09:38:06 01-уми Июни 2025 сол

НАЗАРИ СЕНАТИ АМРИКО БА РОҒУН ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ

Сенати АмрикоСенати Иёлоти Муттаҳида тарҳи Роғунро бамаврид номид ва хостори мудириияти беҳтари захираҳои оби Осиёи Марказӣ шуд. Сенати Амрико мегӯяд, бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон ба ҳалли мушкилоти зиёди иқтисодии ин кишвари Осиёи Марказӣ роҳ кушода, ба судури нерӯи барқ ба Афғонистон ва Покистон имкон хоҳад дод. Вале, гуфта мешавад дар гузориши Сенат, барои иҷрои тарҳ Тоҷикистон ва Узбакистон бо ҳам канор оянд ва на ба сӯи муноқиша, балки мусолиҳаву ҳамкорӣ ҳаракат кунанд.

 

Вазъи феълӣ ва бунбастии марбут ба Роғунро, Сенати Амрико дар набуди одитарин хатти машше мебинад, ки тавонад корпояи чунин гуфтушунид ва тафоҳумро фароҳам орад. Дар гузоришии Сенат гуфта мешавад, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ низоми ягона ва мутамаркази мудирияти захираҳои об аз ҳам рехта, низоми наве ҷойгузини он нашуд. Дар чунин ҳолат саркашӣ ва худхоҳии кишварҳо, ба қавли гузоришгарони Сенат, танҳо ба ҷангу ноамнӣ мебарад, ки хилофи манофеи миллии Иёлоти Муттаҳида аст.

 

Дар гузорише, ки қарор аст, таҳаввулотеро дар сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар масъалаи истифода аз захираҳои оби Осиёи Марказӣ ба миён орад, ҳамчунин гуфта мешавад, бояд дар ин минтақа як низоми куллии мудирияти захираҳои об ташаккул ёбад ва ҳукумати президент Обама дар баробари масъалаҳои мавҷуда мавзеъ ва барномаи мушаххас дошта бошад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/4523-nazari-senati-amriko-ba-roghun.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854