16:12:32 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДОСТОНИ ДИЛСИТОНИ НИГИНА

Нигина Рауфова-Қандота бизан, як рӯз меравем. Чанде дар интизорӣ бигзашту мо нарафтем. Як рӯзи дигар ба Забардасти Арҷманд гуфтам:

 

-Эй дӯст, ту рубобатро бигиру ман достонамрову биравем хонаи Нигинаи меҳрубон.

 

Ӯ ҳам гуфт:

 

-Ғам нахӯр, ҷӯраи ҷон, рӯзи Худо бисёр аст... 

 

Bozor SobirСад рӯз аз миён бигзашт. Якшанбе буд, ният кардам, ки худам танҳо суроғи он азиз биравам. Ду бор назди телефон рафтаму баргаштам. Ногаҳ дардманде омаду дар хона маро баст. То ба дардаш давое пайдо кардем, бегаҳ шуд. Ду рӯз пас дар кӯча мерафтам, ки чанд модар, оби  дида дар бари рӯ, ҳасрат мекарданд: «Ҳай дареғ, Нигина ҳам рафт». Он рӯзи сард 22 декабри соли 2010 буд. Ба худ ларзидаму нолаи хунрези Нигинаи ҷон бар осмон пар кушод:

 

Аз лолаву лолазор мо ҳам рафтем...

 

Як рӯзи дигар сари хоки покаш рафтаму порае аз достони дилситонаш хондам. Эй дӯсти азиз, ки ту низ аз ғами Нигинаи ҷон ҷигархун гаштаӣ, биё, ин достонро ба ёди он азизи сафаркарда бихонем:

 

Хушрӯ Нигинаи ҷон,

Хушрӯнигинаи ҷон!

Будӣ, Нигина, ҷоне,

Будӣ Нигинаҷоне!

Будӣ дигар, Нигина,

Будӣ ҷигар, Нигина!

Эй, ту дигар, дигар, ҷон,

Эй, ту ҷигар, ҷигарҷон!

Аҳ, кам набуд моҳе,

Аҳ кам набуд моҳе!

Тобон ҳамеша моҳе,

Тобон ҳамешамоҳе!

Хуш раҳравӣ диловез,Нигина Рауфова

Хуш раҳдавӣ диловез!

Хуш аз паяш равад роҳ,

Хуш аз паяш давад роҳ!

Хуш мӯ дароз барқад,

Хушрӯ дароз барқад!

Зебида соз бар қад!

Зебида ноз бар қад!

Бар қад ҳамеша нозе,

Дар қад ҳамеша созе!

Нозе, ки мебарад ҳуш,

Созе, ки мепарад ҳуш!

Хуш ноз нозанине,

Хушноз нозанине!

Овоз нозанине,

Овознозанине!

Бар тан чакан диловез,

Бар тан чаман диловез!

Хушрӯ чаман кӣ дидаст?

Хушрӯчаман кӣ дидаст?!

Гул дар чакан шукуфта,

Гул бар чакан-ш гуфта!

Бишкуфта дар чакан гул,

Хуш гуфта бар чакан гул!

Бишкуфта дар чаман гул,

Бишкуфта ҳар чамангул!

Гул бар чакан чакида,

Гул дар чаман чамида!

Маст аст кавгаки дил,

Бастаст кавгаки дил,

Чун дар чаман дарояд?

Чун дар чаман сарояд?!

Мо ин қафас шикастем,

О, бин, қафас шикастем!

Онро раҳо намудем,

Ҷонро раҳо намудем!

Ҷон дар чаман дарояд,

Ҷон дар чаман сарояд!

Ҷон маст хуш дарояд,

Ҷон маст хуш сарояд!

Ҳай атласи диловез!

Тай атласи диловез

Пайдо агар ки мешуд,

Шайдо дигар кӣ мешуд?!

Шайдо ҳазор ёре,

Шайдои зор, ёре!

Дилхун ҳазор зоре,

Дил хун ҳазор, зоре!

Во, атласи диловез!

Бо атласи диловез

Дар кӯча мезаде рӯ,

Дар кӯча мезаде мӯ!

Дар кӯча мезаде бӯ,

Ҳар кӯча мезаде ҳӯ!

Ҳӯ! Гулбаҳор бине,

Ӯ гулбаҳор бине!

Рангин камони атлас,

Рангинкамони атлас --

Ранги баҳори нозаш,

Ранги баҳори созаш!

Тоқӣ ба сар гули сар,

Тоқибасар гули сар!

Зебо гули сар асте,

Зебогули сар асте!

Рӯмоли нозанин дошт,

Ӯ моли нозанин дошт!

Рӯмол бастаноше,

Ду ёл бастаноше!

Бикшода гоҳ, мебаст,

Бикшода роҳ, мебаст!

Гул баста, мекушоде,

Гулбаста мекушоде!

Як баста мӯйи хушрӯ,

Як даста мӯйи хушрӯ

Мебофт нозанине,

Метофт нозанине!

Меканд ҳуши мардум,

Бе банд ҳуши мардум

Дар банди мӯй мебаст,

Дар банди ҳӯй мебаст!

Дар хӯша ҳуши мардум,Сайёди Гаффор

Дар гӯша ҳуши мардум --

Дар хӯшаҳои хушрӯ,

Дар гӯшаҳои хушрӯ!

Ҳай хӯшаҳои мӯе,

Найхӯшаҳои ҳӯе,

Ҳай гӯшаҳои рӯмол,

Найгӯшаҳои рӯмол!

Болобаланд буде,

Боло баланд буде!

Хуш буд бо баландӣ,

Хуш буд, во, баландӣ!

Ҷое, ки мехиромид,

Вое, ки мехиромид,

Ҷое баланд буде,

Вое баланд буде!

Войи ҳазор дилхун,

Войи ҳазор дил хун!

Дил хун ҳазор, вое,

Дилхун ҳазорвое!

Болида дар баландӣ,

Нолида дар баландӣ,

Хуш аз ҷигар суруде,

Хуш аз дигар суруде!

 

Гулрез почаҳоше,

Гулхез почаҳоше!

Гулрез дар хиёбон,

Гулхез дар хиёбон!

 

Гулрез доманаш буд,

Гулбез доманаш буд!

Гулрез остине,

Гулбез остине!

 

Сумрез нозанине,

Сумхез нозанине!

Сумрез дар хиёбон,

Сумхез дар хиёбон!

 

Сумдарсумии хушрӯ,

Гумдаргумии хушрӯ!

Дилсумзании ширин,

Дилгумзании ширин!

 

Кафши чакӣ заде чак,

Кафши лакӣ заде лак!

Чак-чак чӣ дар наво хуш,

Лак-лак чӣ дар ҳаво хуш!

 

Чак-чак ҳазор буде,

Лак-лак ҳазор буде!

Чак-чак дил об гаште,

Лак-лак дил об гаште!

 

Во, чак-чаки хиромаш!

Бо чак-чаки хиромаш

Чак-чак ҳазор дил зад,

Так-так ҳазор дил зад!

 

Ӯ кавгаки дарӣ буд,

Ҳӯ! Кавгаки парӣ буд!

Мастона дилбарӣ буд,

Мастона дилпарӣ буд!

 

Вай кавги маст буде,

Ҳай кавги маст буде!

Мехонд нозанине,

Меронд нозанине!

 

Меронд оби чашме,

Меронд хоби чашме!

Аз чашм об меронд,

Аз чашм хоб меронд!

 

Хуш мӯ баобутобе,

Хуш рӯ баобутобе!

Хушмӯ баобутобе,

Хушрӯ баобутобе!

 

Обу нишеб мӯяш,

Тобу нишеб мӯяш!

Хуш об дар нишебе,

Хуш тоб дар нишебе!

 

Обу нишеб хушрӯ,

О, буни шеб хушрӯ!

Тобу нишеб хушрӯ,

То буни шеб хушрӯ!

 

Войи ҳазор кушта,

Ҷойи ҳазор кушта

Ҳай лолазор буде,

Ҳай нолазор буде!

 

Ҳар сӯ ҳавасхӯронаш,

Ҳар сӯ ҳавасмуронаш!

Войи ҳавасхӯроне,

Войи ҳавасмуроне!

 

Бо ноз кушта мерафт,нукра

Во, ноз кушта мерафт!

Бо ноз куштазоре,

Во, нозкушта зоре!

 

Банди ҷигар ба мастӣ,

Банди дигар ба мастӣ

Кандем, вой, чуне,

Бандем, вой, чуне?!

 

Вай кушта мастҳоро,

Ҳай кушта мастҳоро!

Вай маст карда мекушт,

Ҳай маст карда мекушт!

 

Нолида маст мекард,

Болида маст мекард!

Овоз маст буде,

Овозмаст буде!

 

Гандаст масти овоз,

Кандаст масти овоз

Камтар магар ҷигарбанд?

Камтар магар дигар банд?!

 

Мекард ноз мастат,

Мекард соз мастат!

Мекард нозмасте,

Мекард созмасте!

 

Имрӯз ғамзадасте,

Имрӯз хам задасте!

Ҳе дӯст, ноладе зор,

Бе дӯст ноладе зор!

 

Рӯ дар мазор дорад!

Ӯ дар мазор дорад

Шаҳбачча нозанине,

Ваҳ, бачча, нозанине!

 

Дидаст ғам чи бисёр,

Дидаст кам чи бисёр!

Бисёр ғам бидидаст,

Бисёр кам бидидаст!

 

Кам дида очаи ҷон,

Кам дида баччаи ҷон!

Дар дил алам ҳазоре,

Дар дил қалам ҳазоре!

 

Бар дил алам қалам зад,

Бар дил қалам алам зад!

Оҳ, аз алам ба дил, оҳ,

Оҳ, аз қалам ба дил, оҳ!

 

Во, дидаҳои гирён,

Во, синаҳои бирён!

Аз дарди сина, вое,

Аз дарди синамое!

 

Бо ӯ барои модар,

Бо ӯ барои додар

Ҳай зор нола кардем,

Найзор нола кардем!

 

Во, нолаи ҷигарсӯз!

Бо нолаи ҷигарсӯз

Бо чилча дида резад,

Во, дил чакида резад!

 

Ку бачча, баччаи ҷон?

Ӯ бачча, баччаи ҷон

Чун шох баршикасте,

Чун шох тар шикасте!

 

Сайёд ҒАФФОР



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi