21:20:05 22-уми Майи 2025 сол

ӮЗБАКИСТОН ВОГУНҲОИ “РОҒУН”-РО РАҲО КАРД

Раванди тиронзити вогунҳои Тоҷикистон, ки ҳомили коло ва маводд барои нерӯгоҳи “Роғун” ҳастанд, аз сар гирифта шудааст. Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ахиран чанд адад аз чунин вогунҳо аз Ӯзбакистон убур карда ва вориди Тоҷикистон шудаанд. Ҳарчанд дар тобистони имсол Ӯзбакистон тааҳҳуд карда буд, ки кулли вогунҳои Тоҷикистон, ба ҷуз аз вогунҳои ҳомили коло ва маводд барои “Роғун” бидуни монеъа тиронзит хоҳанд шуд.

 

Андрей Тропин, як масъули Роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 14 октябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар пайи музокирот бо ҳамтоёни ӯзбак, тавофуқ шудааст, ки вогунҳои ҳомили коло ва маводд барои “Роғун” ба Тоҷикистон мунтақил мешаванд. Оқои Тропин афзуд: “Дар чанд рӯзи ахир аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон чаҳор вогуни мум, се вогуни ҳомили чархҳо барои комюнҳо ва ду вогуни ноқилҳо барои “Роғун” ворид шудаанд”.

 

Ба гуфтаи ин масъули Роҳи оҳани Тоҷикистон, ин амр дар пайи беҳтар шудани ҳамкориҳои миёни ширкатҳои роҳи оҳани ҳар ду кишвар имконпазир шудааст. Вай афзуд, ки ҳоло дар қаламрави Ӯзбакистон беш аз як ҳазору яксад вогуни Тоҷикистон дар ҳаракат аст, ки 59 вогун аз онҳо бояд ба вилояти Хатлон бирасанд. Вале ба гуфтаи оқои Тропин, ин омор ба ин маънӣ нест, ки куллияи ин вогунҳо дар “асорат” ҳастанд. Зеро, ба гуфтаи вай, Ӯзбакистон кишвари бузургест ва роҳҳои оҳани тӯлонӣ дорад.

 

Вай афзуд: “Аз замоне, ки вогунҳои Тоҷикистон марзи Қазоқистон бо Ӯзбакистонро убур карда ва то марз бо Тоҷикистон мерасанд, вақти тӯлоние мегузарад. Метавон гуфт, ки бештаре аз ин вогунҳо дар ҳаракат ҳастанд ва мушкили ҷиддие дар тиронзити вогунҳои Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбакистон мушоҳида намешавад”.

 

Андрей Тропин хабар дод, ки бархе аз мушкилоте дар раванди ҳамкориҳои ширкатҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар пайи музокирот ва гуфтушунидҳо ҳал мешаванд. Зимнан, аз аввали соли ҷорӣ таъвиқи ҳаракати вогунҳои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон ба мавзӯъи доғе дар равобити миёни ин ду кишвар табдил шуда буд.

 

Дар моҳи июли имсол Президент Раҳмон бо Ислом Каримов дар Тошканд дидор ва гуфтугӯ карданд. Маркази матбуъотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар пайи ин дидор хабар дод, ки ҷониби Ӯзбакистон ба ҳаракати бемамониъати вогунҳои Тоҷикистон тааҳҳуд кардаааст. Вале таъкид шуда буд, ки н муқаррарот ба вогунҳои ҳомили коло ва маводд барои нерӯгоҳи “Роғун” рабт надорад. Аммо баъд аз ин тавофуқ низ дар тиронзити вогунҳои Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбакистон тағйироти ҷиддие сурат нагирифт.

 

Дар ҳамин ҳол, давлати Эрон ба ҳукумати Ӯзбакистон ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи “муҳосираи иқтисодии” Тоҷикистон, онҳо ночор мешаванд алайҳи Тошканд иқдоми мушобеҳе анҷом диҳанд. Ба гуфтаи коршиносон, баъд аз чунин ҳушдор мавқеъи Ӯзбакистон дар мавриди тиронзити вогунҳои Тоҷикистон тағйир ёфта, “муҳосираи” чандмоҳаи вилояти Хатлон шикаста шуд.

 

Ҳамакнун ҳатто ба тиронзити вогунҳо барои “Роғун” низ иҷоза шудааст, ки то чанд моҳи пеш ғайримумкин ба назар мерасид. Тоҷикистон аз лиҳози иртибототи заминӣ, ба хусус шабакаи роҳи оҳан дар инзиво қарор дорад ва бештари маводу колои мавриди ниёзи худро бо истифода аз шабакаи роҳи оҳани Ӯзбакистон ворид мекунад.

 

Мавзуъи бурузи мавонеъ дар роҳи интиқоли мавод аз тариқи қаламрави Ӯзбакистон дар соли ҷорӣ мақомоти Тоҷикистонро водор кардааст олтернотивҳоеро барои масири интиқоли мавод аз тариқи Ӯзбакистон ҷустуҷӯ кунанд. Аз ҷумла тавофуқоте дар заминаи эҳдоси роҳи оҳан аз Чин то Эрон аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ва Афғонистон сурат гирифтааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/3348-2010-10-14-17-21-26.html

Шарҳҳо   

 
0 #3 Guest 16.06.2011 20:23
salam be baradaran in aghai karimov vaghean imrooza yeki az doshmanoni mo tojikha mahsub mishe ------- ammo bayad bedonim ki ye khodae bozorge balai sar hastesh ki hamei chizra mibinad--- va albata tasmimi nihoi az u khahad bood na az tu aghai karimov........ ..............
 
 
+1 #2 Guest 20.10.2010 23:11
Пеши рохи вагонхои гирифтан кори одами окил нест. Дар даруни вагонхо молу маводе хаст, ки аз он беваю бечора, муйсафедони барчомонда истифода мебаранд. Манъ кардани харакати вагонхо ин маънои кори бад кардан нисбати кишри чомеа аст. Бохабар бошед, ки дуои онхо мегирад...
 
 
+1 #1 Guest 15.10.2010 13:23
Чаноби Каримов! Мешудаст-ку.... .. Мо обро намебандему шумо....... Хай хамааш мегузарад......
Зи кишвар кина харгиз дар дили кишвар намемонад
Ба руи об доги катраи борон намемонад
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ