21:36:43 02-уми Июни 2025 сол

НАШРИ НАХУСТИН ДЕВОНИ КОМИЛИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Тоҷикистон нахустин девони комили ашъори Камоли Хуҷандӣ, шоъир ва мутафаккири қарни чордаҳ бо кӯмаки молии мақомоти вилояти Суғд ба нашр расидааст. Чопи девони Хоҷа Хуҷандӣ ба муносибати 690-умин солгарди таваллуди ин шоъири тоҷик бахшида шудааст.

 

divaan kamolАҳмадҷони Раҳматзод, раиси бахши Иттиҳоди нависандагони вилояти Суғд ва муҳаррири ин девон гуфт, ки нахустин девони комили ашъори ин шоъир дар Хуҷанд бо кӯмаки молии мақомоти давлатии ин шаҳр бо теъдоди як ҳазор нусха мунташир шуд. Оқои Раҳматзод, гуфт, дар чопи ин девон Абдуҷаббори Суруш, шоъири маъруф, Саидумрон Саидов, донишманди тоҷик, профессурон Абдуманнон Насриддинов ва Умеда Ғаффорова саҳм гирифтаанд. Гуфта мешавад, ин девон кулия абёти осори шоъирро фаро гирифитааст.

 

Вай афзуд: «Дар замони Шӯравӣ, мутобиқи идеолужии он давр, зимни чопи китобу девонҳои адибони клоссик калимаҳои «оллоҳ», «худо», «расул» ва сойири вожаҳое, ки хусусияти мазҳабӣ доштанд, лағв мешуданд.»

 

Ҳамин гуна дар солҳои 1983-1984 интишороти “Ирфон”-и Тоҷикистон девони Камоли Хуҷандиро дар ду ҷилд, ки аз сӯйи Шарифҷон Ҳусейнзода, пруфессур ва адабиётшиноси маъруф мураттаб гардида буд, нашр карда буд. Нурмуҳаммад Ниёзӣ, шоъири тоҷик мегӯяд, ки ҳарчанд дар гузашта, девони Камоли Хуҷандӣ дар ду ҷилд нашр шудааст, вале девони ҷадиди Хоҷа Камол шакли комил ва саҳеҳи осори ин адибро ба хонанда пешниҳод мекунад.

 

Вай гуфт: "Дар девони қаблӣ баъзе аз абёт пароканда буданд ва ё умуман ҳазв шуда буданд. Вале дар ин девон ҳамагӣ абёт гирд оварда шудаанд. Ҳарчанд Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ҳанӯз дар замони зиндагиаш соҳибдевон буд ва дар адабиёти клоссикии тоҷик аз мақоми вижае бархурдор аст."

 

Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси Иттиҳоди нависандагони вилояти Суғд мегӯяд, ки тафовути ин девон аз девони қаблӣ дар он аст, ки аз лиҳози матншиносӣ тасҳеҳи байтҳои шоир, мисраъҳое, ки шоир аз оёти Қуръон истифода бурдааст, гирдоварӣ шудаанд. Ҳамчунин аз лиҳозӣ пулиграфӣ ҳам девон зебост.

 

Камоли Хуҷандӣ, ки зодаи шаҳри Хуҷанд аст, аз адибони саршиноси адабиёти форсу тоҷик маҳсуб мешавад. Феълан дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, боғи тафреҳӣ ва хиёбоне Камоли Хуҷандӣ номгузорӣ шудаанд. Дар хиёбони марказии Хуҷанд муҷассамаи ин адиб низ гузошта шудааст. Ҳамчунин устондории Суғд барои аҳли адаб ҷоизаеро ба номи Камоли Хуҷандӣ таъсис додааст, ки ҳамасола барои беҳтарин адиби сол эъто мешавад.

 

Бовар намекунанд, ки гӮям: хуҷандиям!

Тибқи сарчашмаҳои торихӣ Камоли Хуҷандӣ соли 1318-и мелодӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба дунё омадааст. Дар тазкираҳо омадааст, ки Камол айёми кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоиашро дар зодгоҳаш, Хуҷанд сипарӣ кардааст. Вай дар мадориси Самарканд, Тошканд (Чоч) ва Хоразм таҳсил карда, илмҳои замонашро андӯхтааст. Камол танҳо ба адабиёт шавқу ҳаваси беандоза дошта, шеъру нақл, ривояту афсонаҳои фаровонеро аз ёд медонистааст.

 

Дар сарчашмаҳои торихӣ омадааст, ки Хоҷа Камол пас аз хатми таҳсил муддате дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва Хоразм ба сар бурдааст. Аз рӯйи тазкираҳо Камоли Хуҷандӣ тахминан дар синни 40-45 солагиаш бо роҳи Ҳиҷоз ба зиёрати ҳаҷҷ рафта ва дар роҳи бозгашт дар шаҳри Табризи Эрон сукунат кардааст. Замоне, ки Тӯхтамишхон (сарлашкари муғулҳо ва ҳокими Олтинӯрда) дар соли 1385 мелодӣ ба Табриз ҳамла меорад, Камолро ба худ ба Олтинӯрда мебарад.

 

Вай шаҳри Сарой (ҳоло дар наздикии вилояти Астрахани Русия) ҳаёти осудаҳолона ба сар бурдааст. Амир Темур ва ё Темурланг, сарлашкар ва асосгузори давлати Темуриён дар қарни охири XIV – ибтидои қарни XVI, дар соли 1395 ба шаҳри Сарой ҳамла меорад ва ин шаҳрро тасарруф мекунад.

 

Шоъир пас аз 10 -11 соли ҳиҷрат ба Табрез бармегардад, зеро аҳли хонаводааш дар ин шаҳр ба сар мебурданд. Дар ин солҳо Камол зиндагии фақирона доштааст. Вай умри дароз дида, вале ҳаёти ӯ дар ғурбат ва бенавоӣ пушти сар шудааст. Хоҷа Камоли Хуҷандӣ дар соли 1401 дар синни 83 солагӣ дар шаҳри Табрез аз олам даргузашт. Аз Камоли Хуҷандӣ девони ашъоре мерос мондааст, ки аз 7335 байт иборат аст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4594-devoni-kamoli-khujandi.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854