18:05:04 25-уми Июни 2025 сол

ПОСУХИ РАИСИ ТАРҲИ "РОҒУН" БА ТАРРОҲИ ОН ДАР ӮЗБАКИСТОН

Нурулло Шулашов, раиси ширкати нерӯгоҳи “Роғун”, иддаъои коршиносони ӯзбак дар мавриди хатароти сохтмони ин нерӯгоҳро бепоя хондааст. Масъулони Анҷумани саҳомии “Гидропроект”-и Ӯзбакистон тарҳи феълии нерӯгоҳи “Роғун”-ро барои минтақа бисёр хатарбор хондаанд ва давлати он кишвар бо иҷрои ин тарҳ башиддат мухолиф аст.

raghun304a3.jpg

Сергей Жигарев, раиси маркази “Гидропроект” дар шаҳри Тошканд, дар яке аз нашрияҳои маҳаллӣ матлаберо бо номи “Тарҳи Роғун барои Осиёи Марказӣ ҳамсони суномии Жопун аст” матлабе чоп кардааст.

Дар матлаби оқои Жигарев омадааст: "Агар дар минтақае, ки нерӯгоҳи “Роғун” бунёд мешавад, зилзилаи шадиде рух диҳад, фишори оби 335 метр иртифоъ дорад, боло рафта ва мумкин аст садди обанбор рахна шавад. Амвоҷи бузурги об барои минтақа ҳамчун таҳдиди тӯфони бузург ё суномӣ хоҳад буд.”

Нурулло Шулашов дар посухи худ, ки рӯзи ҷумъаи 22 апрел расман пахш шуд, навиштааст, ки мақолаи оқои Жигарев суфоришӣ аст. Ба навиштаи оқои Шулашов, муаллифи ин матлаб, ки дар гузашта худаш аз тарроҳони тарҳи “Роғун” буда, бидуни пеш овардани далоили илмӣ чунин изҳори назар кардааст.

Сергей Жигарев дар матлаби худ иддаъо карда буд, ки дар сурати рух додани зилзилаи ба шиддати 9 дараҷаи Риштер мавҷи 10-метрии об ба манотиқи поёноб сарозер шуда ва имкон дорад обанбори нерӯгоҳи Норак низ хароб шавад. Мумкин аст амвоҷи об то ба дарёчаи Орол расад.

Вай афзудааст, ки тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” 30 сол қабл маҳз аз ҷониби маркази “Гидропроект” таҳия шуда буд, аммо бо гузашти муддате тӯлонӣ авомили ҷадид пеш омада ва онҳо бояд ба назар гирифта шаванд. Ба эътиқоди коршиносон, дар ҷараёни иҷрои тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” тағйироти зиёди табиъӣ рух додааст.

Сергей Жигарев афзудааст: "Ба унвони яке аз муаллифони тарҳи қаблии нерӯгоҳи “Роғун” ба эътибор гирифта нашудани авомили ҷадид маро шадидан нигарон сохтааст. Дар муқоиса бо давраи таҳияи ин тарҳ ҳоло тағйироти зиёде рух додааст.”

Вале Нурулло Шулашов ин суолро матраҳ кардааст, ки дар илми тарроҳӣ баъд аз даҳаи 1990 - замоне ки ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ мустақил шуданд, чӣ таҳаввулоте рух додааст, ки муаллифони тарҳи “Роғун” аз "фарзанди худ даст мекашанд?" Оқои Шулашов афзудааст: "Ё мафҳуми осеби зилзила тағйир ёфтааст? Ҳаргиз."

Дар ҳоле ки Сергей Жигарев дар матлаби худ ба паёмадҳои зилзилаи ахир дар Жопун ишора мекунад, раиси ширкати нерӯгоҳи “Роғун” дар посухи худ таъкид кардааст, ки дар пайи ин зилзила ҳеҷ як аз саддҳои обанбори нерӯгоҳҳои обии Жопун осеб надидаанд. Оқои Шулашов иддаъои коршиноси ӯзбак дар мавриди қиёси зилзилаи Жопун ва вазъи сейсмулужии Тоҷикистонро "тахайюли муаллиф" номидааст.

Ба эътиқоди оқои Шулашов, заминшиносон аз муддатҳо қабл собит кардаанд, ки маҳалли сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар мантақае воқеъ аст, ки маҳалли пайвасти ду фалоти Уруосиё ва Ҳинд маҳсуб мешавад. Вай мегӯяд: "Вале зилзилашиносон собит кардаанд, ки зилзилаи ахир дар Тоҷикистон дар пайи бархӯрди қишри Осиёӣ ва дарёчаи Орол рух додааст."

Дар поёни посухи худ Нурулло Шулашов бо тамассхур навиштааст, ки эҳтимол дорад муаллифи матлаб шуғли муҳандисии худро канор гузошта ва машғули "таҳияи филмҳои даҳшат барои Ҳолливуд аст."

Зимнан, ихтилофоти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бар сари тарҳи “Роғун” аз чанд сол пеш бад-ин сӯ идома дорад. Давлати Ӯзбакистон иддаъо дорад, ки зимни пур кардани обанбори ин нерӯгоҳ, кишварҳои поёноб ҳудуди ҳашт сол беоб хоҳанд монд.

Ҷониби Тоҷикистон ин иддаъоро пайваста рад мекунад. Ин дар ҳолест, ки тибқи тавофуқи давлати Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ, коршиносони байналмилалӣ бозрасии фаннӣ ва зистмуҳитии тарҳи “Роғун”-ро анҷом медиҳанд. Ахиран, Президент Раҳмон эълом дошт, ки то авохири моҳи май ин бозрасиҳо анҷом хоҳанд ёфт.

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки дар ин авохир бархе аз сиёсатмадорони ғарбӣ дар мавриди тарҳи “Роғун” изҳори назар кардаанд, ки мӯҳтавои ин сӯҳбатҳо аз пуштибонии Иттиҳодияи Урупо ва Омрико аз ин тарҳ гувоҳӣ медиҳад.

Зимнан, кишварҳои ғарбӣ ба интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон, Покистон ва Ҳинд алоқаманд ҳастанд. Ба ин далел, созмонҳои молии байналмиллаӣ ба таҳияи тарҳи кашидани хутути барқ аз Тоҷикистон ба Покистон оғоз кардаанд.

Вале ба эътиқоди соҳибназарон, ин тарҳ бидуни мавриди истифода қарор додани нерӯгоҳи “Роғун” муассир воқеъ нахоҳад шуд, зеро мизони нерӯи барқе, ки дар Тоҷикистону Қирғизистон тавлид мешавад, барои содирот ба Осиёи Ҷанубӣ кофӣ нест.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ