ФИРӮЗА ТУРСУНЗОДА: "АГАР ПАДАРАМ ЗИНДА БУД, КОМУНИСТ БОҚӢ МЕМОНД"
Имсол фарҳангиёну рӯшанфикрони тоҷик аз садумин солгарди тавалудди Мирзо Турсунзода, аз шуъарои маъруф ва аз шахсиятҳои бонуфузи сиёсию иҷтимоъии Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ, таҷлил мекунанд.
Мирзо Турсунзода бо достонҳои машҳури "Писари Ватан", маҷмӯъаҳои ашъори "Қиссаи Ҳиндустон" ва "Садои Осиё", достонҳои "Ҳасани Аробакаш", "Ҷони ширин", "Чароғи абадӣ", силсилаи ашъори "Модарнома" ва чандин асари теотрие, ки дар солҳои мухталифи умри худ навишта буд, дар миёни мардуми Тоҷикистон ва ҷамоҳири дигари собиқ Шӯравӣ маҳбубияти зиёде касб кардааст.
Турсунзода бавижа, пас аз сафараш ба Ҳиндустон дар соли 1947, ва ашъору достонҳои зиёде, ки пас аз ин сафар ба муборизаҳои озодихоҳонаи мардуми Ҳинд ва кишварҳои дигари осиёиву офриқоӣ алайҳи истеъмори ҷаҳонӣ навишта буд, дар миёни фарҳангиёну рӯшанфикрони ин ду қорра низ маъруф шуд.
Вай аз соли 1946 то охири умраш (1977) раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, созмоне, ки садҳо нависанда ва шоъирро зери парчаме воҳид гирдиҳам оварда буд. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки Турсунзода дар тарбияту роҳнамоӣ ва ёрӣ ба бисёре аз истеъдодҳои ҷавон, ки баъдан ба шоъирону нависандагони номваре дар кишвар табдил шуданд, нақши муассире доштааст.
Афроди наздик ба Турсунзода мегӯянд ӯ комунисте матинирода буд ва аз обрӯву нуфузи густардае назди раҳбарони ҳизби комунист ва нухбагони ҳоким дар давлати Шӯравӣ бархӯрдор буд. Аммо мунтақидонаш ӯро "шоъире дарборӣ ва мадҳиясаро" меноманд, ки бар хилофи шуъарои дарбории қадим умри худро сарфи ситоиш ва тамҷиди як низоми диктотурии комунистӣ карда буд, ки саранҷом, ҳудуди 14 сол пас аз марги Турсунзода аз ҳам фурӯ пошид.
Бархе аз мунтақидони адабӣ ашъори Турсунзодаро низ бисёр сода ва орӣ аз шеърияте медонанд, ки дар адабиёти клосики порсӣ ё дар осори шуъарои баъд аз ӯ камокон дида мешуд. Аммо тавофуқи ом бар ин аст, ки низоми худкома ва асли реолисми сусиёлистӣ ин иҷозаро намедод, ки шоъирон тамомии ҳунар ва истеъдоди худро ба кор бигиранд ва дар суханварӣ доди сухан бидиҳанд.
Барои рӯшанӣ андохтан ба ҷанбаҳои мухталифи зиндагии Мирзо Турсунзода, ҳамкорамон Искандари Фирӯз мусоҳибае бо Фирӯза Турсунзода, духтари вай, анҷом додааст, ки солҳои зиёде дар донишгоҳи миллӣ ба ҳайси устоди фалсафа дарс мегуфт ва ҳоло бознишаста аст:
-Шумо, ки фарзанди Мирзо Турсунзода ҳастед, чӣ гуна мехоҳед ба хонанда эшонро муъаррифӣ кунед?
-Бузургии он кас барои аҳли хонавода маълум набуд. Дар хона шахси одие буданд ва хислатҳои кӯдакона доштанд. Баъзе вақтҳо мо ҳодисаҳоро нақл мекардем, ки ба монанди афсона буду он кас бовар мекарданд. Дар зиндагӣ он кас пайваста хостори китфе (такягоҳе) буданд, ки доимо дар назди он кас бошад ва кумак кунад. Ба ин далел, нафароне, ки ҳамроҳашон кор мекарданд, на танҳо ҳамкор, балки дӯст ва фарзандонашон буданд. Худ низ ҳамеша талош доштанд, ки ба онҳо бештар кумак кунанд.
-Воқеъан, аз кумакҳои устод ба ҷавонон, бавижа адибони ҷавон, зиёд қиссаҳо шунидаем. Ин гуфтаҳо то куҷо воқеъият доранд?
-Вақте ки асари як адиби ҷавон чоп мешуд, он кас ҳатто дар хона барои мо эълом мекарданд, ки барояшон имрӯз рӯзи ид аст. Ёд дорам, дар сӯҳбатҳо бо ман Лоиқ Шеръалӣ борҳо изҳор дошт, ки падарамро ҳамчун падари маънавии худ медонад. Вай мегуфт, ки бидуни кумакҳои устод ҳам аз лиҳози инсонгарӣ ва ҳам аз лиҳози эҷодӣ то ба ин мартаба намерасид.
-Дуруст аст, ки устод Турсунзода чанд маротиба Лоиқ Шеръалиро аз мушкилоти мухталифе наҷот додаанд?
-Ин рост аст. Ман аз забони худи Лоиқ ин чизҳоро шунидаам. Мегуфт, ки агар устод Турсунзода намешуданд, мумкин аст, ки ман дар кадом як кунҷи ҳамон маҳбасхона мемондам ва то ин дараҷа намебаромадам, муъаллим ҳар лаҳза омада, маро наҷот медоданд.
-Ҳамзамон дар чопи китобҳои адибони ҷавон ба онҳо кумак мекарданд?
-На танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам. Ба нашриётҳои Маскаву дигар шаҳрҳо муроҷиъат карда ва машварат медоданд, ки чопи китоби адибони ҷавони тоҷикро дар нақша бигиранд.
-Ҳоло Тоҷикистон, бавижа доираҳои эҷодкор, бо “марази маҳалгароӣ” рӯбарӯ шудааст. Вале мегӯянд, ки дар замони устод Турсунзода ин зуҳурот чандон эҳсос намешуд. Шумо дар ин бора ягон назари устодро дар хотир надоред?
-Дар бораи ин масъала ягон маротиба мо сӯҳбат ҳам накардаем ва аз забони падарам ҳеҷ чизе нашунидаам. Зеро ин мавзӯъ он замон аслан вуҷуд надошт. Дар Иттиҳодияи нависандагон аз ҳар гӯшаи кишвар адибон ҷамъ омада буданд ва барои падарам мушкили маҳал ва маҳалгароӣ вуҷуд надошт. Ҳатто дар хона низ перомуни ин мавзӯъ сӯҳбатҳое нашудааст.
-Шояд устод, ки рӯҳияи комунистӣ доштанду “ҳар тори мӯям коммунист” гуфта буданд, барояшон маҳаллгароӣ қобили қабул набуд?
-Барои рӯшанӣ андохтан ба ин мавзӯъ, бояд бигӯям, ки кӯдакии падарам дар мактаб-интернат гузаштааст, ки дар он ҷо бачаҳо аз ҳар гӯшаи кишвар тарбият меёфтанд. Яъне, дар тарбияти падарам мактаб-интернат бештар таъсир гузоштааст. Вале ҳамзамон он кас ба ормонҳои комунистӣ низ содиқ буданд. Зеро дар он давра ин идеяҳо пешқадам маҳсуб мешуданд.
-Оё устод дар сӯҳбатҳои хусусӣ аз сохти давлатдории комунистӣ интиқод мекарданд?
-Дар ин бора ба мо изҳори назар намекарданд, вале мо худ аз он кас суол мекардем. Масалан, мепурсидем, ки чаро дар интихоби депутатҳо танҳо як номзад муъаррифӣ мешавад? Чаро рақобат нест? Он кас мегуфтанд, ки агар рақобат ва бисёрномзадӣ шавад, мардум ба ҳамдигар душман мешаванд, ин кор ба қатлу куштор мебарад. Ва оҳи сарде мекашиданду мегуфтанд, ки дар шароити феълӣ баргузории чунин интихобот имкон надорад.
-Фикр мекунед, агар устод ҳоло зинда буданд, ҳанӯз ҳам ба андешаҳои комунистӣ содиқ мемонданд?
-Ба ҳамон андешаҳое, ки ҳақиқӣ ҳастанд, содиқ мемонданд. Ормонҳои комунистӣ, яъне баробарӣ, бародарӣ ва инсондӯстӣ, хосси он кас буд.
-Дар солҳое, ки устод Турсунзода раҳбарии Иттиҳодияи нависандагонро ба ӯҳда доштанд, вазъи зиндагии адибон хеле хуб буд. Барои эшон пайваста манозил сохта мешуд. Вале сипас, ин корҳо аз байн рафт. Ба назари Шумо, чаро?
-Он кас аз имкони муроҷиъа на танҳо ба ҳукуматҳои маҳаллии Тоҷикистон бархурдор буданд, балки дар сурати зарурӣ метавонистанд ба Маскав ҳам мустақиман муроҷиъа кунанд. Ва пайваста пешниҳодҳои он кас дар Маскав пазируфта мешуд. Ҳоло ки мустақил ҳастем, имконоти иқтисодии Тоҷикистон маҳдуд аст.
-Шунидем, ки раҳбарони вақти Тоҷикистон ҳамеша падаратонро пешвоз мегирифтанд ва на баръакс. Шумо чунин маворидеро ба хотир доред?
-Маъмулан, падарамро ба сафарҳо гусел мекардаму худ пешвозашон мегирифтам. Мавориди зиёде буд, ки Ҷаббор Расулов, котиби аввали Ҳизби комунисти Тоҷикистон ва раҳбари ин кишвар, ба фурӯдгоҳ барои пешвозгирии падарам меомаданд. Умуман, падарам бо Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов дӯстӣ доштанд. Боре аз кор баргаштанд ва хеле чеҳраи ғамгин доштанд. Гуфтанд, ки имрӯз аъзои кумитаи комсомол дар як ҷаласа аз филми “Бо амри дил”, ки аз рӯйи филмномаи падарам ба навор гирифта шуда буд, интиқод карданд.
Дар ин филм қаҳрамондухтаре буд, ки бидуни шавҳар ҳомиладор шудааст. Дар ҷаласа комсомолҳо иддаъо кардаанд, ки чунин рафторе дар шаъни ҷавонони тоҷик нест, ҳарчанд ин гуна ҳодисаҳо дар Тоҷикистон бисёр рух медоданд. Бегоҳии ҳамон рӯз Ҷаббор Расулов телефун карданд ва гуфтанд, ки “Мирзо, пагоҳ ҳамроҳ сайругашт меравем. Субҳи барвақт омаданд ва падарамро бо худ бурданд. Ҷаббор Расулов мехостанд аз ин роҳ падарамро дастгирӣ (ёрӣ) кунанд.
-Бархӯрди мақомоти марказӣ дар Маскав бо падаратон чи гуна буд?
-Вақте дар Маскав таҳсил мекардам, падарам зуд-зуд меомаданду ман аз баъзе воқеъаҳо хабардор мешудам. Боре гуфтанд, ки бо Суслов (котиби дувуми Ҳизби комунисти Иттиҳоди Шӯравӣ) дар бораи афзоиши шумораҳои маҷаллаи “Помир” сӯҳбат кардаанд. Он замон ин маҷалла соле шаш маротиба мунташир мешуд. Баъд аз ин сӯҳбат, маҷалла моҳнома шуд. Бисёр масъалаҳое, ки дар ин ҷо ҳал кардан душвор буд, падарам дар Маскав ҳал мекарданд.
-Бисёриҳо мӯътақиданд, ки устод дар эҳёи ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон саҳми боризе гузоштаанд. Ҷузъиёти инро дар хотир надоред?
-Медонам, ки барои ҷашни Наврӯз он кас чанд маротиба ба Кумитаи марказии Ҳизби комунисти Иттиҳоди Шӯравӣ муроҷиъа карда буданд. Падарам як гурӯҳ адибонро ҷамъ карда ва исбот кардаанд, ки Наврӯз ба дин ҳеҷ рабте надорад ва ин як суннати мардумист. Аз ҳамон сол мақомот иҷоза доданд, ки дар Тоҷикистон Наврӯз ҷашн гирифта шавад.
-Ба мардуми одӣ ҳам кумак мекарданд?
-Фикр мекунам, ки теъдоди чунин афрод зиёд буд. Ёдам ҳаст, ки боре падарам рӯйи ҳавлӣ мегаштанд ва мӯйсафеде аз дарвоза ворид шуд. Дар назди падарам ба зону афтид ва чизе хоҳиш дошт. Чун аз он ҷо дур истода будам, намедонам он мӯйсафед чи мехост. Падарам он касро аз зону бардоштанд ва ба хона дароварданд. Чи гуфтанду чи хостанд, ман намедонам, лекин мӯйсафед бо хушнӯдӣ аз хона баромада рафт.
-Чандсола будед, ки шоъири саршинос будани падаратонро фаҳмидед ва чӣ замоне нахустин шеъри устодро шунидед?
-Баъд аз "Қиссаи Ҳиндустон". Ман хурд будаму, лекин шеъри “Тара Чандрӣ” ба дили ман, ба гӯши ман форам мерасид.
-Дар Тоҷикистон достони “Ҷони ширин” ҳам шӯҳрати зиёде дорад. Мегӯянд, ки устод ин шеърро ба модари Шумо бахшида буданд. Дуруст аст?
-Аз як ҷиҳат дуруст, вале аз сӯйи дигар, ин шеър ба тамоми занҳо бахшида шудааст. Он замон Созмони Милали Муттаҳид солеро соли зан эълом карда буд. Ва падарам мегуфтанд, ки дигар дар ин соли дароз мо дар хидмати занҳо ҳастем. Аз дӯстони худ талаб мекарданд, ки ҳамсарони худро наранҷонанд ва дар хидмати онҳо бошанд. Дар асл, падарам занҳоро қадр мекарданд ва орзу доштанд, ки зани тоҷик ба мартабаҳои баланде бирасад.
-Чун сухан аз модар рафт, ривоятҳое ҳастанд, ки гӯё устод Турсунзода ошиқи модаратон шуда ва он касро “дуздидаанд”. Оё дарвоқеъ ҳамин хел буд?
-Вақте ки онҳо бо ҳам вохӯрданд, модарам 16 сол доштанд. Падарам 23-сола буданд. Онҳо бо ҳамдигар дар теотре дар Хуҷанд вохӯрданд. Модарам тоза ҳанурпеша шуда будааст. Вақте падарам хостгорӣ рафтанд, хешовандони модарам розӣ нашудаанд, ки духтарашонро ба эшон бидиҳанд. Ба хотири он ки фикр мекарданд эшон "мастчоҳӣ" аст. Он замон ҳар касеро, ки аз беруни Хуҷанд омада буд, мастчоҳӣ мегуфтанд. Баъдан, Раҳим Ҷалил ва Ҳилол Каримов, ба миёна даромада, ризояти хешовандонро пайдо мекунанд.
Баъд аз як ҳафтаи арӯсии онҳо ҳодисаи аҷибе рух додааст. Падару модарам як утоқи хонаи модари Ҳилол Каримовро ба иҷора мегиранд. Ин соли 1934-ум буд. Рӯзе ин хонаро дузд мезанад. Вақте пулисро даъват мекунанд, раиси милитсияи Хуҷанд Бобосодиқов (падари Гулҷаҳон Бобосодиқова – Би-би-сӣ) бо фойтун меояд ва, болои сӯхта намакоб, падару модарамро барои гум кардани паспортҳояшон садсӯмӣ ҷарима мекунад.
-Илҳоми эҷодии устод Турсунзода аз куҷо маншаъ мегирифт?
-Ҳар як шеъри он кас сабабе дошт. Барои мисол, ҳар рӯз, ки субҳона мехӯрдем, дар атрофи дастурхон нонрезаҳо мемонданд ва модарам ҳар яки онҳоро бо даст мечиданд. Сабаби навиштани шеъри “Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм” ҳамин аст. Падарам одатан берун аз хона эҷод мекарданд. Ё Хоҷа Обигарм мерафтанд ё берун аз шаҳр. Дар лаби дарё менишастанд, ба об нигоҳ мекарданд, бисёр обро дӯст медоштанд.
-Пас, ин аст далели навиштани шеъри “Рӯди ман”?
-Дар фалсафаи диалектика Гераклит мегӯяд, ки ба як дарё ду маротиба даромадан ғайримумкин аст. Зеро ҳама чиз равон ва дар ҳоли инкишоф аст. Вақте падарам шеъри “Рӯди ман олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон”-ро навиштанд, аз ман пурсиданд, ки ин мавзӯъ бо кадом фалсафаи ту рост (ҷӯр) меояд? Ин мисраъ фалсафаи туро бекор мекунад, зеро олам дигар шуд, вале рӯд ҳамон тавр монд.
-Шумо ҳамчун файласуф ин нуктаро қабул доштед?
-Ман мегуфтам, ки ҳамчун каломи бадеъ мумкин аст қабул бошад. Лекин, ман ҳам дар ақидаи худ қавӣ ҳастам. Бинобар ин, гуфтам, ки фалсафа, диалектика ин чизе абадӣ аст, инро дигар кардан мумкин нест. Вале агар барои қофиябандӣ аз ин нукта истифода карда бошед, пас дуруст аст.
-Дар бораи ин ки бархе аз адабиётшиносон иддаъо доранд, ки осори Турсунзода бояд мавриди бознигарӣ воқеъ шавад, чӣ назар доред?
-Аз чунин пешниҳодҳое огаҳӣ дорам. На фақат дар дохили Тоҷикистон, балки берун аз он низ кӯшишҳое мешаванд, ки баъзе аз асарҳои он касро аз назари нав арзёбӣ кунанд. Ҳатто бархеҳо сенориёи “Ҳасани Аробакаш”-ро имрӯз таҳлил мекунанд ва мегӯянд, ки ин як навъи эътироз ба ҳамон давра аз забони Аробакаш аст. Аз забони худашон ман ҳеҷ вақт намешунидам, ки дар таги коса нимкоса бошад. Мумкин ишораҳое дар худи асар бошад, ки ба ҳамин қаноъат кардаанд.
-Устод Турсунзода ҳамчунин раёсати Созмони ҳамдилӣ бо кишварҳои Осиё ва Офриқоро ба ӯҳда доштанд. Шоъири саршинос аз ин вазифа чӣ суде доштанд?
-Ҳамчун раис бо бисёре аз раҳбарони кишварҳо мулоқот мекарданд. Вақте ки ба Суҳарто, раиси ҷумҳурии Андунезӣ, ҷоизаи ленинии сулҳро эъто карданд, вай хостааст, ки омода аст ин ҷоизаро танҳо аз дасти падарам бигирад. Он рӯзҳо падарам дар бемористон буданд ва вазъи саломатиашон хуб набуд. Аз Маскав (мақомот) занг зада, хоҳиш карданд, ки ба Андунезӣ бираванд ва падарам натавонистанд ин хостаро рад кунанд.
-Оё дар поёни умр падаратон бо Шумо дар бораи аҳдоф ва нақшаҳои худ сӯҳбатҳое мекарданд? Оё мегуфтанд, ки мехоҳанд дар навиштаҳои худ бознигарӣ кунанд?
-Дар охирин рӯзҳои умрашон падарам дар бемористон буданд ва вазъи саломатиашон хеле бад буд. Як рӯз пеш аз фавт фақат мегуфтанд “афсӯс, афсӯс”. Ман мегуфтам чӣ афсӯс? Чашмашонро мепӯшиданду “афсӯс” мегуфтанд. Вале чӣ афсӯс, ман то ҳоло нафаҳмидаам.
-Бубахшед, ки дар бораи мавзӯъи ҳассосе суол мекунам. Дар миёни мардум овозаҳо буд, ки чун устод Турсунзода комунист буданд, ҷанозаи эшон ба шеваи комунистӣ дафн шудааст. Оё ин воқеъият дорад?
Воқеъан, маросими видоъ бо падарам дар теотри уперо ва болле баргузор шуд ва ҷасади он касро дар тобути сурх гузошта буданд. Вале вақте ки сари қабр бурданд, аз тобути сурх берун оварданд. Ҷӯрабек Муродов даруни қабр даромад, ронандаи худи падарам, ки мисли фарзандашон қабул доштанд, низ дохили қабр даромад. Онҳо мегӯянд, ки ҷасади падарамро аз тобут гирифта, ба кафан печонда ва сипас, дафн кардаанд. Тобути сурхро алоҳида зери хок мондаанд. Ба ин далел, мутмаиннам, ки падарам аз рӯйи суннатҳои миллию исломӣ дафн шудаанд. Дар ин замина мехоҳам боз нуктаеро ёдрас шавам. Падарам то охири умр қабри падари худро ҷустуҷӯ мекарданд, вале натвонистанд онро пайдо кунанд. Ин орзуяшон буд, вале ба он муваффақ нашуданд.
-Дар анҷоми сӯҳбат шояд гуфтаниҳое низ доред, ки дар бораи он суол накардам?
-Баъзе овозаҳо ҳаст, ки фарзандони Мирзо Турсунзода забони тоҷикиро намедонанд. Вале ман ба чунин шахсон гуфтаниям, ки ҳамаи фарзандони Турсунзода забони тоҷикиро медонанд. Ман худам 36 сол дар донишгоҳ ба забони тоҷикӣ дарс гуфтаам. Ва бояд таъкид кунам, ки тадриси фалсафа ба забони тоҷикӣ кори содае нест. Бародаронам Масъуд ва Парвиз низ донандаҳои хуби забони тоҷикӣ ҳастанд. Масъуд ба забони тоҷикӣ аз фанни мухобирот дарс мегӯяд. Парвиз машғули тарҷумаи филмномаҳо ба забони тоҷикӣ аст. Ман фикр мекунам, ин овозаҳо бӯҳтон аст, на нисбат ба фарзандон, балки ба худи Мирзо Турсунзода.
-Барои сӯҳбат сипосгузорам.
Би-Би-Си