00:02:38 02-уми Майи 2026 сол
Толибони афғон на Масъуд доранд ва на Раббониву Ҳикматёр 23.01.2014 14:53 1652
Онҳо чароғи ҷиҳоди зидди ишғолгаронро фурузон карданд. Вале Толибон ин гуна чеҳараҳо ва ин гуна шахсиятҳо надоранд. Шахсан ман касеро аз миёни онон намедонам ва намешиносам. Касоне ҳам, ки исмашон каме сари забонҳо шудааст, ҳамон тафаккури қадимӣ доранд ва ҷаҳонбиниашон хеле маҳдуд ва танг аст.
Як пайкараи Исмоили Сомонӣ кифоя аст, ки ифтихори миллӣ бошад 19.01.2014 15:21 1727
Посухи шумо ба ҳайкалканиҳои замони муосир маро ба андеша бурд. Ошкор мегӯям, ки узви ҳизби коммунист ҳастам ва то ҳол билети ҳизбӣ дар даст дорам. Қатори садҳову ҳазорҳо ҳамҳизбҳоям зидди ин гуна амалҳо мебошам. Аммо на барои он ки Ленинро басо зиёд дӯст медорам. Барои он ки нокомии ҷомеаро дар ....
Пурсишеву посухе: Озмуни "Зебосанами олам" чӣ таърихе дорад? 19.01.2014 15:17 1509
Аввалин озмуни "Зебосанами олам" 15 апрели соли 1951 дар Лондон баргузор шудааст. Дар он 26 муддаии зебоӣ аз чандин кишвари олам ширкат кардаанд. Аммо нахустин озмуни зебоӣ миёни 350 духтар дар шаҳри Спаи Белгия 19 сентябри соли 1888 барузор шуда будааст.
Сад фарди маъруф 19.01.2014 15:12 2703
Ниёгонамон варзишгаронро қадр менамуданд, хоса паҳлавонон манзалат доштанд, чунончӣ, Рустаму Сӯҳробу Сиёвуш қаҳрамонони давр маҳсуб меёфтанд. Мутаассифона, маҳорату истъедоди варзишгарон асрҳо зуҳур намекард, чун мусобиқоти расмӣ доир намегардид.
Сад фарди маъруф 18.01.2014 12:15 3080
Бонуи тоҷик садсолаҳо дар ҷомеъа мақому манзалат дошт ва номаш дар осори бузургони миллат (Гурдофарид, Рудоба, Рухшона, Таҳмина ва диг.) мусаббат гардидааст. Вале воқеъият ин аст, ки бонуи тоҷик дар замони шӯравӣ ба мартабаи баландтарин расид. Намояндагони барҷастаи давлатию сиёсӣ, олимаҳо, адибон, ходимаҳои намоёни фарҳанг...
Куҷост Силаҳшӯри тоҷик, ки Исмоили Сомониро офарад? 16.01.2014 12:33 1498
Ростӣ хабари анҷоми наворбардории филми ҳунарӣ дар бораи ҳазрати Мусо (ъ) дар Эронро хондаму эҳтиромам ба мардуми ин сарзамин хеле баландтар шуд. Ҳанӯз ҳам ёди "Ҳазрати Юсуф" мекунам ва агар иқрор шавам, ки ман Юсуфпайғамбарро аз филми Силаҳшӯр шинохтам, иштибоҳ намекунам.
Пурсишеву посухе: Дар бораи Кароматуллоҳи Мирзо мехоҳам бидонам 16.01.2014 12:23 1880
Кароматуллоҳи Мирзо яке аз пуркортарин ва маъруфтарин адибони муосири тоҷик аст, ки 25 апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) дар хонаводаи мударрис Мирзои Мирҳайдар ба дунё омадааст. дида ба олам кушодааст.
Пул ки ба хазина дохил шуд, киро фикри дониши донишҷӯ? 15.01.2014 11:02 1496
Бори дигар ба ҳамаи алоқамандони "Рӯзгор" салом арз мекунем. Охирин моҳ аз соли 2013 оғоз шуд, шумораи 27-уми "Рӯзгор" ба дастатон мерасад ва агар Худо хоста бошад, бо сиюмин шумора солро ба поён хоҳем бурд. Ва дар соли нав сухани нав, матлаби нав, гӯшаву саҳифаҳои навро ҳам хоҳед дид.
Сайфи нависандаро медонистам, аммо... 09.01.2014 16:24 1602
Сарвинози Самандар дар бораи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, адиби шинохта ва қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ хеле як номаи самимӣ унвонии "Рӯзгор" ирсол кардааст. Вай гуфтааст, ки омӯзгори адабиёт аст ва шояд қариб ҳамаи асарҳои чопшудаи Сайфи ғурамаргро хонда бошад.
Пурсишеву посухе: Иртиботи китобдорӣ бо 21 кишвари ҷаҳон 09.01.2014 16:11 1502
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Китобхона бо китобхонаҳои миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Туркия, Чин, Ҷумҳурии Мисри Араб, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Сад фарди маъруф 09.01.2014 15:51 2464
Журналисткаи тоҷик таърихи беш аз садсола дорад, аввалин рӯзномаи тоҷикӣ расман "Бухорои Шариф" (таъсисаш соли 1912) эътироф мешавад. Қобили қайд аст, ки дар саргаҳи журналистикаи миллиамон устодон С. Айнӣ, М. Турсунзода, С.Улуғзода, М. Миршакар, Ҷ.Икромӣ, Р.Ҷалил, Ф.Ниёзӣ, А. Деҳотӣ ва дигарон қарор доштаанд.
Сад фарди маъруф 07.01.2014 11:32 2662
Намояндагони миллати тоҷик дар пешбурди фарҳанги ҷаҳонӣ ҳамеша ҳиссагузорӣ кардаанд, аммо рушди пуравҷи маданияти миллӣ бештар ба замони шӯравӣ рост омад.Санъати касбӣ-театр (драмавӣ, мазҳакаю мусиқӣ, операю балет), мусиқӣ (эстрада, симфония, хор), кино, иттиҳодияҳои эҷодӣ (рассомон, меъморон, дизайнерҳо ва ғайра...