ҳаққи бо ин кӯчаҳо рафту омад карданро надошт. Барои он ки кӯчаҳои шаҳри Хоруғ ба кӯчаҳои деҳоти Афғонистон монанд шаванд, ба болои асфалти рӯи роҳ махсус хок мепошиданд.
Барои овардани хоку пошидани он ва баъдан тоза кардани кӯчаҳо аз хок пул медоданд. Ин корро мардуми маҳал мекарданд ва барои ин корашон пул мегирифтанд. Дар як рӯз аз сад нафар зиёд ба «массовка» ҷалб мешуд. Шарт ҳамин буд, ки риш дошта бошанд, либоси афғонӣ пӯшанд, силоҳ дар китф бигарданд. Ба ҳамаи инҳо дар як рӯз се бор хӯроки бепул медоданд. Ҷои хоб низ бепул буд. Мо, ҳунармандон дар меҳмонхонаи санаторияи «Гармчашма», ки як утоқаш дар як шабонарӯз 200 доллар арзиш дошт, хоб будем. «Массовик»-ҳо, яъне «сарбозони т олибон», дар пансионат хоб мекарданд. Бовар кунед, тамоми хӯрокаро аз Фаронса тавассути тайёраҳо меоварданд. Ҳатто обро. Пленкаи кино хеле қиммат аст. Ҳамин Тасма. Кино ҳама дар пленка гирифта мешавад.
Як метри пленка 8 евро қиммат дорад. Дар як сония аз 24 то 70 кадр дар ҳамон таҷҳизот мегузарад. Дар як сония қариб, ки якуним метр пленка мегузарад. Тасаввур кунед, барои як серия филм, барои як соат қариб 10 ҳазор метр пленкаи тоза даркор аст. Инҳо бошад ҳар эпизодро 10-12 то 20 дубл мегиранд. Пленкае, ки дар он филм гирифта шудааст, бояд ба он равшанӣ нарасад, зарба нарасад. Аз Ишкошим онро бо мошини махсус ба Хоруғ меоварданд. Аз Хоруғ онро ба Душанбе бо тайёра ва аз Душанбе ба Фаронса низ бо тайёра мебаранд.
Баъди дар Фаронса дидан ба инҳо занг мезаданд, ки дар фалон пленкаатон камбудӣ нест ва ё дар фалонаш ҳаст, аз нав ба навор гиред. Баъди ин дар ин ҷо ба гирифтани давоми филм сар мекарданд. Фақат сад нафар ронандаҳоро бо мошинҳояшон ба кор гирифта буданд. Ба онҳо барои як километр роҳ рафтан шаст сент медоданд. Бензин аз ҳисоби фаронсавиҳо буд. Масалан шофере, ки аз Хоруғ маро ба Душанбе овард, барои 700 километри роҳ қариб 500 доллар гирифт. Аз ин ҷо низ маводи хӯрока гирифта мебарад боз 500 доллар мегирад. Хулоса дар як рафтану омаданаш 1000 доллар даромад мекард.
-Пас ба гуфтаи Шумо мардуми маҳал аз омадани гурӯҳи синамогарони хориҷӣ бурд карданд. Соҳиби маблағ шуданд?
-Бале, мо агар битавонем бо синамогарони хориҷӣ нағз муомила кунем, онҳоро фиреб накунем, Тоҷикистон бо ин манзараҳое, ки дорад, бо ин потенсиали эҷодие, ки дорад, метавонад дар ояндаи наздик ба яке аз пойгоҳҳои аслии Голливуд табдил ёбад. Ин бад нест. Даҳҳо нафар ҷойи кор пайдо хоҳанд кард. Ин магар бад аст? Ё худ манзараҳои табиати зебои мо тавассути ҳамин филмҳо метавонад таблиғ шавад.
-Чӣ чиз онҳоро водор месозад, ки чунин маблағҳои калонро харҷ намоянд?
Онҳо боварӣ доранд, ки намоиши филмашон маблағи сарфшударо бо изофаи як бар сад бозпас хоҳад овард. Барои ҳамин вақте, ки ман ба мардум мегӯям, ки бизнеси филм баробари газу нефт даромад дорад, мутаасифона, мардуми мо намефаҳманд ин чизро. Мутаасифона, ин чизро на сарватмандонамон мефаҳманду на масъулини соҳа. Баъд «Беҳуда хорам мекунӣ» мебароранд ё «Дар орзуи падар». Ин филмҳо ба ғайр аз деҳоти худамон боз ба кӣ даркор бошанд?
-Ин чизро мо дар мисоли ҳиндуҳо хеле возеҳ мебинем. Қабл аз замони Раҷ Капур ҳиндуҳо фаҳмиданд, ки кино ҳам пул ҳасту ҳам тарбияи ҷомеъа.
- Бале, дур наравем, ҳамин Ӯзбекистон дар як сол то 80 филми ҳунарӣ ба навор мегирад. Аз ҳамин 80 филм агар ду филмаш ба арсаи ҷаҳонӣ барояд, бисёриҳо дар бораи ин кишвар таассуроти муайяне ҳосил мекунанд, ки таъсири он ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти хоҷагии халқи кишвар мерасад.
-Агар махфӣ набошад ба шумо чӣ қадар ҳаққи кор медоданд?
Тибқи шартнома ҳар рӯзи кории ман 900 евро муайян шуда буд. Барои иҷрои нақш ба ман як рӯз ҷудо карда буданд. Вале вақте ки ман шурӯъ кардам ба бозидани нақши худ шояд ба сенарист ва коргардон бозидани ман писанд омад, ки боз чанд эпизоди дигарро низ бо ширкати ман ба филм ҳамроҳ карданд. Ҳамин тариқ, дар зарфи чор рӯз чаҳор эпизодро бо иштироки ман ба навор гирифтанд ва дар хотима ҳам гуфтанд, ки нақши шумо ҳанӯз поён наёфтааст. Мо шуморо ё ба Фаронса ва ё ба Алҷазоир даъват хоҳем кард.
-Аз ҳунармандони театру синамои тоҷик боз киҳо дар наворбардории ин филм ширкат карданд?
-Каси дигар набуд. Дар «массовка», чи тавре гуфтам, бачаҳои бадахшонӣ буданд.
- Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки шумо бо актиёрони Голливуд аз наздик шинос шудед. Масалан бо Ҷимон Ҳонсу, ки ба тамошобини тоҷик аз рӯйи филми «Гладиатор» шинос аст. Ӯ дар ҳамин филм яке аз нақшҳои асосиро бозӣ карда буд. Дар хотири шумо чи чизи муҳим аз ин дидорҳо нақш бастааст?
-Пеш аз ҳама он чиз дар хотири ман нақш баст, ки ҳамин Ҳонсу мо актёрони тоҷикро ба танбалӣ муттаҳам кард. «Шумо кори бисёр дореду кор намекунед»-, мегуфт ӯ. Баъд фаҳмам ӯ системаи моро намедонистааст. Аз нақли ӯву ҳамон Алфред Молина чунин бармеомад, ки онҳо хеле бадавлатанд. На танҳо дар кишварҳое, ки кору истиқомат мекунанд, боигарӣ доштаанд, балки дар Амороти Муттаҳидаи Араб, дар Америкаи ҷанубӣ ва дар дигар ҷойҳо фурӯшгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, ресторанҳо доштаанд. Аз набудани маблағ танқисӣ намекашидаанд. Вале ҳамин ки як соат ва ё ду соат вақти холӣ пайдо мекардаанд, кӯшиш мекардаанд, ки се чор танга пайдо кунанд.
Масалан Ҳонсу мегӯяд, ки «ман ҳамин ки бекор шудам, ба кӯча мебарояму ба бачаҳои кӯча дарси актёрӣ медиҳам. Ҳар соаташ панҷ доллар. Агар дар як рӯз ба 10-12 бача ду ё се соатӣ дарс диҳам, ҳисоб кунед, чӣ қадар пул мешавад. 150-180 доллар. Дар се соат 180 доллар кам аст магар?». Тибқи гуфтаи Ҳонсу вай шояд ба пули дарси ҳамин бачаҳо эҳтиёҷ надошта бошад. Вале медонад, ки агар бекор нишинад, шояд ба бекорӣ одат кунад. Аз ҳамин рӯ як соат ҳам набояд бекор нишинад. Ману Ҳонсу дар синну сол шояд кам фарқ дошта бошем. Вале вақте, ки бадани урёни ӯро мебинӣ, хаёл мекунӣ, ки он аз мармари сиёҳ тарошида шудааст.
- Ҳонсу дар филм кадом нақшро бозӣ мекунад?
-Ҳонсу дар филм нақши корманди амниятии ИМА-ро бозӣ мекунад. Барои халосии гаравгонҳо фаронсавиҳо аз ИМА кӯмак металабанд. Ва амрикоиҳо ҳамин кормандашонро бо ҳамроҳии гурӯҳи махсусашон ба кӯмаки фаронсавиҳо мефиристанд.
- Акнун дар бораи филми қазоқӣ биёед сӯҳбат кунем.
-Дар ҳамин авохир ман дар як филми қазоқҳо, ки режиссёраш Егор Кончаловскии рус буд бо номи «Полковники ҳақиқӣ» нақш бозидам. Ҷолиб он буд, ки филм дар аввал «Қара майор» ном дошт. Мушовири филм Каримбоев -ҳамон нафаре буд, ки филм дар борааш нақл мекард. Қаҳрамони филм дар замони дар Афғонистон хизмат карданаш майор буд. Ҳоло унвони полковникро дошт. Ман дар ин филм нақши як мӯсафедро бозӣ мекардам. Мӯйсафеде, ки аз ҳамин ҷанги Афғонистон дилгир шуда аз мардум ҷудо шуда ба гӯшае мераваду дар он ҷо бо нигоҳубини ҳамон бузу гову гӯсфандонаш машғул мешавад. Боре аз гӯшаи узлат барои баровардани ҳоҷате берун мебарояд, ки дар байни ҷанг мемонад.
Дар ин ҷанг қаҳрамони филм баъди таркиши снаряд сахт захмӣ мешавад. Мӯйсафеди афғон ӯро гирифта ба хонааш мебарад. Дар он ҷо мебинад, ки пояшро буридан лозим меояд. Мӯйсафед пойи афсари шӯравиро бурида захмашро ба равғани доғ зада, баъдан хунравиро боздошта, ӯро ба хари худаш савор менамояду харро ба самти шӯравиҳо равон мекунад.. Худаш намеравад чунки агар афғонҳо фаҳманд, ки ӯ шӯравиро наҷот додааст, ӯро мекушанд. Тибқи сенарияи аввал нақши ман бояд дар ҳамин ҷо поён меёфт. Яъне мӯйсафед корашро кард. Тамом. Вале шояд тарзи иҷроиши ин нақш ба сенарист ва Егор Кончаловский маъқул шуд, ки нақши мӯйсафедро идома доданд.
Баъди сӣ сол қаҳрамони филм, ки акнун дар яке аз донишкадаҳои низомӣ дарс мегӯяд, барои ба навор гирифтани ҳамон роҳҳое, ки дар ҷавонӣ тай карда буд, ба Афғонистон меравад ва бо ҳамин мӯйсафед вомехӯрад. Мӯйсафед аз дидани афсари шӯравие, ки ҷонашро халос карда буд, шод шуда боз ба ӯ дар бораи қабристони аскарони шӯравӣ маълумот медиҳад. Қабристоне, ки худаш онро обод кардааст ва дар он сарбозони рус хобидаанд. Ба наздикӣ аз Маскав баргаштам. Падари Егор Кончаловский маро ба Маскав даъват карда буд. Аз имтиҳонаш гузаштам. Худо хоҳад дар як филми нави ӯ нақши яке аз шайхҳои арабро бозӣ хоҳам кард.
- Ба фикри Шумо дар филми қазоқӣ кадом лаҳзаи ба наворгирӣ бароятон ҷолиб буд?
-Дар Қазоқистон вақти наворбардории ҳамин филми «Полковники ҳақиқӣ» (ахиран қарор шуд, ки филмро ҳамин тавр номгузорӣ кунанд) як кори аҷоиб шуд. Ба наворгирандагон дар як дашт як деҳаи афғонӣ сохтанд Бештари воқеаҳо бояд он ҷо мегузашт. Вақте, ки ба наворбардорӣ оғоз мекунанд, мебинанд, ки дар деҳа фақат қазоқҳо ҳастанд. Ин чиз бисёр бад ба чашм мехӯрд. Масъулин ба Алмаато рафта мехоҳанд тоҷиконро аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ биёранд. Аммо касе аз тоҷикон ба гапи онҳо бовар намекунад. Хаёл мекунанд, ки фиребашон медиҳанд. Ман гуфтам, ки агар иҷозат диҳед ман рафта онҳоро меорам. Гуфтанд, ки агар ин корро кунӣ маоши шуморо боз бештар хоҳем кард. Ман ба бозори Алмаато рафтам. Ба гирдам бачаҳои тоҷики зиёде ҷамъ шуданд. Масъаларо фаҳмондам. Розӣ шуданд. Ҳамин тариқ рӯзи кориашон панҷсад долларӣ муайян шуд. Онҳо қариб 10- 15 рӯзӣ кор карданд. Маоши хубе ҳам ба даст оварданд.
- Шунидам, ки дар ҳамин филми қазоқӣ вақти иҷро кардани ҳамон нақши мӯйсафеди афғон шумо як суруди Аҳмад Зоҳирро замзама кардаед. Он кадом суруди ин овозхони нотакрор буд?
-Маълум аст, ки мо, тоҷикон Аҳмад Зоҳирро зиёд дӯст медорем. Ман истисно нестам. Вақте ба ман гуфтанд, ки дар филм ҳамин мӯйсафед бояд як суруди афғониро замзама кунад, ман гуфтам, ки албатта он суруди Аҳмад Зоҳир хоҳад буд. Баъдан барои дар филм замзама кардан як суруди Аҳмад Зоҳирро омода сохтам. Он суруд чунин оғоз мешавад:
Раҳон маро, раҳон маро,
Аз дарду нотавонӣ,
Аз сӯзи ҷовидонӣ,
Аз тундбоди хазонӣ,
Аз ашки арғувонӣ,
Овора, бечора,
Қалби ман садпора,
Раҳон маро, раҳон маро.
Як чизро бояд бигӯям, ки ҳоло дар киностудияҳои машҳури ҷаҳон расм шудааст, ки ба танаи ҳамон актёре, ки дар кино нақш мебозад, пеш аз ба навор гирифтани лаҳзаҳои филм микрофонҳои хурди зиёде насб мекунанд. Ҳатто ба пойҳои онҳо чунин микрофонҳоро мечаспонанд. Ба либосҳои ман ҳам чунин микрофонҳои бисёреро часпонда буданд. Ба истилоҳ ҳар қадами мо аз сӯйи коргардони овоз сабт мешуд. Дар вақти дамгирӣ ман ба ғайри суруди мазкур сурудҳои дигари Аҳмад Зоҳирро барои худам замзама мекардам. Боре суруди «Ман ронда зи майхонаам аз ман бигурезед»-ро замзама кардам:
Ман ронда зи майхонаам, аз ман бигурезед,
Саргашта чу паймонаам, аз ман бигурезед.
Бар зоҳири ободи ман умед мабандед,
Ман хонаи вайронаам, аз ман бигурезед.
Режиссёри овоз ин лаҳзаро низ сабт карда будааст. Ҳамин сурудро вақте, ки мешунавад, ба ӯ сахт маъқул мешавад ва дар вақти монтажи овозҳои қаҳрамонони филм ҳамин сурудро интихоб мекунанд. Композитори ҳамин филм, ки Вадим ном дошт ва фамилияашро мутаассифона, фаромӯш кардам, вақте, ки ду диск сурудҳои Аҳмад Зоҳирро аз ман гирифта ба шунидан оғоз кард, дигар наметавонист худро аз назди DVD биканад. Одатан бегоҳиҳо дастандаркорони филм якҷо нишаста дар сари як «қадаҳ шароб» дар бораи корҳои кардаи худ гап мезаданд. Аз ҳама зиёд Вадим арақ менӯшид.
Вале вақте, ки аввалин таронаи Аҳмад Зоҳирро шунид, дигар тарки арақхӯрӣ карда фақат сурудҳои ин овозхони нотакроррро гӯш мекард. Мегуфт «ман барои худ як дунёи навро кушодам». Боре аз ман ҳатто суол кард: «Ман кай метавонам ин одамро бубинам ва бо ӯ мулоқот кунам?». Ман бо шӯхӣ ба ӯ гуфтам, ки «агар арақхӯриро бас накунӣ, имкон дорад, ки аз чашмдоштат тезтар ба зиёрати ӯ бирасӣ». Чун зиндагиномаи Аҳмад Зоҳирро шунид бисёр изҳори таассуф кард, ки чаро то имрӯз бо гузашти чандин солҳо чунин як садои ғайриоддиро бори аввал мешунавад. Шумо тоҷикон хушбахт ҳастед, ки чунин сарояндаи фавқулодда бузург доред,- гуфт бо ҳавас ӯ.
-Ташаккури зиёд барои сӯҳбат. Муваффақият бароятон мехоҳам.
Мусоҳиб Султони Ҳамад
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3862---l-----r.html