14:06:33 02-уми Июни 2025 сол

ФУРӮШИ САҲМИЯҲОИ РОҒУН БА 700 МЛН СОМОНӢ РАСИД

Маблағи умумӣ, ки аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ҷамъ шудааст, то имрӯз ҳудуди 700 миллион сомониро ташкил медиҳад.

 

Ин хабар дар гузориши Сафаралӣ Наҷмидинов, вазири молияи Тоҷикистон, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат садо дод. Иттилои дақиқ дар бораи саҳмияхои Роғунро мақомот ва бонкҳои Тоҷикистон пинҳон медоштанд. Аммо баъд аз он ки эътирозҳо дар миёни мардум ва расонаҳо дар ин мавриди зиёд баён шуданд, Сафаралӣ Наҷмиддинов дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мушаххасан дар бораи арқом сӯҳбат кард.

 

Вай гуфт, «дар давоми 23 рӯз ба суратҳисоби нерӯгоҳи Роғун дар бонкҳои Тоҷикистон 667 миллиону 197 ҳазору 124 сомонӣ маблағ ворид гардидааст».

 

Ҷаноби Наҷмиддинов афзуд, ҳанӯз як бахши дигари даромад аз фурӯши саҳмияҳо ба ин адад шомил нест ва ба зудӣ ҷамъбасти якмоҳя хоҳад шуд. Вай ҳадс зад, ки ба сурати умум маблағи ҷамъшуда шояд аз 700 миллион сомонӣ низ бештар бошад.

 

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо гуфта буд, раванди фурӯши саҳмияҳо бояд шаффоф бошад. Фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро ҳукумати Тоҷикистон 6 январи соли равон шурӯъ карда буд. Дар оғоз танҳо бонки давлатии «Амонатбонк» ба ин маърака масъул дониста мешуд, аммо 12 январ бонкҳои тиҷоратии кишвар низ ба ин маърака ворид шуданд.

 

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, барои анҷом додани сохтмони нерӯгоҳи Роғун боз ба 1,4 миллиард доллар эҳтиёҷ дорад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/1635--700-.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854