04:07:19 12-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ҲАБИБУЛЛОҲ АБДУРАЗЗОҚОВ: «ҚАДРИ БУЗУРГОНИ ХУДРО БОЯД ДОНЕМ»

Ҳабибуллоҳ Абдураззоқ, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, яке аз маъруфтарин ҳунарпеша ва коргардонҳои театр ва синамои тоҷик, ки садҳо  нақшро дар театр ва синамои тоҷик, синамои баъзе аз кишварҳои ҷаҳон бозидаасту даҳҳо намоишномаҳоро рӯи саҳна овардааст, бори аввал Ғанӣ Абдуллоҳ, саршиностарин драматурги тоҷикро асосгузори драматургияи тоҷик номид. «Ғанӣ Абдулло солҳои сиюм пиёда ба Кӯлоб рафта театри Кӯлобро ташкил кард, пиёда ба Ғарм рафта театрро дар минтақаи Ғарм созмон дод».

/images/stories/2012/05/11_habibullo-abdurazzoqov-baro.jpgӮ ин нуқтаи назарашро дар маҳфиле, ки ба ифтихори 100-солагии рӯзи таваллуди Ғанӣ Абдуллоҳ дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иброз намуд. «Вақте, ки Тоҷикистон соли 1929 ҷумҳурии мустақил шуд, аз тамоми Самарқанду Бухоро, Фарғонаву ҳатто аз Афғонистон тоҷикҳои шерҷигар ба Душанбе омаданд. Душанбе ду аробаи шалақ ва роҳҳои то зону хоку лой дошт.

Ғанӣ Абдуллову, Рашид Абдуллову, Фотеҳ Ниёзиву, Ҷалол Икромиву, Муҳаммадҷон Қосимову дигарҳо дар ватанҳои худашон хонаҳои дуошёнаву сеошёна доштанд. Онҳо барои баланд бардоштани обрӯи миллати тоҷик ҳамаро партофта ба Душанбе омаданд. Барои ҳар як онҳо мо бояд пайкара гузорем. Ин хелӣ набояд бошад, ки инаш бухороиву инаш самарқандӣ ҳаст.

Тоҷик дар ҳама ҷо дар Самарқанду Бухоро, Кобулу Теҳрон, дар Покистону дигар ҷо тоҷик аст. Ӯ ғами миллатро мехӯрад», гуфт дар идомаи суханронияш Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов.

(Навори видеоии лаҳзае аз суханронии Ҳабибуллоҳ Абдураззоқовро, манзури шумо, муштариёни гиромии сомона мекунем).

Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳусни матлаъ бахшид.

Дар ин маҳфил устодони сухан, шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдуҳамид Самадов, журналист ва драматурги маъруфи кишвар Нурмуҳаммад Табаров ва фарзанди Ғанӣ Абдулло сиёсатшинос ва таҳлилгари масоили сиёсӣ, Рашид Ғанӣ Абдулло дар бораи паҳлӯҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти ин марди бузурги фарҳанги миллат суханрониҳо карданд.

Драмнависи маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ғанӣ Абдулло 11 марти соли 1912 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Дар бистсолагӣ факултети адабиёти Аадемияи омӯзгории Ӯзбекистонро хатм намуда, дар Институти тадқиқоти илмии Комиссариати маорифи Ҷумҳуриии Тоҷикистон кор мекунад.

/images/stories/2012/05/11_habibullo-abdurazzoqov-2012.jpgҒанӣ Абдулло вакили анҷумани 1-уми Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ (1934) буд. Солҳои 1934-1937 ба ҳайси котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кардааст. Соли 1937 Ғанӣ Абдулло гирифтори тӯҳмат шуд ва ӯро ба Сибир бадарға карданд. Пас аз бозгашт солҳои тӯлоние дар Театри академии ба номи А. Лоҳутӣ дар вазифаи мудири қисми адабӣ кор кардааст.

Ғанӣ Абдулло дар аввали солҳои сиюм ба забони ӯзбекӣ шеъру достон менавишт, ки дар маҷмӯаҳои «Сатрҳои сохтмон» (1932), «Ба номи Вединг» (1933) ба табъ расидаанд. Сипас ба забони тоҷикӣ шеърнависиро давом дод ва маҷмӯаҳои «Садо» ва достони «Ду соҳил»-ро соли 1935 ба табъ расонд.

Ғанӣ Абдулло мақолаҳои адабиётшиносӣ ҳам дорад, ки яке аз онҳо «Ҷалол Икромӣ ва эҷодиёти ӯ» (1933) мебошад. Дар ин мақола давраи аввали эҷодиёти нависандаи ҷавон Ҷалол Икромӣ тадқиқ шудааст.

Фаъолияти драманависии Ғанӣ Абдулло аз ибтидои солҳои сиюми асри бист оғоз меёбад. Ӯ соли 1933 драмаи «Вахш», 1936 «Водии бахт»-ро навишт. Дар ин асарҳо корнамои халқи тоҷик дар сохтмони каналу  иншоотҳо, корам кардани заминҳои бекорхобида васф шудаанд. Ӯ дар ҳамин солҳо ба мавзӯъҳои таърихӣ даст зада, драмаҳои «Шӯриши Восеъ» (1936), «Рустам ва Сӯҳроб»-ро (1937) эҷод  мекунад.

/images/stories/2012/05/11_ghani-abdullo-100-sola.jpgҒанӣ Абдулло пас аз бозгашт аз бадарға ба драманависӣ ба таври ҷиддӣ машғул мешавад. Дар эҷодиёти ӯ симоҳои барҷаста, ботинӣ, дардҳои рӯзгор мавқеъ пайдо мекунанд. Драмаҳои «Шарафи инсон» (1956), «Суруди кӯҳсор» (1957) аз маишату ахлоқ, падидаҳои нав дар шууру афкори мардум ҳикоят мекунанд. Ғанӣ Абдулло соли 1957 драмаи «Тӯфон»-ро ҳамроҳи Шамсӣ Қиёмов навишта, ба тамошобинони театри тоҷик пешкаш намуд. Санъатшинос Низом Нурҷонов менависад: «Ҳанӯз дар драмаи «Тӯфон» Ғанӣ Абдулло кӯшиш намуда буд, ки ба мавзӯи таърихӣ-инқилобӣ аз диди нав даст занад.

Ҳамроҳи Шамсӣ Қиёмов ӯ мавзӯи давраи аввали инқилобро дар Тоҷикистон интихоб кард, ки касе машғул нашуда буд. Дар асоси маъхазҳои таърихӣ муаллифон муҳити сиёсӣ, вазъият, моҷароҳо ва ихтилофҳои иҷтимоиро ҳамаҷониба нишон додаанд». (Н. Нурҷонов, «Таджикский театр», Москва, 1968, стр. 199). Драманавис ин мавзӯъро идома дода, асари сегонае офарид: «Тӯфон» (1957) «Ҳуррият» (1964), «Сарбозони инқилоб» (1970). Ғанӣ Абдулло соли 1967 драмаи «Рустам ва Сӯҳроб»-ро аз сари нав таҳрир намуд.

Ғанӣ Абдулло муалифи драмаҳои «Ҷомӣ ва Навоӣ» (1969), «Фарёди ишқ» (1975), «Ситораҳои умед» (1975), «Шамъи маърифат» (1978), «Мурғи саҳар» (1980) мебошад. Дар ин драмаҳо симоҳои Ҷомӣ, Навоӣ, Шириншо Шотемур, Айнӣ, Лоҳутӣ барҷаста тасвир ёфтаанд.

Драманавис бештар ба масъалаҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ, бедории шуури мардум, таҳаввулоти инқилобӣ диққат додааст.

Ғанӣ Абдулло дар жанри драматргияи тоҷик яке аз саромадон ва поягузорон аст. Драмаҳояшро ҳамаи театрҳои ҷумҳурӣ аз саҳна мондаанд. Дар даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва ва ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ асарҳои ӯ ба намоиш гузошта шудаанд.

Ба қалами Ғанӣ Абдулло тарҷумаи асарҳои драмавии Т. Драйзер «Доми фиреб», А. Островский «Духтари бебисот», Р. Такур «Қурбонӣ», К. Симонов «Ҷавоне аз шаҳри мо», Н. Корнейчук «Платон Кречет», А. Папов «Оила» ва ғайра таъаллуқ доранд.

Ғанӣ Абдулло барои хизматҳои барҷастааш дар рушди адабиёту театр, тарбияи маънавии мардум бо ордени Дӯстии халқҳо, «Нишони фахрӣ» ва медалҳо мукофотнида шудааст. Дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ  ва унвони Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон мебошад.

ДРАМАҲОИ ҒАНӢ АБДУЛЛО

«Вахш» - 1933

«Водии бахт» -1936

«Шӯриши Восеъ» - 1936

«Рустам ва Сӯҳроб» - 1937 (1957)

«Шарафи инсон» - 1956

«Суруди кӯҳсор» -1957

«Тӯфон» (ҳамроҳи Ш. Қиёмов) - 1957

«Ҳуррият» - 1964

« Рустам ва Сӯҳроб» - 1967

«Ҷомӣ ва Навоӣ» - (1969)

«Сарбозони инқилоб» - 1970

«Фарёди ишқ» - (1975)

«Ситораҳои умед» - 1975

«Шамъи маърифат» - 1978

«Мурғи сахар» - 1980

АСАРҲОИ ҒАНӢ АБДУЛЛО

«Сатрҳои сохтмон» - 1932

«Бо номи Вединг» - 1933

«Садо» - 1935

«Ду соҳил» - 1935

«Ҳуррият» - 1972

«Ситораҳои умед» - 1982

«Направлений взрыв» - 1980

«Рӯзгор»

Бо зер кардани калимоти ин ҷумла шумо аксҳоеро аз ин маҳфил метавонед тамошо кунед ва барои худ нусхабардорӣ намоед.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi