09:18:34 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28

«СИРАТ ВА МАҚОМОТИ НАҚШБАНДИЯ»

«Сират ва мақомоти нақшбандия» чунин ном дорад китоби Аҳмад Холид Ором, муҳаққиқи ҳаждаҳсолаи афғон, ки дирӯз, чоруми майи соли 2012, муаррифии он дар толори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ бо ҳузури олимону донишмандони тоҷик баргузор гардид.

/images/stories/2012/05/05_ahmad-kholid_5.5.12.jpgҚосимшоҳ Искандаров, доктори илмҳои таърих дар сухани муқаддимавии худ иброз дошт, ки Аҳмад Холиди Ором бо вуҷуди хеле ҷавон будан инак саввумин китоби худро дар бораи олимони тасаввуф таълиф ва ба нашр расонд. Қаблан ӯ китобҳои «Орифномаҳои сегона» ва «Зиндагиномаи Шақиқи Балхӣ»-ро навиштааст. Аҳмад Холид Ором дар мавриди китоби «Сират ва мақомоти нақшбандия» изҳор дошт, ки он аз се бахш иборат аст.

Дар бахши аввал муҳаққиқ зиндагиномаи Хоҷа Баҳоваддини Нақшбанд, асосгузори ин тариқатро ба риштаи таҳлил кашида, ҳамзамон дар бораи асҳобу шогирдон, осори манзуму мансури ӯ ва инчунин ашъоре, ки дар бораи ӯ суруда шудааст, маълумоти муфассале додааст.

Дар бахши дуввум бошад дар бораи тариқати нақшбандия, сирату мақомоти он, манотиқе, ки он густариш пайдо кардааст, иттилоъ додааст.

/images/stories/2012/05/05_majlisi-kitob_5.5.12.jpgБахши саввуми китоб аз шарҳи истилоҳоти ирфонӣ иборат аст. Ба китоби мазкур доктори илмҳои ҳуқуқ Саид Иброҳими Ҳикмат, ки замоне сафири ҶИА дар Тоҷикистон буд ва феълан раиси донишкадаи ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Ориёнои Афғонистон мебошад, инчунин Абдураҳмони Раҳмонӣ, муфтии Балх тақриз навиштаанд.

Дар бораи ҳусну қубҳи ин китоб донишмандони тоҷик, азҷумла Мардони Тоҷиддинӣ, Алимуҳаммади Хуросонӣ, Шодимуҳаммад  Сӯфизода, Шамсиддини Насриддин, Ғолиб Ғоибов, Ҳокимшо Қурбонов, Нарзуллоҳ Гадоев, атташеи фарҳангии сафорати  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Салҷуқӣ, падари муҳаққиқи ҷавон ҷаноби Абдулҳайи Ором ва дигарон ибрози нуқтаи назар карданд.

«Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 06.05.2012 17:48
Офарин хушо ба х,олат бародар, фах,мишу идрокат бех,тар аст аз баъзе (баном) академику донишмандх,ои Ч,.Т.
 
 
+4 #1 RE: «СИРАТ ВА МАҚОМОТИ НАҚШБАНДИЯ»Guest 05.05.2012 13:55
Офарин... Мардака бинен хаждасолаву аклуш ай бисёр одамон болотар. Мардак китоб навистаст. :-)
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi