АЗ «НУРИ РОҒУН» СУХАН МЕГӮЕМ
Мо баъди аз шифохонаи Роғун дидан кардан роҳи идораи нашрияи шаҳрӣ -«Нури Роғун»-ро пеш гирифтем. Зеро аз хабарнигорони маҳаллӣ дида кӣ дар мавриди НБО-и Роғун маълумоти бештар дошта метавонад?
Нахуст аз кормандони он таърихчаи ин нашрияро пурсон шудем. Сармуҳаррири «Нури Роғун» Абдулҳосил Табаров нақл кард, ки шумораи нахустини рӯзнома бо номи «Шӯълаи Вахш» моҳи июли соли 1986 ба табъ расида буд. Муассиси он Управленияи сохтмонии «Роғунгесстрой» маҳсуб меёфт. Рӯзнома дар ҳаҷми ду саҳифа ҳар ҳафта бо теъдоди ҳазор нусха ба табъ мерасид. Дар солҳои гуногун сармуҳарририи ин ҳафтаномаро журналистон Билолова, Музаффаров, Мирзо Гадоев ба ӯҳда доштанд. Рӯзнома соли 1990 тағйири ном кард.
Акнун таҳти унвони «Нури Роғун» дар чор саҳифа ба нашр мерасид. Дар ҳамин давра дар Роғун боз як рӯзномаи дигар бо номи «Нурафшон» арзи вуҷуд кард. Муассиси рўзнома кумитаи иҷроияи депутатҳои халқии шаҳри Роғун буда, вазифаи муҳарририи онро Ҳакдод Давлатов ба ӯҳда дошт.
Вазъи нооромии он солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти бевоситаи рўзномаҳоро ҳам халалдор сохт. Ин буд, ки рӯзномаи «Нурафшон» соли 1994 ва рӯзномаи «Нури Роғун» соли 1997 аз фаъолият боз монданд.
Моҳи декабри соли 2001 мақомоти иҷроияи маҳалии шаҳри Роғун масъулияти нашри рӯзномаро ба зимма гирифта, вазифаи сармуҳарририи онро ба зиммаи рўзноманигори таҷрибадор Табаров Абдулҳосил вогузоштанд, ки то имрӯз фаъолият дорад. То соли 2004 рӯзнома моҳе як маротиба бо теъдоди 300 нусха аз чоп мебаромад.
Аз соли 2004 то соли 2006 рӯзнома моҳе ду маротиба бо теъдоди 400 нусха, аз соли 2007 то соли 2008 бо теъдоди 500 нусха ва аз оғози соли 2009 то инҷониб бо теъдоди 700 нусха аз чоп баромада истодааст. Кормандони нашрия ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки хонандагони худро дар ҷараёни навигариҳои ин сохтмони аср гузоранд.
Умеди Муҳаммадсиддиқ яке аз хабарнигорони фаъоли ин рӯзнома ба шумор меравад. Ӯ дар баробари хабару мақола инчунин гоҳ-гоҳе шеър ҳам менависад. Шеъре, ки ҳамакнун барои мо қироат мекунад, муҳаббати ӯро ба Ватан -Тоҷикистони азиз инъикос месозад:
Ободии Ватан шарафи халқи кишвар аст,
Шукрона бояд ин, ки ватансоз сарвар аст.
Ҳар заррае зи хоки Ватан хоки ҷаннат аст,
Ҳар қатрае зи оби Ватан оби Кавсар аст.
Меҳри Ватан зи гӯшаи имони бандагист,
Ин ҳикмат аз ҳадиси шарифи паёмбар аст.
Ваҳдат мароми мардуми меҳнат қарини мост,
Хуш давлате, ки ваҳдати миллат саросар аст.
Роғун, ки истгоҳи фаромӯшгашта буд,
Бунёди он ба саҳми ватандӯст бовар аст.
Бегонагон ба маънии миллат расидаанд,
Моро ҳанӯз ҳиси маҳал ёр бар сар аст.
Аз дасти тоҷик роғу заминаш гирифтаанд,
Бо ҷурми он, ки фитрати мо сулҳ парвар аст.
Бенангро чи фарқ, ки Ватан ҳаст ё ки нест,
Бо нангу орро Ватану ҷон баробар аст.
Мурдан барои ҳифзи Ватан бошад ифтихор,
Аз бе Ватан будан ба ҷаҳон марг беҳтар аст.
Мазлум асоси мафҳуми Модар Ватан якест,
Модар худ ин Ватан Ватан ин ҳамчун Модар аст.
Аҳмадшоҳи Султон «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/rogun/1865--l-r-.html