ШОИР, НАВИСАНДА ВА МУҲАРРИРИ ЗАМОН
Дар Душанбе маҳфили бузургдошт аз садумин солгарди рӯзи таваллуди Абдусалом Деҳотӣ, шоир ва нависандаи фақиди тоҷик баргузор шуд. Ширкаткунандагони аслии ин маҳфил, ки ба ибтикори Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон доир шуд, шуъаро, нависандагон ва адабиётшинсон будаанд.
Дар ин нишаст, ки рӯзи душанбеи 14 март доир шуд, бо ёдоварӣ аз осори насрӣ ва назмии Абдусалом Деҳотӣ гуфта шуд, ки гирифтории фаъолиятҳои таҳририи шоир ва нависанда Деҳотӣ ба вай имкони эҷоди осори бештареро надодааст. Дар ҳамоиши адибон ба нақши босазоӣ Деҳотӣ дар таҳрири луғати тоҷикӣ дар авоили солҳои 1940 таъкид шуд. Вале ба гуфтаи Окодемисиян Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди саршинос зимни суханронӣ дар ин маҳфил гуфт: “Абдусалом Деҳотӣ ҳатто дар таҳрири луғат ва тарҷимонӣ истеъдоди хосе дошт. Вай шогирди содиқи Садриддин Айнӣ, нависандаи барҷастаи аввоили қарни 20 адабиёти тоҷикӣ-форсӣ буд ва ҳарчанд дар эҷодиёташ аз устоди худ пеш нарафтааст, вале воқеъан шогирди шоистаи устод Айнӣ буд.”
Созандагони даврон
Ин дар ҳолест, ки баъд аз касби истиқлол дар Тоҷикистон бархе аз олимони ҷавон шуъаро ва нависандагони даврони Шӯравӣ дар ин кишварро ба замонасозӣ ва муҳтавои осори онҳоро “ситоиши даври куммунизм” унвон мекунанд. Аммо Муъмин Қаноъат, шоир ва яке аз чеҳраҳои адабии саршинос дар Тоҷикистон мегӯяд, ки бисёре аз шуъаро ва нависандагони даврони Шӯравӣ ва аз ҷумла Абдусалом Деҳотӣ бозсозони даври худ буданд ва дар эҷодиёти худ ҳеҷ гоҳе ноогоҳона замони худро насутудаанд.
Шоир Қаноъат мегӯяд: “Бидуни осори шоирон ва нависандагони даврони Шӯравӣ дастёбӣ ба саводнокии сокинон дар Тоҷикистони ақибмонда ва ё ободии манотиқи мухталифи кишвар аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳо ва парвариш додани заминҳои хушки водии Вахш номумкин мебуд. Ин адибон ва Абдусалом Деҳотӣ ба замони худ ва он чи онҳо эҷод мекарданд бовар доштанд. Онҳо ҳеҷ гоҳе супоришҳои мақомоти даврро иҷро намекарданд ва эҷодиёти онҳо аз сидқи дилашон ва беғаразона буд.”
Шоир Қаноъат мӯътақид аст, ки Абдусалом Деҳотӣ ҳануз ҳам дар миёни хонандгон дар Тоҷикистон аз маҳбубияти хосе бархурдор аст. Ҳарчанд гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон фарҳанги китобхонӣ дар даҳсолаҳои ахир коста шуда ва ҷавонон бештар барои дарёфти иттилоъ ба интернет ва телевизюну родиюҳо муроҷеъат мекунанд.
Ҳамчунин ба гуфтаи адабиётшинсон, тадриси нокофии таърихи адабиёти клосик ва замони Шӯравӣ дар макотиби ҳамагонӣ ва донишгоҳҳои олӣ ва теъдоди андаки чопи осори шуъаро ва нависандагони фақид дар ду даҳаи ахир дар Тоҷикистон, мунҷар ба он шудааст, ки теъдои аъзами ҷавонони зери 25 сол, бисёре аз адибони қаблиро намешиносанд ва бо осори онҳо ошноӣ надоранд. Аммо оқои Қаноъат аз Деҳотӣ ва соири адибони қаблии тоҷик ба унвони таърихнигорони замон ёдовар шуд ва афзуд, ки бидуни омӯзиш ва хондани осори онҳо донистани таърихи Тоҷикистон имконнопазир хоҳад буд.
Осори ДеҳотӢ
Муъмин Қаноъат дар суҳбат бо Би-би-сӣ бештар аз осори Деҳотӣ, ки нависанда барои уперо эҷод карда буд, тақдир кард. Нахустин осори эҷод кардаи Абдусалом Деҳотӣ ҳикояи “Ҳамидаи сиёҳбахт” буд, ки Деҳотӣ дар авоили солҳои 1930 навишта буд. Вале баъд аз навиштани либреттои (осори упероӣ) “Шӯриши Восеъ” ва рӯйи саҳна омадани ин уперо дар соли 1937 Деҳотӣ дар Тоҷикистон ба увнони адиби боистеъдод машҳур шуд.
Ин уперо дар теотри уперо ва болеи ба номи Садриддин Айнӣ рӯйи саҳна омад ва солиёни тӯлонӣ дар ин теотр садо медод. Сипас либреттои “Лайлӣ ва Маҷнун” ва “Комде ва Мадан”-и Абдусалом Деҳотӣ ба намоиш даромаданд ва Деҳотиро на танҳо дар Тоҷикистон балки дар Русия ва соири кишварҳои вақти Шӯравӣ машҳур карданд.
Аммо бисёре аз ширкаткунандагони маҳфили ёдбуди Абдусалом Деҳотӣ аз ҷумлаи адибон ва олимон дар ҷараёни маҳфил гуфтанд, ки бо сабаби масруф будани ин адиб бо таҳзрири луғат ва машғулияти зиёде дар арсаи адаб, фарҳанг ва ҳунар дар Тоҷикистон, Деҳотӣ аз эҷодиёт то андозае дар канор монда буд.
Аз ҷумла Деҳотӣ дар солҳои мухталиф раҳбарияти чанд маҷаллаи адабии даврони Шӯравиро бар ӯҳда дошт ва ҳамчунин дар канори ин фаъолиятҳояш дар маҳофил ва нишастҳои мухталифи адабӣ дар гӯшаву канори Тоҷикистон ширкат мекард ва бо мардум мулоқотҳо анҷом медод. Қабл аз маҳфили ёдбуди Абдусалом Деҳотӣ дар шаҳри Душанбе кунфаронси илмӣ пиромуни осори ӯ доир шудааст.
Би-Би-Си