23:54:18 06-уми Июни 2025 сол

МАҲФИЛИ ШЕЪРУ СУРУДИ ҲАҚНАЗАР ҒОИБ

Имрӯз, 15-уми декабр, дар толори маҷлисҳои бинои марказии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон маҳфили шеъру суруди Шоири Халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб баргузор гардид. Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ ректори Донишгоҳ Нуриддин Саидов кушод.

 

mahfili haqnazarСипас Ҳақназар Ғоиб шеърҳои ба тозагӣ эҷод намудаашро ба аҳли толор, ки асосан аз донишҷӯён иборат буданд, қироат кард. Дар маҳфили шеъру суруди Ҳақназар Ғоиб Шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, Сайидалӣ Маъмур дар бораи соҳибҷашн  ва эҷодиёти ӯ ибрози нуқтаи назар намуда ашъори ба ӯ бахшидаашонро пешкаши аҳли толор карданд. Дар ин маърака Ҷӯрабек Муродов, Артисти Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, Қурбоналӣ Раҳмон, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон бо ансамбли «Сомон», Хосияти Зарафшонӣ, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон суруду таронаҳои бар ашъори Ҳақназар Ғоиб эҷод намудаи худро суруданд.

 

Дар хотима Ҳақназар Ғоиб ба суолҳои донишҷӯён посух дода ба хоҳишмандон соядаст тақдим намуд ва аксҳои хотиравӣ гирифт.

 

Хушбахти Нарзуллоҳ, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3881-2010-12-15-11-16-19.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854