МУШКИЛИ ЗАБОН ДАР ТОҶИКИСТОН БА ОСОНӢ ҲАЛ НАМЕШАВАД
(Қисмати дуввум)
Роҳи ҳалл кадом аст?
Беҳтарин ва корсозтарин роҳи ҳалли ин мушкилот пешниҳоди донишманди мӯҳтарам Обид Шукурзода ҳаст, ки мегӯяд, гузаштан ба алифбои форсӣ ҳама мушкилро ҳал мекунад. Масъалаи гузаштан ба алифбойи пешини забони модариамон акнун ба як воқеияти фавқулода табдил шудааст, ки он метавонист ба ҳама ин хараҷу мараҷ дар забон, гуфтор, навиштор, талафузу овои лаҳҷаҳо – ба якборагӣ хотима бахшад. Вале тавре дида мешавад, ин масъала барои бархе аз мардуми кишвари мо ҳанӯз ҳам захми дарднок аст.
Мисоли барҷастаи ин гуфта ҳамоно истифодаи алифбойи форсӣ дар Ирону Афғонистон аст, ки ин ду кишвари ҳамзабони мо аз ин гуна мушкилоти хурду резаи овойӣ ва имлойӣ ва гоҳи дигар аз мушкилоти умдаи истилоҳоту шикастарезии ҷумлаву гуфтор амалан озод ҳастанд. Далелаш ин аст, ки забони форсӣ бар пояйи алифбойи побарҷойи худ дар тӯли садсолаҳо хеле корхӯрда, меъёрӣ ва нормативӣ шудааст, ки дигар ба ислоҳот ниёз надорад. Ончуноне ки вожаву истилоҳоти фаровоне дар миёни ду кишвари Ирон ва Афғонистон бидуни мушкилоте мавриди истифода қарор мегиранд ва донишмандони онҳо барои ҳамеша аз баҳсу норизоият бар сари гуфтору навиштори Ӯ-и дароз ва У-и кӯтоҳ озоданд.
Вале дар ҳоли ҳозир мушкили кишвари мо дигар аст. Зеро бадхоҳони забони мо тавонистаанд дар тӯли солҳо бунёди ово ва имло, калимаву вожа ва ҷумлаи забони моро ба бероҳа бикашанд, ки ин амр имрӯз барои бархе гӯё ба ифтихоре табдил шудааст. Чун ҳоло мардум ва кишвари мо дар рӯбарӯйи амалӣ кардани ин ормон ва пойгоҳи бузурги тараққӣ (пазируфтани алифбойи форсӣ) дасти кӯтоҳ доранд, биноан, ҳадди ақал ба миён овардани меъёрҳои воҳиди имло дар алифбойи мавҷуд низ гоми барҷастае дар боло рафтани сатҳи маърифати мардум хоҳад буд.
Мушкили ислоҳ ва табдили алифбо
Мавзӯйи табдили алифбо ҳам душмани дохилӣ ва ҳам душманони хориҷӣ дорад. Ҳамагон медонем, ки агар ҳукумати мо, ҳатто баройи мисол танҳо як ҷумла бигӯяд, ки «мумкин аст мо ба алифбои форсӣ бигузарем», он гоҳ мебинем, ки дар кадом нуқтаҳои олам таркиш ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, дигар ин ормон чун хазандае дар чоҳе андохта шуда ва сари он чоҳро барои муддате қирпӯш кардаанд. Аммо масъалайи тағйирот дар алифбои мавҷуд низ амри муҳим ва аз сӯйи дигар, хеле мушкили умда аст. Агарчи бештарини мардуми соҳибидроки мо аз мушкилиҳои алифбойи мавҷуда огоҳӣ доранд ва ҷонибдори ворид кардани дигаргунӣ дар он ҳастанд, вале мо дар рӯбарӯ дар дохили кишвар гурӯҳҳое ҳам дорем, ки дар сари ин мавзӯъ сарусадоҳоеро ба вуҷуд меоранд. Бархе аз ин гурӯҳҳо дар аввал аз ғалаткориҳое, ки дар гузашта ҳангоми тартиб додани ҳамин алифбо ҷорӣ шудааст, сарсахтона пуштибонӣ хоҳанд кард.
Гурӯҳҳое ҳам ба хотири ғаразҳои маҳаллиашон садо баланд мекунанд. Ашхосе ҳам пайдо мешавад, ки дониставу надониста ҷоҳилона барои халал ворид кардан ба пешрафти кори ислоҳот бо баёни андешаҳои муғлақ афкори мардумро ба сӯйи дигар мекашанд. Ва ниҳоят, гурӯҳи вобаста ба афкору андеша ва забону фарҳанги бегона ба ҳама гуна тағйирот мухолиф хоҳад буд. Душманони дохилии рушди забони тоҷикӣ як силоҳе сохтаанд, ки онро «забони эронӣ» ном гузоштаанд. Маълум аст, ки чунин забоне вуҷуд надорад. Онҳо ба воситаи намояндагони бешумори худ, ки дар пойтахт ва шаҳрҳои бузурги кишвар дар мақомоти давлатӣ ҷой гирифтаанд, ҳар фарди тозаҷӯю тозаандешро, ки аз вожаҳои нави форсӣ-тоҷикӣ истифода мекунад, ба барчаспҳои «эронӣ, эронча, афғонӣ, афғонча» ва м. и. гунаҳкор мекунанд.
Агар чунин набуд, вожаҳои комилан зебойи тоҷикии «кишвар», «марз», «нерӯ» ва чанде дигар бо гуноҳи «эронӣ» будан аз истифода маҳрум ва калимаҳои бегонае чун «мамлакат», «сарҳад» ва «қушун» мавриди корбурд қарор намегирифт. Ин гуна ашхос бо ворид кардани тарс дар зеҳни бисёриҳо аз номи Ирон ва ироният мардумро аз асли худ ва аз истифодаи вожаҳои ноби тоҷикӣ дур мекунанд ва ин корро ҳадафмандона пеш мебаранд. Акнун, ки замони эҷоди низоми истилоҳоту вожаҳои меъёрии забон фаро расидааст, бояд маломату дастдарозии бегонагонро як сӯ бигзорем. Ин қабил одамон хеле аз ҳукуматдорони моро ҳам водор кардаанд, ки номи модари забонамон – форсиро ба забон нагиранд ва дар муқобили он бадбин бошанд ва муттассифона, ин душманон то ҷойе муваф¬фақ ҳам ҳастанд.
МУШКИЛОТИ БАЁНУ НАВИШТОР
Мушкили баён
Мушкили баён, манзур калимаву ибораву ҷумлаҳои ноқису ғалат аст, ки чи дар гуфтору чи дар навиштор забони моро саросар фаро гирифтааст. Истифодаи барғалати вожаҳо, ноҷо истифода бурдани калимаҳо, бемавқеъ ҷой додани калима дар ҷумла, ҷумлаҳои шикастапораи бефеълу бехабар ва мисли ин чанде дигар костагиҳо дар забони мо ба ҳукми анъана даромада, ба оҳистагӣ ба ғалати омм табдил мешаванд. Ман ба ҳамаи хабарнигорони муҳтарами кишвар изҳори сипосу қадрдонӣ мекунам, ки дар амри таҳаввулоти забони даврони нав саҳми арзанда доранд.
Ба туфайли тозакории бештарини онҳо садҳо калимаву вожаҳои тозаи форсии тоҷикӣ забони моро поктар, хушоҳангтар ва ниҳоят тоҷикитар кардааст. Беҳтар аз гуфтаи профессори муҳтарам Додхудо Саймиддинов дар ин мавзӯъ сухане гуфтан амри маҳол аст: «Вақте насли русизадаи пешин ҳоло шикоят мекунанд, ки забон барояшон номафҳум шудааст, ман хурсанд мешавам. Зеро медонам, ки ин нишонаи пешрафти забонамон аст». Вале бо камоли таассуф, шумораи касоне, ки маъниву ҷойгоҳи вожаҳоро надониста ва нодуруст истифода мебаранд, низ фаровон аст.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>