01:55:54 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Худойназар Асозода: “Агар Турсунзода зинда мебуд, ҷанг намешуд”

Адабиётшиноси маъруф бо як сӯҳбати хеле ошкор дар бораи худи ӯ ва ончи ки дар илму фарҳанги Тоҷикистон мегузарад.

asozoda-15052013Профессор Худойназар Асозода, адабиётшинос, шарқшинос, мунаққид, доктори илмҳои филологӣ.  25 декабри соли 1941 дар деҳаи Момайии ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ва ДДТ-ро хатм кардааст. Ба ҳайси муаллими мактаби миёна дар ноҳияи Колхозобод, лаборанти калони кафедраи забонии тоҷикии ДДТ, аспиранти кафедраи адабиёти шӯравии тоҷики ДДТ, тарҷумон дар Афғонистон кор кардааст.

Баъди дифои рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Синфи коргар дар адабиёти советии тоҷик» фаъолиятро дар донишгоҳи мазкур идома додаст. Докторанти Институти шарқшиносии АИ ИҶШС буд. Баъдан вазифаҳои муовини аввали ректори донишкадаи забонҳои Тоҷикистон (1992-93), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДДТ (1993-96) , декани факултаи филологияи ДДМТ (1996-99), мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (1999-2004), ректори ДДОТ (2005-2008)- ро ба уҳда дошт. Ҳоло профессори ДМТ.

Муаллифи беш аз сӣ асари илмист. Ахиран дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Махзани адабии профессор  Худойназар Асозода ташкил ёфт. Адабиётшиноси маъруфи тоҷик  5 ҳазор нусха китоб аз китобхонаи шахсиашро ба китобхонаи факулта тақдим намуд, ки миёни онҳо китоби «Муаллим» низ ҳаст. Ин китоб маҳсули заҳмати маорифпарваронест, ки дар солҳои 40-ум бо мақсади маҳви бесаводӣ ба нашр расониданд.

-Устод, ҳамчун шахсе, ки дар омода кардани кадрҳои омӯзгорӣ саҳм доред, дар бораи савияи дониш ва маҳорати таълими омӯзгорони имрӯза чӣ гуфта метавонед?

-Ман дар оилаи омӯзгор таваллуд ёфтаам. Падарам аз соли 1936 то 1966, яьне то замони фавт муаллимӣ мекарданд. Ман ҳам умре омӯзгорам. Ҳам дар мактаби миёна ва ҳам олӣ дарс гуфтаам. Албатта, савияи дониши омӯзгорон дар муқоиса ба давраи гузашта хеле тағйир ёфтааст. Ман се сол ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ будам ва дар ин масъала бисёр андеша мекардам.

Чун ин ягона донишгоҳест, ки барои ҷумҳурӣ омӯзгор тайёр мекунад. Ба соҳаи омӯзгорӣ на он касоне ҷалб мешаванд, ки заминаи хуби ба мактаби олӣ дохил шудан доранд. Ҳамонҳое меоянд, ки ба факултаи ҳуқуқу иқтисодиву рӯзноманигорӣ дохил шудан наметавонанд, пул надоранд.  Мутааcсифона, бештари онҳо дониш надоранд.

Бовар кунед, мо ним сол дар курси якум барномаи мактаби миёнаро мегузаштем. Бачае ҳаст, ки номашро навишта наметавонад. Ин албатта, бадбахтии калон аст. Дар ҳамин факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллӣ ҳам вазъи дониши донишҷӯён бисёр бад аст. Як ҷумларо бехато навишта наметавонанд. Ин ба вазорати маориф ҳам маълум аст.

Муаллим барои санҷиш ё имтиҳон аз донишҷӯ пул меситонад, ки ин барои ман шармандагист. Муаллимонро донишҷӯ ба пулгирӣ маҷбур мекунад. Вай бояд диплом гирад, аз хидмати ҳарбӣ халос шавад. Муаллим ҳам зиндагӣ дорад, бачаву кача дорад. Маош паст аст. Ман се сол дар донишгоҳи омӯзгорӣ бо ин мушкилӣ мубориза бурдам. Ҳодисаҳое буд, ки бача дар Русия буду дафтарчаи имтиҳонаташ дар ин ҷо «мехонд». 

Ҳоло низоми кредитӣ шудааст. Муаллим дарс мегузараду меравад. Саволу ҷавоб тавассути компютер сурат мегирад. Ин барои он аст, ки муаллим пул гирифта натавонад. Вале саволҳо фурӯхта мешаванд. Ба системаи тестиву кредитӣ бачаро аз мактаби миёна омода кардан даркор аст. Бачаҳо то ҳол чӣ гуна хонапурӣ карданро намедонанд.

-Агар аз Шумо хоста шавад, ки донишҷӯёни имрӯзаро аз лиҳози шавқу рағбат ва талоши донишомӯзӣ табақабандӣ кунед, кадом табақа ё гурӯҳҳоро ном бурда метавонед?

-Дар як гурӯҳ 60 донишҷӯ ҳаст. Бархе бо баҳои чору панҷ мехонанд. Баъзе аз рӯи шпаргалка андешаҳояшонро мегӯянд. Онҳое низ ҳастанд, ки дониш надоранд, вале баҳо мегиранд. Муаллим бояд ба таври шахсӣ бо донишҷӯ кор кунад. Ӯ аз назари имрӯз мавзӯъро ба донишҷӯ шарҳ диҳад. Масалан, қаҳрамони “Марги судхӯр”-и Садриддин Айнӣ манфӣ буд, судхӯрӣ мекард.

Аммо дар шароити кунунӣ, ки ҷомеаи бозаргонист,  “судхӯр”-и Айниро дар мисоли бонкҳо  ва шахсони алоҳида дидан мумкин аст, қарз медиҳанду фоиз мегиранд. Чӣ хел онҳоро судхӯр мегӯед? Ҳоло ин кори мусбат шуд. Ё худ Одина як тоҷики камбағали қаротегинӣ буд, ки мардикорӣ мекард. Ҳозир дар Русия  1-1,5 миллион тоҷик мардикорӣ ё мебахшед, ҳатто ғуломӣ мекунанд. Тамоми дунёро одинаҳо гирифтаанд. Чун Айнӣ донишманд буд, медонист, ки чархи таърих бармегардад.

-Бархе аз идораҳои давлатӣ дар эълони озмунҳо барои ҷойи кор ба онҳое бартарӣ медиҳанд, ки то солҳои 1990 мактаб ё донишгоҳро хатм кардаанд. Ба фикри Шумо, сабаб чист?

-Сабаб дар он аст, ки баъди солҳои навад, ки дар ҷумҳурӣ бесарусомониҳо ба вуҷуд омад, бархе мактаб ё донишгоҳро нахонда, диплому шаҳодатнома гирифтанд, яъне хариданд. Ба ман ҳам баъзеҳо муроҷиат карданд, ки устод, як диплом гирифта диҳед, мансаб тайёр аст. Ман гуфтам, аз кӯдакиам ба ҳаромкорӣ даст назадаам ва ин корро намекунам. Ҳозир ин амал кам шудааст, назорат сахт аст. Вале сатҳи дониш паст аст.

Аз ҷониби дигар онҳое, ки то соли 90-ум хондаанд, баъзеашон пир шуданд. Ҷои онҳоро бояд ҷавонон гиранд. Ба наздикӣ дастуре буд, ки бояд баъди синни 63-солагӣ дар вазифаи роҳбарӣ кор накунанд. Ман аз вазифаи мудирӣ рафтам ва ба ҷоям шогирдамро гузоштам. Шогирди ман дониши хуб дорад, вале на ҳама метавонанд шогирдҳои шоистаро ба ҷояшон гузоранд.

Аз ашхоси солдидаи арзанда истифода бояд бурд. Дар як сӯҳбат ректори Донишгоҳи тиббӣ гуфт, ки ман ягон тағироти кадрӣ накардам. Ӯ гуфт, агар мудири кафедраро аз вазифааш гирам, вай мактаб дорад, бо мактабаш меравад ва клиникаи шахсӣ мекушояд. Донишгоҳи тиббӣ бе муаллим мемонад.

-Дар давоми фаъолияти худ бо инсонҳои зиёде, аз ҷумла бо афроди номдор сари кор доштаед. Дар бораи нақши онҳо дар рушди кишвар ё афкори иҷтимоӣ чӣ гуфта метавонед?

-Ман хотиротамро дар панҷҷилд зери унвони “Достони зиндагӣ” нашр кардаам. Аз соли 1963 дар муҳити фарҳангии Тоҷикистон қарор дорам. Дар Тоҷикистон чеҳраҳое буданд, ки воқеан барои миллат хидмат кардаанд. Яке аз онҳо устоди ман Соҳиб Табаров аст, ки то ҳол китоб менависад. Муҳаммадҷон Шакурӣ барои пайванди решаи гузашта бо имрӯз бисёр заҳмат мекашид.

Устодон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров хидмати мондагор анҷом додаанд. Вале баъди бозсозӣ аз табақаи зиёии Тоҷикистон касоне пайдо шудаанд, ки ба ҳамин се нафар сангпартоӣ карданд. Масалан, гуфтанд, ки Айнӣ алифбои тоҷиконро барҳам додааст. Ҳол он ки ин гуноҳи Айнӣ набуд, сиёсати давр буд. Ё гуфтанд, ки “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дастнавис надорад, онро худаш нанавиштааст. Дуруст аст, ки онро як пажӯҳишгоҳ навиштааст, вале зери назари Ғафуров ба вуҷуд омад. 

Нашри китоб бо номи миллат дар он давра қаҳрамонӣ буд. Ё Турсунзода гуфта будааст, ки забони тоҷикӣ аз байн меравад. Вале ман мегӯям, ки манзалате, ки ин забон дар замони шӯравӣ дошт, ҳоло надорад. Дар он давра бисёр ҷиддӣ меомӯхтанд, менавиштанд. Ҳоло ҳарҷу марҷ дар забон бисёр аст. Бузургии ин се тан ҳамин буд, ки сиёсати фарҳангии шӯравиро ба манфиати миллати тоҷик ҳал мекарданд. Айнӣ ягон мадҳия надорад. Шоироне, ки имрӯз маддоҳӣ мекунанд, самимӣ нестанд.

-Бархе мегӯянд, дар Тоҷикистон дигар рӯшанфикри ҳақиқӣ намондааст ва дар бораи рисолати зиёӣ низ баҳсҳо ба гӯш мерасад, Шумо чӣ назар доред?

-Ҳамасола мулоқоти Президенти кишвар бо зиёиён доир мешавад. Баъзан дар толор инсонҳоеро мебинед, ки ба зиёӣ тамоман монанд нестанд. Дар анҷумани Иттифоқи нависандагон аз сесад нафар танҳо даҳ нафарро ман шинохтам, генерал ҳам буду як одами аз кӯча омадагӣ ҳам. Он вақт ман як мақола навиштам, ки ҷои Турсунзода холист. Раёсати Иттифоқ гуфтааст, ки пас мо кием? Агар дар солҳои навадум Турсунзода зинда мебуд, ҷанги шаҳрвандӣ намешуд. Ӯ ба майдон мебаромад ва мардум ба эҳтиромаш гашта ба хонаҳояшон мерафтанд. Вале баъзе шоирони мо ин корро накарданд. Баръакс ба оташ равған рехтанд.

-Ба назари Шумо, кишварро кӣ месозад? Давлатмардон, омӯзгорон, адибон ё ҷавонон?

-Кишварро тамоми аҳли ҷомеа месозанд. Боз аз Айнӣ мисол меорам. Вақте соли 1917 ҷадидони Бухоро мехостанд инқилоб кунанд, Айнӣ ба онҳо гуфт, биёед, аввал мардумро босавод кунем. Мардум босавод шавад, худаш мегӯяд, ки инқилоб кунем ё не. Вале ҷадидон ӯро гӯш накарданд. Агар мардум босавод бошад, гапҳои майда-чуйда, ҳизббозиву гурӯҳбозӣ намешавад. Чун миллатҳои Назди Балтика босаводанд, дар он ҷо ҷангу хунрезӣ нашуд.

Баъдан соҳибкорон метавонанд дар рушди кишвар саҳм гузоранд, пулашонро ба манфиати мардум сарф кунанд. Ман ноҳияеро медонам, ки дар як вақт 8 вазир дошт, вале онҳо дар ноҳияашон як метр ҳам роҳи асфалт насохтанд. Аз ин “бузургмардон” чӣ суд?

Боре устод Айнӣ мехоҳад ба хотири зиндагиву кори чандсолаашон дар он шаҳр ба мардуми Самарқанд зиёфат диҳад. Ҳисоб мекунад, ки он 400 рубл мешавад. Меандешад, ки 10-12 нафар меоянду мехӯранду мераванд. Раҳмат ҳам намегӯянд. Беҳтар аст, ман ин пулро ба тоҷикбачаҳое, ки дар Олмон мехонанд, равон кунам. Ана ин аст бузургмардӣ.

Маҳалгароиро аз байн бурдан лозим аст. Ман ҳар ҷое кор кардам, ягон бор аз маҳалли худам коргар нагирифтам. Касеро меовардам, ки дониш дошта бошад.

-Кадом рӯйдодҳоро шодтарин ва ғамангезтарин рӯйдодҳои умри худ номида метавонед?

-Ман дар оилае ба воя расидам, ки зиндагии таъмин дошт. Дарси хуб мегирифтам. Вале модарам дар 38-солагиаш сари фарзанд рафт. Ман 14-сола будам. Ин бароям бисёр рӯйдоди вазнин буд. Медидам, ки модарандарам чӣ тавр додаронамро азоб медод. Рӯйдоди хуштарин он аст, ки касби омӯзгориро пеша кардам.

Аз соли 1960 муаллим ҳастам, вале унвони Аълочии маорифро надорам. Чун худам инро намехостам. Ман дар умрам ягон хел ҷоизаро қабул надорам. Профессор ҳастам, кифоя. Шодии дигарам дар он аст, ки порсол 5 ҳазор нусха китобҳоямро ба факулта супурдам ва Махзани адабии профессор Худойназар Асозода ташкил ёфт. Акнун шогирдонам аз онҳо баҳравар мешаванд.

-Шогирдон аз Шумо мепурсанд, ки ишқ чист ва Шумо чӣҷавоб медиҳед? Шумо дар умри худ ошиқ шудаед?

-Ман аз “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Ҳотифӣ мисол меорам. Маҷнун ба Лайлӣ мулоқот таъин мекунад. Лайлӣ намеояд.  Маҷнун як моҳ-ду моҳ дар ҷояш интизор мешавад. Болои сараш парандаҳо лона мегузоранду тухм мекунанд. Ана ин аст ишқи ҳақиқӣ. Ҳоло чанд дақиқа интизор мешаванду агар маҳбуба наояд, мегӯянд, сари зулфи ту набошад, сари зулфи дигаре.

Дар 14-15-солагиам духтаре ба ман ошиқ шуда буд. Мактуб менавишт. Як рӯз мулоқот таъин кардем. Чун ҳардуямон саводи ишқӣ надоштем,  3 километр ин тараф - он тараф пиёда рафтем, вале хомӯш, ҳарфе назадем.  Вале он ишқ набуд. Баъд ошиқ шуда, оила барпо кардам. Ҳамсарам табиб аст. Панҷ фарзанди хуб дорам. Писарам Парвиз Асоев консули генералӣ дар Екатеринбург аст, 4-5 забонро медонад. Духтаронам иқтисодчианд. Ду фарзанди хурд дорам. Яке мегӯяд, микрохирург мешавам, дигаре мегӯяд, президент мешавам. Аз зиндигиам розиам, чун хонавода ба кору эҷодам зарар нарасонидааст. То ҳол ман ба бозор намеравам.

-Хабар доред, ки шогирдон дар ғайбатон дар бораи Шумо чӣ мегӯянд? Омӯзгор бояд ба чунин гуфтугӯҳо диққат диҳад ё онҳоро ба назар нагирад?

-Рости гап, ман намедонам, ки дар бораам сухани бад мегӯянд ё не. Шунидам, ки агар дар долони факулта мағал бошад,бо омадани ман “Асозода омад”,- гӯён донишҷӯён хомӯш мешаванд. Муаллимон мегӯянд, ки рӯзе, ки шумо меоед, дар долонҳо оромист.

Замоне, ки ман декани факулта будам, як муноқиша шуд ва ман ариза навишта, аз кор рафтам. Ба боғ мерафтаму биллиард бозӣ мекардам. Як рӯз дар зери дарвоза мактуберо дидам, ки  аз номи донишҷӯён буд. Дар мактуб хеле бо дарду алам навишта шудааст, ки агар шумо барнагардед, ин факулта факултаву мо одам намешавем. Он мактуб боис шуд, ки дубора ба кор баргаштам. Агар устод фарҳанги баланд дошта бошад, сахтгир ҳам бошад, дарси хуб диҳад, донишҷӯён ӯро эҳтиром мекунанд. Ба гуфтани сухани бад ҷуръат намекунанд.

Ман симои мағрур дорам, вале аслан ин тавр нестам. Мегӯянд, Асозода заминро нигоҳ намекунад. Вале боз мегӯянд, ки Асозода чоплусиву мутаҳҳамӣ надорад. Чаро ман бояд чоплусу муттаҳам бошам?

То ҳол ҳатто аз фарзандон ягон пероҳан нагирифтаам. Ман ҳамин хел инсон ҳастам, ки аз касе ягон тамаъ надорам. Танҳо ба меҳнати худам такя мекунам. Мехоҳам нонам ҳалол бошад. Президент барои сохтмону тармими донишгоҳ 18 миллион сомонӣҷудо кард, ягон хасашро нагирифтам.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi