21:21:51 02-уми Июни 2025 сол

ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ

Наврӯз бузургтарин ҷашни меросии мардуми ориёинажод аст, ки реша дар ормону андеша ва рӯзгору фарҳанги ин мардум дорад ва ҳазорсолаҳост онро бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн мегиранд. Вале бо гузашти солҳо мардуми ғайриориёӣ низ Наврӯзро чун ҷашни миллии худ таҷлил мекунанд. Ин ҷо нигоҳе доштем ба таҷлили ҷашни Наврӯз дар миёни мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳоло дигар ин ҷашнро молии худ медонанд ва ҳамасола онро истиқбол мегиранд.

 

Navruz 2011Минтақаи Осиёи Марказӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо чун қаламрави мардуми иронитабор сарзамини бошукӯҳ ва сарсабзу сернуфус буд. Ин минтақа ба туфайли тамаддуну фарҳанги воло ва забони ғаниву рангини илму адаби ҷаҳонӣ – форсӣ даҳҳо нобиғаҳои илму адабро ба дунё муарифӣ кардааст. Воқеан, аз 7 модаршаҳри Ирони бостон, ки дар китоби муқаддаси Авасто ёд мешавад, чаҳортои он: Бухоро, Нисо, Марв ва Самарқанд дар бистари Вароруд ҷой доранд. Агарчи шаҳрҳои муҳташаме чун Хоразм, Болосағун, Хева, Гурганҷ, Суғду Ишқобод низ дар гузашта аз муҳимтарин шаҳрҳои тараққикардаи Иронзамин будаанд.

 

Табиист, ки мардуми ин марзу бум бо ҳофизаи торихии худ ёдгори Наврӯзро бо тамоми суннатҳояш хуб ҳифз кардааст. Ҳарчанд имрӯз дар ин қаламрав давлатҳои тозабунёд парчам афрохтаанд, аммо бештарини мардумони онҳо ҳамон  ирониён ё ориёиҳои бостонанд, ки бо ҳофизаи торихии худ пайванди ҷовидонӣ доранд. Ба ҳами асос мардуми ҷумҳуриҳои Вароруд ё Мовароуннаҳр, ки имрӯз бахше аз Осиёи Марказист,  ба ториху тамаддуни иронӣ пайванду дилбастагӣ доранд. 

 

Дар миёни панҷ ҷумҳурии тозаистиқлоли ин минтақа Тоҷикистон чун меросхури забону фарҳанги ориёӣ бештарин намунаҳои ин тамаддунро ҳифз кардаст. Вале баъзе аз маросиму ойинҳои ин фарҳанг дар миёни мардумони дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ низ боқӣ мондааст. Ҷашни Наврӯзро, ки соли гузашта Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байнулмилалӣ эълом кард, мардумони ҳама кишварҳои ин минтақа ҳамасола, рӯзи 21 март ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мекунанд.

 

НаврӮз дар Тоҷикистон

 

Дар Тоҷикистон Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосе таҷлил мешавад. Хушбахтона, дар сарзамини мо бештарин маросими Наврӯзӣ аз даврони қадим то имрӯз бо хурдтарин ҷузъиёташ хуб боқӣ мондааст. Мардуми тоҷик ба унвони як қавми ориёӣ ҳар сол омадани Наврӯзро бо тоза кардани хонаҳо, харидани либоси нав ва пухтани хӯрокҳои наврӯзию оростани суфраи ҳафтшину ҳафтсин истиқбол мегиранд. Дар деҳкадаҳои кишвар як-ду рӯз пеш аз омадани Наврӯз бачаҳо маросими гулгардонӣ барпо мекунанд ва гулҳои наврӯзиро ба хонаи мардум бурда, аз омадани Наврӯз мужда медиҳанд, ки дар иваз ширинӣ мегиранд.

 

 

Маросими гулгардониро аз овони кӯдакиам хеле дӯст медорам. Ёд дорам ҳангоми кӯдакӣ аз падарам хоҳиш мекардам, ки ҳамон шабу рӯз маро ба деҳа барад, то ман ҳам ҳамроҳи кӯдакони деҳа ба мардум пайғоми Наврӯзро бирасонам. Занҳо аз аввали шаби чаҳоршанбе дар дегҳои калон ба пӯхтани суманак мепардозанд ва то субҳ даври деги суманак дойира мезананду мехонанду мерақсанд. Чӣ қадар зебост ин саҳнаҳо! Дар майдонҳои кушод ҷавонон ба мусобиқоти Наврӯзӣ, ба хусус гуштӣ, асптозӣ ва бузкашӣ мепардозанд. Аммо дар пойтахт, ҷашни Наврӯз бо намоиши калони театрӣ дар кӯчаву хиёбонҳо баргузор мешавад.

 

Рӯзи Наврӯз дар ҳама боғу гулгашт ва марказҳои фарҳангии пойтахт, шаҳрҳо ва навоҳӣ базми Наврӯзӣ барпо мешавад. Дар оғози ҷашн мақомоти ҳукумат ширкатдоронро бо фаро расидани Наврӯз ва айёми корҳои кишоварзӣ муборакбод мегӯянд. Базми шеъру тарона, намоишномаҳои театрӣ, намоиши порчаҳо аз достони Шоҳномаи Фирдавсӣ ва қироати ашъори Наврӯзӣ, аз ҷумлаи сунатҳои наврӯзии мардуми кишвари мо шинохта шудааст. Дар ин минтақа ҳеч миллати дигар Наврӯзро бо ин мартабаи шукӯҳу шаҳомат истиқбол намегирад.

 

НаврӮз дар Қазоқистон ва Қирғизистон

Вале дар Қазоқистон ва Қирғизистон Наврӯз на он қадар бо шукӯҳ таҷлил мешавад. Мӯъмин Қаноат, шоири номдори тоҷик, ки ба ин кишварҳо зиёд сафар кардааст ва таърихи ин кишварҳоро мавриди мутолеаи қарор додаст, мегӯяд, ин ақвом дар гузашта солиёни дароз бодиянишин ва ҷанговар будаанд, бино бар ин ҳатто дар рӯзҳои ҷашн ба варзишу асптозӣ бештар аҳамият медиҳанд. Вай дар мавриди анъаноти истиқболи ҷашни Наврӯз дар Қазоқистон ва Қирғизистон мегӯяд:

 

«Баъд аз он, ки дар Осиёи Миёна кишварҳои мустақил эҷод шуданд, ҳар кишваре Наврӯзро ба таври худ мутобиқ ба анъаноти суннатҳояшон таҷлил мекунанд. Дар дигар кишварҳои ин минтақа Наврӯз дар қиёс ба Тоҷикистон нисбатан содатар таҷлил мешавад. Наврӯз дар он ҷо бештар ҳамчун ҷашни динӣ пазируфта шудааст. Қазоқҳо бозие доранд бо номи «Қизқул», ки нисбат ба дигар маросимҳо ҷолибтару ба мардумашон бештар писанд аст. Як духтари зеборо дар асп савор мекунанду як ҷавони зебои дигар аз думболаш метозад. Агар ба ӯ бирасаду аз зин бардорадаш, ҳуқуқ пайдо мекунад, ки ба ӯ издивоҷ кунад. Як шарти издивоҷи Наврӯзии ҷомеаи қазоқ ҳамин аст».

 

 

НаврӮз дар Ӯзбекистон

Дар Ӯзбекистон низ Наврӯз бо шукӯҳу азамат таҷлил мешавад, чун бештарини мардуми шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва Фарғонаву Намангон тоҷикон ҳастанд ва маросиму ойинҳои ин фарҳанги форсиро ҳифз кардаанд. Дар Самарқанд пухтани хӯрокҳои хоси Наврӯзӣ то имруз ройиҷ аст, ки ба ҷашни Наврӯз шукӯҳи хосе мебахшад. Бону Марҳабо, ошпази моҳири самарқандӣ, ки ҳамасола дар ҷашни Наврӯз нону хӯрокҳои хоси ҷашниро омода мекунад, мегӯяд Наврӯз занони узбакро ҳунарманд кардааст. Ба муносибати ин ҷашн дар Ӯзбакистон анвоъи мухталифи хӯрок пайдо шудааст ва ҳатто он хӯрокҳое ҳам, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, дар ин ҷашн ҳатман пӯхта мешаванд. Ҳар кадбону дар рӯзи ҷашн ҳангоми пӯхтани хӯрок аз сари меҳру муҳаббати наврӯзӣ кӯшиш мекунад ғизои пӯхтааш хушмазатару зеботар бошад.

 

НаврӮз дар Туркманистон

Акбаршо Искандаров, сафири собиқи Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Туркманистон сабаби шукӯҳи камтар доштани ҷашни Наврӯзро дар Қазоқистон ба ҳавову иқлими ин кишвар марбут медонад. Ӯ  мегӯяд ҷашни Наврӯз нишони сарсабзиву бедории табиат аст, аммо дар Қазоқистон дар 21 март ҳаво ҳанӯз сард ва замин барфпӯш аст. Дар ҳамин ҳол, ӯ мегӯяд дар Туркманистон, ки тайи 7 сол ба ҳайси сафири Тоҷикистон фаъолият мекард, баҳор хеле зуд меояд ва ҷашни Наврӯз дар онҷо бошукӯҳтар баргузор мешавад. Ӯ дар мавриди баргузории ҷашни Наврӯз дар Туркманистон гуфт:  «21 март расман мавсими кишту кор оғоз мешавад. Раиси ҷумҳурашон мардумро бо ин ҷашн табрик мегӯяд. Мардум либосҳои нав пӯшида аз юртаҳояшон ба берун мебароянд. Асптозиву бузкашӣ мекунанд. Ба аёдати дӯстону хешу наздикоашон мераванд. Мачмӯан дар фасли Наврӯз дар ин кишвар фазои зебойи ҷашнӣ эҳсос мешавад».

 

Гуфтанист, ки агарчи ҳукумати вақти Шуравӣ таҷлили ҷашни Наврӯзро ба унвони иди диннӣ мамнӯъ эълом карда буд, вале мардуми тоҷик онро ба сурати маросими хонаводагӣ ҳамасола таҷлил мекарданд. Танҳо дар солҳои 80-уми садаи гузашта мардуми тоҷик ва пас аз он қавмҳои дигари ин сарзамин ба сабаби дилбастагии зиёд ба маросими миллии худ таҷлили ҷашни Наврӯзро дубора ба роҳ андохтанд ва ин оини бостонии ориёиро то имрӯз пос ва нигоҳ медоранд.

 

Пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 ҷашни Наврӯз мақоми давлатиро соҳиб шуд ва он барои мардуми тоҷик яке аз зеботарин ва пуршукӯҳтарин идҳо ба шумор меравад.  Пас аз истиқлол тибқи тасмими давлати Тоҷикистон барои таҷлил аз ин ҷашн нахуст як рӯз, сипас ду ва се рӯз ва ҳамакнун чаҳор рӯз таътил эълом шудааст. Аммо базми Наврӯзӣ дар бештарин манотиқи кишвари мо то 2 моҳ ба навбат идома миёбад ва мардумони манотиқи дигар дар базмҳои ҳамдигар ширкат мекунанд.

 

Шодбош

 

Имрӯз ки дар ҳама сарзамини ҷомасабзи Ховар Наврӯзи хуҷастапай гом ниҳодааст, ҳама мардуми форсигӯ ва ҳамаи онҳоеро, ки худро ворису пайванди ин русуми кӯҳанбунёд медонанд, бо ин ҷашни ниёкон шодбош мегӯем. Барои ҳамагон соли пурфайз, муборакқадам ва пур аз нишоту сурур орзӯ мекунем.

 

Баромад боди субҳу бӯйи Наврӯз

Ба коми дӯстону бахти пирӯз.

Ҳумоюн бодат ин солу ҳама сол,

Муборак бодат ин рӯзу ҳама рӯз.

 

Шаҳноз КОМИЛЗОДА, барои «Рӯзгор»

Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 22.03.2011 23:43
чи хел духтараки зебо дар акс, Наврузи вокеи аст
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854