01:38:29 26-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

АДИМИ ШУҒНОНӢ - ШОИРИ МАРДУМИ ҲАРДУ СОҲИЛИ РӮДИ ПАНҶ 110-СОЛА ШУД

Дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ бахшида ба 110 –солагии зодрӯзи шоири мардуми ҳарду соҳили Панҷ Саид Замониддин Адими Шуғнонӣ бо ибтикори Ҷамъияти дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон бо мамолики ҳориҷӣ, аз ҷумла раёсати Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Афғонистон ва дар ҳамкорӣ бо Институти илмҳои гуманитарии АИ ҶТ ду конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

/images/stories/2012/12/26_1-adimi-shughnoni-2012.jpgКонференсияи якум рӯзи 24 ноябри соли 2012 дар толори Институти илмҳои гуманитарӣ бо ширкати намояндагони аҳли илму фарҳанг, иттиҳоди нависандагони вилоят ва хешону набераҳои шоир гузаронида шуд. Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ Директории Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмҳои филология Шодихон Юсуфбеков оғоз намуд. Сипас аъзои Ҷамъияти дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангии Тоҷикиситон-Афғонистон Қудратбек Элчибеков роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Адим Шуғононӣ маърӯза намуд.

Раиси бахши помирии Академияи илмҳои ҶТ, академик Ақназаров дар бораи сафари Адими Шуғнонӣ ба Бадахшон ва мулоқоти ӯ бо шоирону нависандагони маҳаллӣ сӯҳбат карда, хотироти худро дар бораи Адими Шуғнонӣ ҳикоят намуд.

/images/stories/2012/12/26_3-lolo-davlatbekov-2012.jpgМудири кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, номзади илмҳои филологӣ, Лоло Давлатбеков мавзӯи «Мавқеи  ғазал дар ашъори Адим»-ро мавриди арзёбӣ қарор дод.

Раиси иттиҳоди нависандагони Бадахшон Лаъҷубаи Мирҳасан аз маҳорати баланди шоирии Адим ситоиш кард. Суханронии набераи Адими Шуғнонӣ Султон Ҳусайн роҷеъ ба лаҳзаҳои охирини ҳаёти шоир таваҷҷӯҳи ҳозиринро  ба худ ҷалб намуд.

/images/stories/2012/12/26_2-elchibekov-2012.jpgКонференсияи дуюм рӯзи 26 ноябри соли 2012 дар толори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ, Қаландарбеков И. шурӯъ шуд. Дар ин конференсия ҳайати муаллимон ва донишҷӯёни донишгоҳ, шоирон ва ҳаводорони назму шеър ширкат доштанд.

Дар ин ҷо низ узви раёсати Чамъияти дустӣ ва ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон-Афғонистон Қ. Элчибеков дар бораи ҳаёту фаъолияти Адими Шуғнонӣ суханронӣ намуд.

/images/stories/2012/12/26_4-kuybek-sharifzoda-2012.jpgДар конференсия Директори Институти илмҳои гуманитарӣ Ш, Юсуфбеков, шоир Куйбек Шарифзода, мудири каедраи адабиёти тоҷик Лоло Давлатбеков, мудири кафедра, доктори илмҳои филологӣ, Офаридаев суханронӣ намуда, аз мақому маҳорати баланди шеърсароии Адими Шуғнонӣ ситоиш намуданд.

Сипас аз тарафи донишҷӯёни донишгоҳ чанд намунаи ашъори Адими Шуғнонӣ, ки ба Тоҷикистон бахшида шудааст, қироат гардид.

Дар ин мавзӯъ: СУХАНЕ ЧАНД ДАР БОРАИ АҲВОЛ ВА ОСОРИ САИД ЗАМОНИДДИН АДИМИ ШУҒНОНӢ

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi