09:47:45 24-уми Июни 2025 сол

САФАРБАРИИ НАХУСТИН ГУРӮҲИ ДОНИШҶӮЁН БА РОҒУН

Имрӯз, панҷшанбеи 24-и декабри соли 2009 як гурӯҳ донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба номи  Мирзо Турсунзода бо роҳбарии устоди ҳамин таълимгоҳи олии кишвар Толиб Сангинов ба мақсади инъикоси кору пайкори сохтмончиёни НБО-и Роғун - ин иншооти бузурги асри мамлакат дар расонаҳои хабарӣ расман дар ин ҷо ба фаъолият оғоз карданд.

 

Дар тӯли ҳафта чаҳор нафар донишҷӯйи соли панҷум, ки ҳамзамон бо баъзе аз расонаҳои бонуфузи кишвар ҳамкорӣ мекунанд, бо бунёдкорони  ин нирӯгоҳи барқӣ вохӯрда, аз ҳаёти онҳо барои  расонаҳо маводҳои мухталиф таҳия хоҳанд кард. Ба ин гурӯҳи донишҷӯёни ба Роғун эъзомшуда хабарнигори сомонаи интернетии «Рӯзгор» Аҳмадшоҳи Султон, ки донишҷӯи соли панҷуми факултаи журналистии ҳамин Донишкада ҳаст, низ шомил мебошад.

 

Худо хоҳад, дар ояндаи наздик маводҳои таҳия намудаи ӯро аз ин иншооти бузурги Тоҷикистон манзури шумо, муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор», хоҳем кард.

 

Агарчӣ ин нахустин гурӯҳи донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар аст, ки барои саҳм гирифтан дар бунёди ин иншоот ба  Роғун сафарбар мешаванд, вале он ягона нахоҳад буд. Ба гуфтаи Толиб Сангинов ҷавобан ба Муроҷиатномаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси ректори Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебо профессор Аслиддин Низомов тасмим гирифта шуд, ки сари ҳар чанд вақт аз ҳисоби донишҷӯёни Донишкада гурӯҳҳои мухталиф ташкил намуда, барои инъикос, тарғибу ташвиқи корҳое, ки дар ин иншоот мешаванд, ба сохтмони НБО-и Роғун фиристода шаванд.

 

Як гурӯҳи дигари нӯҳнафараи донишҷӯёни кафедраи рассомии ҳамин Донишкада ҳафтаи оянда озими Роғун шуда, соли  нави 2010-ро дар ҳалқаи коргарони нирӯгоҳ  пешвоз гирифта, рӯзҳои аввали солро дар майдонҳои набарди ин иншооти сарнавиштсоз сипарӣ хоҳанд кард.

 

Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/1396-safarbarii-nakhustin-guruhi-donishjuyon-ba-roghun.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ