14:04:37 02-уми Июни 2025 сол

ТАҶҲИЗОТИ РОҒУН АЗ РОҲИ ҲАВОӢ ВОРИД ХОҲАД ШУД

Масъулони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун мегӯянд, дар ворид намудани мошинолот ва таҷҳизоти лозим барои идомаи сохтмони Роғун аз тариқи Узбакистон ба мушкил мувоҷеҳ шудаанд ва қасд доранд, тавассути роҳҳои алтернативӣ таҷҳизоти зарурӣ барои идомаи сохтмонро ворид кунанд.Нурулло Шулашов, раиси сохтмони Роғун дар сӯҳбате бо Озодӣ гуфт, ки Узбакистон ҳамчунон молҳои мавриди ниёзи сохтмони Роғунро иҷозаи убур аз қаламрави худ намедиҳад ва масъулини ин сохтмон маҷбуранд, барои ворид намудани таҷҳизот аз роҳҳои дигар, аз ҷумла аз роҳи ҳавоӣ истифода кунанд.

 

РогунИн таҷҳизот ва мошинолот ба гуфтаи оқои Шулашов эҳтимолан аз тариқи ҳарими ҳавоии Афғонистон вориди Тоҷикистон шавад. Нурулло Шулашов мегӯяд, ки шиддати корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи Роғун ба далели норасоии маслоҳели зарурӣ барои идомаи сохтмон коҳиш пайдр кардааст. Нурулло Шулашов, раҳбари сохтмони неругоҳи Роғун гуфт, аз аввали соли равон то кунун Ӯзбакистон иҷозаи убури вагонҳои марбут ба нерӯгоҳи Роғунро надодааст. Ӯзбакистон ба сохтмони неругоҳи Роғун ба шиддат мухолиф аст. Мақомоти он кишвар даъво доранд, ки дар сурати анҷоми сохтмони обанбори неругоҳи Роғун бо баландии 335 метр заминҳои зиёде дар кишварҳои поёноб, аз ҷумла Ӯзбакистон ба биёбон табдил мешавад.

 

Аммо Тоҷикистон чунин даъворо рад мекунад ва мегӯяд, ки қасд надорад маҷрои оби рӯдхонаҳоро барои ҳамсояҳои худ бибанданд. Ва сохтмони неругоҳои Роғун ба нафъи кишварҳои поёноб низ ҳаст. Давлати Тоҷикистон ҳамчунон ба қасди худ барои сохтмони Роғун идома дода ва дар буҷа соли ояндаи кишвар ҳудуди 200 миллион доллар барои сохтмони Роғун ихтисос додааст.

 

«Озодӣ"

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/3618-2010-11-19-15-37-11.html

Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 16.06.2011 20:15
salam arz mikonam vase hamei hamvatanan---in davoi roghun inshoalloh umodvarim ki be zoode bartaraf bishe---
 
 
+2 #1 Guest 22.11.2010 22:08
Рогун мегуянду аммо дар хонахо барк нест. Барои пулаш сари вакт мепурсанд агар 2-3 руз дери кунад дархол омада симхои баркро мебуранд. Агар сими барк канда бошад дар рузхои шанбе якшанбе ягон корманди баркиро намеёби барои он ки дар корхонахои баркии точик рузи кори нест. Навбатдори намекунанд. Хама вакт бахона меёбанд.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854