ФИТНАВУ ФИРЕБ МАҲКУМИ ФАНОСТ
Тайи моҳҳои охир Ҳаракати экологии Ӯзбекистон фаъолияти густурдаи худро алайҳи Корхонаи алюминии тоҷик суръат мебахшад. Даъво ин аст, ки корхонаи мазкур заҳрҳои хориҷгардидаи алюминиро ба водиҳои аҳолинишини вилояти сарҳадӣ пош дода, гӯё ба саломатии мардум, муҳити зист ва инкишофи сабзавоту мева таъсири манфӣ мерасонад ва мӯҷиби ба вуҷуд омадани бемориҳои сироятӣ, камҳосилӣ ва хушкшавии заминҳо мегардад. Овардани далелҳои бебунёд боиси ғалатфаҳмиҳо дар муносиботи ду кишвари ҳамсоя гардида, ба зиндагии ҳамарӯзаи мардумони ҳаммарзи тоҷику ӯзбек, ки қарнҳост муносиботи хешутаборӣ доранд, зарари калони иқтисодӣ ва башарӣ мерасонад.
Маълумоте, ки дар сомонаҳои интернетӣ ва гузоришҳои Ҳаракати экологии Ӯзбекистон нашр гардидаанд, нишон медиҳанд, ки ҳамасола дар ҳудуди Ӯзбекистон аз фаъолияти корхонаҳои саноатии ин кишвар беш аз 100 миллион тонна партовҳои мухталиф, ки 14 % онҳо ба гурӯҳи партовҳои заҳрнок дохил мешавад, ба вуҷуд меоянд ва на танҳо муҳити зисти Ӯзбекистон, балки сарзаминҳои наздисарҳадии Тоҷикистонро низ заҳролуд месозанд. Дар иттилооти «Гузориши миллӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи манобеъи табиӣ»-и Ӯзбекистон гуфта мешавад, ки айни замон дар ҷумҳурии Ӯзбекистон 2 миллиард тонна партовҳои дурушти саноатӣ ва маишӣ ҷамъ гардидаанд.
Ин худ далели он аст, ки муҳити зисти Осиёи Миёна аз тарафи Ӯзбекистон аз тариқи ҳаво ва обҳои ҷорӣ сурат мегирад. Партовҳои мавҷудаи кишвари ҳамсоя аз меъёрҳои муайянгардида бамаротиб зиёд буда, тавлидоти кимиёӣ, истеҳсоли фулузот, саноати коркарди кӯҳӣ ва нерӯгоҳҳои истеҳсоли барқу гармидиҳандаи Ӯзбекистон сарчашмаи вайрон шудани муҳити зисти минтақа аст. Аз 7,5 миллион тонна заҳрҳои истихроҷие, ки дар минтақа паҳн мегарданд, 2,152 миллион ё 28,7 фоизи он ба корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон мансуб аст. Дар ин ҷода саҳми Тоҷикистон ҳамагӣ 0,12 миллион тонна ё 1,6 фоизро ташкил медиҳад. Партови заҳрҳои корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон нисбат ба Тоҷикистон 18 маротиба зиёдтар муҳити зистро заҳролуд месозад.
Дар вазъи феълӣ беш аз 2,5 миллион аҳолии ҳудудҳои шимоли Тоҷикистон дар зери таъсири корхонаҳои кимиёвию саноатии Ӯзбекистон ҳаёт ба сар мебаранд. Қаламрави ноҳияи Спитамен, ки дар наздикии корхонаи тавлидоти фулузии Бекободи Ӯзбекистон қарор дорад, дар натиҷаи паҳншавии заҳрҳои кимиёвии ин корхона ба куллӣ заҳролуд гаштааст. Корхонаи мазкур соли 1946 сохта шуда, соле 750 ҳазор тонна пӯлод тавлид менамояд. Дар натиҷаи заҳролудшавӣ заминҳо заҳ кашида ба партовгоҳи бузург табдил ёфтаанд. Майдони умумии партовгоҳи корхонаҳои Ӯзбекистон, ки ба ҳудуди Тоҷикистон сарозер гардидааст, 47 гектарро ташкил дода, тибқи ҳисоби коршиносон ҷамъшавии партовҳо тахминан 7 миллион метри мураббаъро дар бар мегирад.
Манбаи дигари заҳролудсозии муҳити зисти ноҳияи Спитамени Тоҷикистон партовҳои маишии шаҳри Бекободи Ӯзбекистон аст, ки масоҳати 5 гектарро ташкил медиҳад. Ин партовгоҳ аз соли 1997 то соли 2000 фаъолият карда, беш аз 50 ҳазор метри мураббаъ партовро дар худ ҷамъ намудааст. Партовҳо дар ҳавои кушод қарор дошта, ягон амалиёти тасфиясозӣ, дорузанӣ ва безараргардонии онҳо анҷом дода намешавад. Бо вазиши бод бӯи ғализи он ҳавои ноҳияро заҳролуд месозад. Набояд фаромӯш кард, ки аз ҷумлаи партовҳои кимиёӣ хатарноктарини онҳо диоксиди хокистарӣ аст, ки солона беш аз як тонна аз ин партовҳо дар заминҳои ноҳияи Спитамен паҳн мешавад.
Чунин вазъият дар ноҳияҳои сарҳадии Зафарободу Мастчоҳ низ вуҷуд дорад. Сокинони Зафаробод доимо аз бӯи ғализи ҳиссачаҳои заҳрҳои дурушт, азотҳои оксидӣ, углеродҳо ва соири моддаҳои музир, ки нерӯгоҳи гармӣ-барқии Ӯзбекистон партоб менамояд, нафас кашида, аз чоҳҳое, ки ин моддаҳо бевосита ба онҳо мерезанд, об меошоманд. Ноҳияи Мастчоҳ дар муҳосираи корхонаи тавлидотии кӯҳӣ-фулузии шаҳри Олмалиқ дар масофаи 20 километр дуртар аз ноҳия қарор дорад. Ин корхона ба фазо 39 навъи заҳрҳо - чанг, азотҳои оксидӣ, диоксидҳои хокистарӣ, оксидҳои углеродӣ, бӯғҳои кислотаҳои мухталиф, фторҳо, қалъагиро паҳн менамояд. Сатҳи заҳролудшавӣ дар ноҳияи Мастчоҳ аз ин заҳрҳо 1,5 - 5 нишондоди санитарӣ –экологиро ташкил медиҳад, ки аз меъёри муқаррарӣ чандин маротиба зиёд аст.
Вазъи ба амал омада ва ҳавои заҳролудшудаи ҳудудҳои шимоли Тоҷикистон ҳодисае нест, ки аз он чашм пӯшида шавад, балки як фоҷеаи мудҳишест, ки мудохила ва таваҷҷӯҳи бештари коршиносону мутахасосонро дар сатҳи байналмилалӣ тақозо менамояд. Мусаллам аст, ки корхонаҳои тавлидотии Ӯзбекистон 50-60 сол қабл сохта шуда, тӯли солҳои зиёд техника ва таҷҳизоти онҳо аз нуқтаи назари техникӣ ва маънавӣ фарсудаву кӯҳна гаштаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки ин корхонаҳо кай таҷдиду тармим гардида, технологияи фарсудашудаи онҳо иваз мешавад.
Имрӯз бошад сокинони шимоли Тоҷикистон маҷбуранд аз ҳавои заҳролуди партовҳои корхонаҳои Ӯзбекистон нафас бигиранд. Аммо касе намедонаду надидааст, ки намояндагони ба ном экологии Ӯзбекистон ва «ғамхорони ҳуқуқи башар» -и ин кишвар ин вазъияти сокинони кишвари ҳамсояро медида бошанд? Ва ё сари ин масъала иқдомеро амалӣ мекарда бошанд? Замоне депутат – экологҳои ҷумҳурии Ӯзбекистон дунёро ба шӯр оварданӣ мешаванд. Бояд қабл аз ҳама бифаҳманд, ки риояи меъёрҳои экологии муҳити зисти минтақа ба дӯши ҷонибҳост. Имрӯз ҳадафи сиёсӣ ва хусумати ҳокимони вақти ин кишвар тавассути митингбозиву ташкили ҳамоишҳои хусуматомез танҳо манъи фаъолияти Корхонаи алюминии Тоҷикистон ва сохтмони НБО-и Роғун аст.
Ин ҳама ихтилоф панҷ сол қабл, замоне ки сохтмони НБО-и Роғун дубора аз сар гирифта шуд, оғоз ёфтанд. Ҷониби Ӯзбекистон ба ҳар роҳу восита талош дорад, ки НБО-и Роғун сохта нашавад ва Тоҷикистон ба як манбаи тавлидотӣ ва содиротии барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон табдил наёбад. Ӯзбекистон далелҳои бебунёд пеш оварда, мехоҳад таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба музирияти НБО-и Роғун ва Корхонаи алюминии Тоҷикистон ҷалб созад ва ба ҳадди имкон фаъолияти онҳоро боздорад.
Таъсис додани комиссиюни экологии депутат-экологҳо, ҷор заданҳои эшон аз тариқи минбарҳои баланди байналмилалӣ, эъзоми комиссияҳои мухталиф оид ба таҳқи қи баҳри Арал, бастани роҳҳои қатораҳои марбут ба Тоҷикистон, минагузориҳои сарҳадот, беруншавии яктарафа аз системаи воҳиди энергетикии минтақа, қатъи рафтуомади мардуми тоҷику ӯзбек (ҳатто рафтуомади хешовандонро ҳам ахиран манъ намуданд), аз байн бурдани системаи раводид, баланд бардоштани нархи газ, истиқрори ошӯбгарон ва душманони давлати тоҷикон дар сарзамини худ магар нишонаҳои муносиботи сарди ин кишвар бо ҳамсояи хеш нест?
Иддаои ҷониби Ӯзбекистон оид ба сарбанди НБО-и Роғун, ки гӯё дар мавзеи хатарноки зилзилавӣ қарор доштааст, комилан бепояву беасос аст. Дар асоси таҳқиқоте, ки академик Собит Неъматуллоев дар якҷоягӣ бо гурӯҳи олимони ҷаҳонӣ анҷом додаанд, собит намудааст, ки дар панҷсад соли дигар заминҷунбии шадид дар минтақаҳои сохтмони Роғуну Норак рух нахоҳад дод. Фаъолияти нерӯгоҳи Норак бори дигар собит сохт, ки сарбанд ҳамчунон собиту устувор боқӣ мондааст ва хатареро ба бор нахоҳад овард. Аз ин рӯ, таҳлукаи он ки гӯё бо рух додани «заминҷунбӣ» сарбанд канда мешавад ва Ӯзбекистон зери хатар қарор мегирад, ягон асоси илмӣ надошту надорад. Ин иддаои бебунёд аз афсонае беш нест.
Сохтмони нерӯгоҳи Роғун бобати обёрии заминҳои кишварҳои поёноб шароитҳои муфидро фароҳам хоҳад овард. Дар сурати захираи об сарбанд дар муддати беш аз 10 сол аз об пур мегардад ва он ҳам соле 1,5 ҳазор метри мураббаъ, ки 5% оби дарёи Вахшро ташкил медиҳаду халос. Захираи об дар сарбанди Роғун имкон фароҳам меоварад, ки 2 миллион гектар заминҳои хушкшудаи Ӯзбекистон обёрӣ гардад ва дар танзиму захира ва масрафи об нақши калидӣ бозида метавонад.
Ҳанӯз солҳои 30-юми асри гузашта олимон нигошта буданд, ки агар захираи об дар минтақаҳои Ӯзбекистону Туркманистону Қазоқистон бо ин тарз истифода шавад, хушкшавии баҳри Арал ногузир аст. Солҳои 60-ум аҳолии Осиёи Миёна 21 миллионро ташкил медод. Захираҳои заминҳои обӣ бошад, 2,7 миллион гектарро дар бар мегирифт. Ҳоло миқдори аҳолӣ беш аз 60 миллионро ташкил медиҳад.
Имрӯз танҳо аз рӯдхонаҳои Омӯ ва Сирдарё беш аз 9 миллион гектар заминҳои кишварҳои поёноб обшор мешаванд, ки 4,5 миллиони он мутааллиқ ба Ӯзбекистон аст. Тоҷикистон, ки дар саргаҳи об қарор дорад, ҳамагӣ 720 ҳазор гектари заминҳои худро обёрӣ мекунаду халос. Ин нисбат ба Ӯзбекистон 6 маротиба камтар аст. Дар Ӯзбекистону Туркманистону Қазоқистон беш аз 300 обанбор ва кӯлҳои маснӯъӣ мавҷуд аст, ки калонтарини онҳо кӯлҳои Ҳайдаркӯл, Арнасой мебошанд, ки ҳар кадом 3500 километри мураббаъ масоҳат доранд ва ҳаҷми оби захиравии онҳо 40 километри мукаабро ташкил медиҳад.
Чунин захира се маротиба аз кӯли Сарез зиёдтар аст. Кӯли Сари қамуш бошад 4000 километри мураббаъро дар бар гирифта, 46 километри мукааб оби захира дорад. Инҳо ҳама дар қаламрави ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доранд. Захираи обҳои Ӯзбекистон дар маҷмӯъ 1,5 маротиба аз баҳри Арал зиёдтар аст. Барои боз ҳам рӯшантар гардидани масъала ёдовар мешавем, ки оби дарёи Вахш ҳамагӣ 27% обҳои рӯдхонаи Амударёро ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оби Вахш ҳамагӣ 5 фоизашро истифода менамояду халос.
Хушбахтона, ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ба фитнаву иғвоҳои сиёсии сарвари Ӯзбекистон хуб ошност ва ҳини ҳар тасмим аз асноду далелҳо кор мегиранд. Чанде пеш ман дар ҳайати фиристодаи Парлумони Тоҷикистон дар Семинари 6 намояндагони парлумонии Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Берлини Олмон сурат гирифт, ширкат доштам. Нафаре аз намояндагони Ӯзбекистон зимни баррасии масъалаи об дар маърӯзаи расмӣ луқма партофт, ки: «Об мол буда наметавонад». Аммо таъҷилӣ гӯшмоли сахт дид. Нотиқи минбар, ки коршиноси амрикоӣ буд, ӯро ба масхара кашид ва як шиша обро боз намуду гуфт: «Инро бақимат метавон ситонд, ҳарчанд атои табиат аст». Иғвову мағали хасакию беасосаш ба кор нарафт. Феълан чӣ дар Амрикову чӣ дар Аврупо ва қораҳои дигар аз ин шӯрангезиҳо бохабаранд.
Ҳама фитнаву фиреби сиёсӣ маҳкуми фаносту дасти ҳақ ҳамеша боло хоҳад буд. Дар ин масъала Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон,ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими басташавии маҷрои рӯдхонаи Вахш - дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-2», 28 ноябри соли ҷорӣ бори дигар хотирнишон намуданд, ки мардуми Тоҷикистон ба таври комил ҳақ доранд, ки аз захираҳои табиии худ истифода баранд: «Тоҷикистон яке аз махзанҳои асосии пиряху обҳои соф буда, дар қаламрави он 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд ва дар баробари дигар халқҳои минтақа мо ҳуқуқи истифода аз ин сарвати табииро дорем.
Бори дигар таъкид месозам, ки ин ҳаққи ҳалоли мардуми Тоҷикистон аст ва он ба муҳити зисти минтақа ва тавозуни захираҳои обӣ умуман таъсири манфӣ намерасонад. Баръакс рушди соҳаи нерӯи барқи обӣ ба пешрафти иқтисодиёти минтақа таккони ҷиддӣ мебахшад. Илова бар ин, сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва ҳангоми норасоии шадиди об василаи беҳтарини танзими манобеи обу энергетика мебошад. Тибқи аслҳои устувор ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар садҳо асноди табиии аҳамияти байналхалқӣ дошта дарҷ шудаанд ва аз амалияи дар ҷаҳони имрӯза ҷойдошта низ возеҳ аст, сарватҳои табиӣ дар қаламрави ҳар кишвар мавҷуд буда, қабл аз ҳама насиби ҳамон халқу миллат ва мардуми соҳибихтиёраш аст».
Низоъандозӣ ва аз пашша фил сохтан дар шароити имрӯза ба нафъи ҳеҷ кишвар нест ва роҳи ҳал танҳо музокираи тарафҳо дар масоили мавҷуда аст. Бигзор комиссияҳои мустақил вазъи корхонаҳои тавлидотии сарҳадии ҳар ду кишварро биомӯзанд ва тасмим дар асоси он бошад. Тоҷикистон аллакай дар ин замина таҷриба дорад ва барои ташхиси устувории сарбанди НБО-и Роғун ва сатҳи зарароварии Корхонаи алюминии Тоҷикистон – Талко , ки ҷониби Ӯзбекистон онҳоро хатарнок арзёбӣ намудааст, коршиносони мустақилро даъват намудааст.
Саодат Амиршоева, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/3907-2010-12-17-11-19-44.html