САҲМИЯҲОИ РОҒУН ВА ЗИНДАГИИ ДОНИШҶӮӢ
Бархе аз донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки устодон дар донишгоҳҳои олӣ онҳоро барои харидории саҳмияҳои "Роғун" водор кардаанд, агарчи гурӯҳи дигар мегӯянд ба сурати ихтиёрӣ саҳом харидаанд.
Ба гуфтаи донишҷӯёни норозӣ, донишҷӯёне ки то ҳол саҳомми ин нерӯгоҳро харидорӣ накардаанд, ба супоридани имтиҳонҳо иҷоза дода намешавад. Дар ҳамин ҳол вазири омӯзишу парвариши Тоҷикистон дар нишасти мутбуъотии рӯзи душанбе, 11-уми январ гуфт, ки харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи "Роғун" барои донишҷӯён иҷборӣ набудааст. Ба гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонов, ба эҳтимоли зиёд устодон танҳо барои боло бурдани ҳисси меҳанпарастии донишҷӯён аз онҳо даъват кардаанд, ки саҳҳоми "Роғунро" харидорӣ кунанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳуқуқ ва ё маъоши ҳадди ақали аксари донишҷӯён дар Тоҷикистон ҳудуди 30 сомонӣ, муъодили ҳудуди 8 дулор аст. Бархе аз онҳо мегӯянд, ки барои харидории саҳмияҳои "Роғун" аз волидони худ пул дархост кардаанд.
“Саҳмия ё дониш”
Иддае аз донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ дар шаҳри Душанбе мегӯянд, ки онҳо бо вуҷуди он ки сармояи зарурӣ дар ихтиёр надоранд, аммо саҳҳоми "Роғун"-ро харидорӣ мекунанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, ахиран устодони донишгоҳҳо ба онҳо эълом кардаанд, ки танҳо онҳое ки саҳмияҳои "Роғун"-ро харидорӣ кардаанд, ҳаққи супуридани имтиҳони мавсими зимистонаро доштаанд.
Амонҷон Собиров, донишҷӯйи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон мегӯяд: “Ҳамин рӯз ман имтиҳон доштам ва сардори клосамон ба ман гуфт, ки нахуст донишҷӯёне, ки дар шаҳри Душанбе ба сар мебаранд барои харидории саҳмияҳо 200 сомонӣ ва донишҷӯёне, ки аз русто барои омӯзиш омадаанд, 100 сомониро барои саҳмия пардохт мекунанд ва сипас барои супурдани имтиҳон иҷоза хоҳанд гирифт.”
Амонҷон мегӯяд, ки назди мудири донишкадаи рӯзноманигорӣ аз ин иқдоми устод шикоят бурда ва гуфтааст, ки барои харидории саҳмия маблағи зарурӣ надоштааст, аммо вай низ ба ин мушкилаш расидагӣ накардааст.
Имтиёз барои донишҷӮёни саҳмиядор
Дар Донишгоҳи фанноварии Тоҷикистон ба номи Осимӣ дар тоблуи эъломҳо як огоҳӣ гузошта шуда буд ки дар он чунин навишта шудааст: “Ба донишҷӯёне ки саҳмияи Роғунро харидорӣ карда, саҳми худро дар равшаноороии кишвар мегузоранд, имтиёзҳои вижае барои супурдани имтиҳонот дода мешавад.”
Иддае аз хабарингорон барои шарҳи ин эълом мехостанд ба раҳбарияти бахши энержии ин донишгоҳ муроҷеъа кунанд. Аммо дар утоқи кории раҳбарият касеро пайдо накардаанд. Як донишҷӯй аз ҷумлаи духтарон, ки худ зодаи як минтақаи дуруфтодаи Тоҷикистон аст, мегӯяд, ки то ҳол ӯро барои харидории иҷбории саҳмия водор накардаанд.
Аммо вай афзуд: “Имрӯз устодон моро даъват кардаанд, ки мо ҳадди ақал саҳмияи 100-сомонии "Роғун"-ро харидорӣ кунем. Аммо барои мо, донишҷӯён зарур аст, ки 100 сомонӣ барои зиндагии як моҳи худ масраф кунем. Барои ман душвор аст, ки ин сармояро пайдо кунам. Зеро волидон ба ман барои харидории ғазо ва либос пул мефирстанд.”
Ин дар ҳоле аст, ки бархе аз донишҷӯёни ин донишгоҳ гуфтаанд, ки онҳо саҳмияҳои 500 сомонии нерӯгоҳро харидорӣ карданд ва бад ин тартиб мехоҳанд саҳми хешро дар бунёди нерӯгоҳи "Роғун" гузоранд. Онҳо мегӯянд, ки волидонашон ин сармояро барои онҳо фароҳам кардаанд.
Тасмими иҷборӢ иттихоз нашудааст
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири омӯзишу парвариши Тоҷикистон мегӯяд, ки ин муассиса ҳеҷ гуна тасмиме дар мавриди харидории иҷбории саҳмияҳоро иттихоз накардааст. Оқои Раҳмонов афзуд: “Бори дигар ба раҳбарони донишгоҳҳо мехоҳам ёдрас кунам, ки харидории саҳомҳои нерӯгоҳи "Роғун" иҷборӣ нест. Ва мо дафъатан намояндагони вазоратро ба донишгоҳҳо эъзом мекунем, то ин мавзеъи моро тавзеҳ диҳанд.”
Вазири омӯзишу парвариши Тоҷикистон мегӯяд, дар миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои Тоҷикистон, ҷавонони зиёде аз хонаводаҳои камбизоъат ҳастанд ва барои онҳо пайдо кардани сармояи зарурӣ барои харидории саҳмияҳо душвор хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол бархе аз донишҷӯёни Донишгоҳи фаннии Тоҷикистон низ аз он шикоят кардаанд, ки устодони онҳо иҷборӣ барои харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи "Роғун" водор кардаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/rogun/1528-sahmiyahoi-roghun-va-zindagii-donishjui.html