22:28:34 07-уми Июли 2026 сол

Лев Толстой: Тафаккури башарӣ дар қолаби калима

Чеҳраҳои мондагор

Агар аз шумо бипурсанд, ки кадом нависанда дар таърихи адабиёти ҷаҳон беш аз ҳама саволи «инсон кист?»-ро бо тамоми ҷисму ҷони худ ҷустуҷӯ кардааст, яке аз беҳтарин ҷавобҳо Лев Николаевич Толстой хоҳад буд. Нависандае, ки бо ду романи бузургаш «Ҷанг ва сулҳ» ва «Анна Каренина»адабиёти ҷаҳонро ба ду давра тақсим кард ва бо таълимоти ахлоқии худ тамоми ҷаҳонро водор кард, ки дар бораи маънии зиндагӣ дубора биандешад.

lev_tolstoy_986545124587878

Аз Ясная Поляна то қуллаҳои адабиёт

Лев Толстой 9 сентябри соли 1828 дар амлоки оилавии Ясная Поляна (вилояти Тула, Русия) дар хонадони ашрофзода ба дунё омад. Кӯдакӣ ва ҷавонии ӯ дар деҳот гузашт, аммо ташнагии дониш ӯро ба Донишгоҳи Қазон расонд. Таҳсилро нимкор монда, ба хона баргашт ва ба корҳои амлок машғул шуд.

Тақдири ӯ дар соли 1851 тағйир ёфт ба Қафқоз рафт ва дар ҷангҳои зидди қабилаҳои кӯҳистон ширкат кард. Ҳамон ҷо навиштани аввалин асари бузургаш трилогияи «Кӯдакӣ», «Новобастагӣ» ва «Ҷавонӣ»-ро оғоз кард . Дар солҳои Ҷанги Қрим (1854–1855) Толстой дар мудофиаи Севастопол ширкат варзид ва пас аз он «Ҳикояҳои Севастопол»-ро навишт, ки дар он бераҳмию беҳудагии ҷангро бо тамоми решагинӣ нишон дод.

Ду романи бузург ва шӯҳрати ҷаҳонӣ

Соли 1862 Толстой бо София Андреевна Берс издивоҷ кард. Зиндагии оилавӣ ва хушбахтии хонаводагӣ ба ӯ илҳом бахшид, то «Ҷанг ва сулҳ»-ро бинависад, романе, ки дар он ҳаёти 600 қаҳрамон дар давраи Ҷанги Ватании 1812 акс ёфтааст. Ин асар дар тӯли шаш сол (1863–1869) навишта шуд ва Толстойро яке аз бузургтарин нависандагони ҷаҳон гардонд.

Пас аз он, дар солҳои 1873–1877, ӯ «Анна Каренина»-ро офарид. Нахустин ҷумлаи ин роман «Ҳамаи оилаҳои хушбахт ба ҳам монанданд, ҳар оилаи бадбахт ба таври худ бадбахт аст» яке аз машҳуртарин сатрҳои адабиёти ҷаҳон гардид.

Буҳрони маънавӣ ва таълимоти нави ахлоқӣ

Дар солҳои 1880, Толстой буҳрони маънавии сахтеро аз сар гузаронд. Вай дар бораи маънии зиндагӣ, марг ва имони ҳақиқӣ андешид. Натиҷаи ин андешаҳо таълимоте шуд, ки ба «толстовство» маъруф аст.

Маркази ин таълимот фикри муқовимат накардан ба бадӣ бо зӯр мебошад. Толстой бар ин назар буд, ки танҳо бо муҳаббат ва хубии фаъол метавон бар зиёнати иҷтимоӣ ғалаба кард, на бо зӯр ва интиқом. Ӯ гуфтааст: «Як роҳи боздоштани бадӣ вуҷуд дорад дар муқобили бадӣ некӣ кардан ба ҳама бе ҳеҷ фарқе». Ин таълимот эътирозҳои зиёдеро ба бор овард, аммо дар ҳамин ҳол дар саросари ҷаҳон пайравони зиёд пайдо кард.

Толстой низоъи шадид бо Калисои православии Русия дошт. Соли 1901 Синоди муқаддас ӯро расман «аз калисо дуршуда» эълон кард, зеро вай бисёр ақидаҳои калисоиро интиқод мекард.

Эътирофи ҷаҳонӣ

Толстой на танҳо бузургтарин нависандаи русӣ, балки яке аз муътабартарин шахсиятҳои ахлоқии ҷаҳон буд. Ин ақидаи ӯ, ки «барои зиндагии шоиста бояд ҳаракат кард, хато кард, дубора оғоз кард ва ҳамеша мубориза бурд», барои тамоми адибони ҷаҳон намуна шуд.

Адибони бузурге мисли:

- Ги де Мопассан (Фаронса), «Мо ҳама бояд аз граф Толстой дарс бигирем»;

- Ромен Роллан (Фаронса),«Толстой бо нобиғавии ҳунарии худ дурӯғ ва ҷиноятҳои низоми иҷтимоиро ошкор кард»;

- Томас Манн (Олмон), «Толстой дар соҳаи ҳунар чунин корҳо кардааст, ки мо, бандагони оддӣ, орзуашро ҳам наметавонем кунем»;

- Эрнест Хемингуэй (ИМА), «Толстой нависандаест, ки гоҳе қаҳрамононашро чунон зинда мекард, ки дар ҳеҷ кас ин гуна набуд»;

аз ӯ ҳамчун устод ва роҳнамо ёд кардаанд. Романҳои ӯ ба тамоми забонҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд ва дар ИҶШС умумии нашри асарҳояш ба зиёда аз 436 миллион нусха расида буд.

Фирор ва марг

Дар солҳои охири умр, Толстой боз ҳам бештар ба ҷустуҷӯйи сулҳи рӯҳӣ машғул буд. Дар моҳи октябри соли 1910, ӯ дар 82-солагӣ, пинҳонӣ хонаи худро дар Ясная Поляна тарк кард, то ҳамчун ғарибе ба дунё биравад. Вале дар роҳ сахт сармо хӯрд ва бемор шуд. Дар истгоҳи хурди Астапово (имрӯза Лев Толстой) аз олам гузашт. Дар Ясная Поляна, дар канори дарае, ки дар кӯдакӣ бо бародараш «чӯби сабз»-ро меҷустанд, дафн шуд.

Чаро «Чеҳраи мондагор»?

Лев Толстой дар саросари ҷаҳон чун нависанда ва мутафаккире шинохта шудааст, ки дар бораи маънии ҳаёт, дар бораи ҳақиқати рӯҳи инсон ва дар бораи ғалабаи муҳаббат бар зӯр ҳарф зад. Ҳатто ҳангоме ки вай дар ин ҷаҳон нест, каломи ӯ дар тамоми китобхонаҳои ҷаҳон ҳамчун миқёси ҳикмат ва тафаккури бузургтарин нависандаи Русия ва яке аз «чеҳраҳои мондгор»-и тамоми башар зинда аст.

“Рӯзгор”


Назари Шумо

Security code
навсозӣ