19:40:02 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/24_--01-a-aaaaaragun_225.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/24_--01-a-aaaaaragun_225.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/24_--01-a-aaaaaragun_225.jpg'

РОҒУН: ПОСУХИ ТОҶИКИСТОН БА БУҲРОНИ ЭНЕРЖӢ

Тоҷикистон мехоҳад бо бунёди бузургтарин садди нерӯгоҳ дар ҷаҳон ба мушкилоти энержии худ поён бидиҳад. Ин посухи давлати Тоҷикистон ба солҳои тӯлонии камбуди энержӣ дар ин кишвар аст. Нерӯгоҳи обии "Роғун" дар 110-килуметрии шарқи шаҳри Душанбе, дар рӯдхонаи Вахш, воқеъ аст. Ин тарҳ агар анҷом шавад, садди он ба иртифоъи 335 метр баландтарин сад дар ҷаҳон хоҳад буд. Барои кишваре кӯҳистонӣ бо ҳазорон яхчоли табиъӣ ва бидуни судури ҳидрокарбон, истифода аз нерӯи обӣ роҳи ҳалле рӯшан аст.

 

Тоҷикистон фақиртарин кишвар дар минтақаи Осиёи Миёна аст. Камбуди ҳамешагии нерӯи барқ иқтисоди ин кишварро заъиф кардааст. Ин кишвар то ин авохир бар системи қадимии Шӯравӣ такия мекард, ки тибқи он кишварҳои Осиёи Миёна ба василаи як шабакаи воҳиди энержӣ ба ҳам васл шудаанд. Роғун на танҳо манбаъи рушноӣ, балки ифтихор ва номуси миллат аст.

 

Дар моҳи ноябри соли 2009 Ӯзбакистон аз ин шабака хориҷ шуд ва дар натиҷа Тоҷикистон аз манбаъи хориҷии нерӯи барқи худ маҳрум монд. Ҳамакнун давлати Тоҷикистон беш аз пеш мусаммам аст худкифоии энержии худро таъмин кунад.

 

Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Тайи даҳ соли ахир мо бо буҳронҳои шадиди энержӣ мувоҷеҳ шудем. Мо роёнаҳоро (компютерҳо) дар дарсхонаҳо гузоштем, вале мактабиён ба далели набуди барқ наметавонанд аз онҳо истифода кунанд."

 

Вай афзуд: "Ояндаи иқтисоди мо ва ҳалли мушкилоти иҷтимоъии мо ба сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" сахт вобаста аст."

 

"Ифтихори миллӢ"

Сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" дар замони Шӯравӣ оғоз шуда буд, вале дар пайи фурӯпошии низоми кумунистӣ иҷрои ин тарҳ мутаваққиф шуд. Барои анҷоми марҳилаи аввали ин тарҳ, ки тавлиди нерӯи барқ барои масрафи дохилиро дар назар дорад, Тоҷикистон ба 800 милюн дулор ниёз дорад. Ҳазинаи куллии ин тарҳ то чаҳор милёрд дулор пешбинӣ шудааст.

 

Ин дар ҳолест ки буҷети давлати Тоҷикистон андаке бештар аз як милёрд дулор аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Президент Эмомалӣ Раҳмон аз мардум хостааст, ки ҳар хонаводае бо харидории маблағи тақрибан 700 дулор аз саҳоми ин нерӯгоҳ дар ин тарҳ саҳм гузоранд. Харидории ин саҳом амале ватандӯстона муъаррифӣ мешавад.

 

Раисҷумҳур дар як суханронии худ дар авоили январ гуфт: "Роғун на танҳо манбаъи рушноӣ, балки ифтихор ва номуси миллат аст." Овезаҳоеро бо таблиғоти тарҳи "Роғун", ки мардумро ба харидории саҳмияҳо ташвиқ мекунанд, ҳама ҷо мешавад дид.

 

Устодони мактабҳо ба шогирдони худ аз аҳаммияти тарҳи "Роғун" сабақ медиҳанд ва донишгоҳҳо корзорҳое барои ҳимоят аз ин тарҳ созмон додаанд. Телевизиюнҳои давлатӣ низ барномаҳои дар ситоиши ин тарҳ ба намоиш гузоштаанд. Бар асоси иттилоъи Вазорати дороии Тоҷикистон, аз замони оғози корзори фурӯши саҳоми "Роғун" дар моҳи январ то ин авохир беш аз 170 милюун дулор аз ин роҳ ҷамъоварӣ шудааст.

 

Аммо мунтақидон мегӯянд ки ин иқдом метавонад иқтисоди Тоҷикистонро заъифтар созад. Дар кишваре, ки беш аз 60 дарсади мардумаш зери хатти фақр ба сар мебаранд, бисёриҳо имкони сармоягузорӣ дар ин тарҳро надоранд. Ҳамчунин, бо вуҷуди иддаъоҳои давлат, ки харидории саҳмияҳоро довталабона эълом кардааст, шавоҳиде вуҷуд дорад, ки мардум ба харидории онҳо маҷбур карда шудаанд.

 

Масалан як ронандаи токсӣ дар ин бора чунин шиква мекунад: "Ман барои гирифтани гувоҳиномаи тиббӣ ба назди пизишке рафтам. Аммо вай қабл аз он ки ба ман хидмат расонад, аз ман хост собит кунам, ки саҳоми нерӯгоҳи "Роғун"-ро харидаам."

 

Тоҷирони маҳаллӣ низ ночоранд сармояи зиёде дар ин тарҳ гузоранд. Як пешхидмат дар яке аз рестуронҳои Душанбе гуфт, ки вай ба маблағи беш аз 2000 дулор саҳмия харидааст. Набуди шаффофият дар мавриди ин ки ин маболиғ аз куҷо фароҳам мешавад, мӯҷиби нигаронии ҷомеъаи байналмилалӣ шудааст.

 

Як диплумоти ғарбӣ ба Би-би-сӣ гуфт: "Ахозӣ ё ришваситонӣ (дар Тоҷикистон) як ҳақиқати мусаллам аст. Аз лиҳози дурнамои тавсеъа, ин иқдом вазъияти фақру нодориро бадтар мекунад. Ин амр мӯҷиб мешавад ҳамагон бештар ба фасод даст зананд."

 

Нигарониҳои Ӯзбакистон

Мушкили дигаре ҳам дар ин замина вуҷуд дорад. Кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон бо иҷрои тарҳи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" башиддат мухолиф аст. Дар номае саргушода ба давлати Тоҷикистон, Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Ӯзбакистон, дар моҳи феврал тақозо кард, ки бозрасони байналмилалӣ иҷоза ёбанд, то сатҳи эмании нерӯгоҳи "Роғун"-ро аз нигоҳи ларзашиносӣ ва асароти эҳтимолии он бар вазъи муҳити зист таҳқиқ кунанд.

 

Оқои Мирзиёев аз ҷумла навишт: "Тарҳи нерӯгоҳи обии "Роғун" тақрибан 40 сол еш таҳия шуда буд ва ин тарҳ имрӯз куҳна шудааст. Пешбинии миқёси фоҷеъаи башарие, ки дар асари кандашавии эҳтимолии садди нерӯгоҳ ба миён меояд, бисёр душвор аст."

 

Таҳлилгарон мегӯянд, ки Ӯзбакистон бим дорад, ки Тоҷикистон ҷараёни обро таҳти фармон (кунтрул) хоҳад гирифт. Нерӯгоҳи "Роғун" дар рӯдхонае бунёд мешавад, ки барои Ӯзбакистон бисёр муҳим аст. Ба унвони яке аз тавлидкунандагони умдаи панба Ӯзбакистон барои обёрии мазореъаш ба ин об шадидан ниёз дорад. Вале нахуствазири Тоҷикистон мегӯяд, ки нигарониҳои Тошканд бепоя аст.

 

Оқои Оқилов гуфт: "Ин тарҳ ҳеч асаре бар ҷараёни об ба кишварҳои пойинтар дар замони обёрии мазореъ бар ҷо нахоҳад гузошт. Обанбори "Роғун" дар як сол пур намешавад. Мо онро батадриҷ ва дар тӯли 15 сол пур хоҳем кард."

 

Дар ҳафтаҳои ахир ҳарду кишвар дар ҷанге иттилоъотӣ бо ҳамдигар даргир шудаанд. Расонаҳои Ӯзбакистон Тоҷикистонро ба беаҳаммиятӣ ва расонаҳои тоҷик кишвари ҳамсояи худро ба мудохила дар умури кишварашон муттаҳам мекунанд. Ахиран Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, ки ба Тоҷикистон барои анҷоми мутолеъае барои таҳияи мустанадоти фаннию молии тарҳи "Роғун" кумак хоҳад кард. Аммо ин мутолеъа 18 моҳ идома хоҳад дошт.

 

"Бояд бо ҳам кор кунанд"

Георгий Петров, коршиноси масоили энержии обӣ, ки тарҳи бунёди нерӯгоҳи "Роғун"-ро дар даҳаи 1970 таҳия кардааст, мегӯяд, ки Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояаш бояд бо ҳам ҳамкорӣ кунанд.

 

Вай, ки дар дафтари корияш бидуни гармӣ нишаста ва палто ба тан карда буд, гуфт: "Замоне, ки ин тарҳ таҳия шуд, масоили обёрӣ дар кишварҳои поёноб ҳам ба назар гирифта шуда буд. Вале мушкил замоне сар шуд, ки ҳамаи ин кишварҳо ба истиқлол расиданд. Ин ҷо панҷ кишвар ҳаст ва барои ҳар кадоме аз онҳо манофеъи миллӣ дар авлавият қарор дорад."

 

Оқои Петров гуфт, ки на Тоҷикистон ва на Қирғизистон - кишвари дигари минтақа, ки он ҳам захоири обии зиёде дорад, - аз тавони иҷрои тарҳҳои бузурги энержии обӣ батанҳоӣ бархурдор нестанд. Вай афзуд: "Ба ҷойи мушт нишон додан ба ҳамдигар, кишварҳои Осиёи Миёна бояд бо ҳам кор кунанд."

 

Замоне ки кишварҳои Осиёи Миёна бахше аз Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, онҳо манобеъи обу энержиро бо ҳам медиданд. Имрӯз тақсими ин захоир аз авомили аслии таниш ва ихтилофот дар минтақа аст. Бо бунёди нерӯгоҳи "Роғун" Тоҷикистон замоне имкон хоҳад ёфт нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Покистон ва Чин бифурӯшад.

 

Давлати Тоҷикистон мегӯяд, ки ин нерӯгоҳ то соли 2012 ба тавлиди барқ оғоз хоҳад кард. Ин кишвар умедвор аст мутолеъаи Бонки Ҷаҳонӣ Ӯзбакистонро мутақоъид созад, ки талошҳои Тоҷикистон барои тавлиди рушноӣ аз ҷараёни об ба кишварҳои поёноб монеъ нахоҳад шуд.

 

Райҳон Димитрӣ, BBC News, Тоҷикистон

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/1993-2010-03-24-15-07-45.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854