11:09:50 13-уми Июни 2025 сол

ШИКОЯТИ ҶУНБИШИ ЗИСТМУҲИТИИ ӮЗБАКИСТОН БА ПОРЛУМОНИ ИТТИҲОДИЯИ АВРУПО

Ҷунбиши зистмуҳитии Ӯзбакистон аз порлумони Иттиҳодияи Аврупо хостааст, ки аз тарҳи “Роғун” дар Тоҷикистон пуштибонӣ накунад. Ин созмони зистмуҳитии Ӯзбакистон дар номае унвонии Ежи Бузека, раиси порлумони Иттиҳодияи Аврупо, аз пуштибонии Струан Стивенсон, аъзои ин порлумон, аз тарҳи “Роғун” шадидан интиқод кардааст.

raghun304a555222.jpg

Оқои Стивенсон дар моҳи гузашта зимни боздиди худ аз Тоҷикистон изҳор дошт, ки сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ба суди ҳамаи кишварҳои минтақа аст ва ҷониби Ӯзбакистон набояд дар ин замина нигарон бошад. Дар мусоҳибаҳои худ бо расонаҳои гурӯҳӣ вай гуфта буд, ки барои ҷалби таваҷҷӯҳи аъзои порлумони Иттиҳодияи Аврупо ба ин тарҳ талош карда ва дар ин замина номае ба раҳбарони кишварҳои Аврупоӣ ирсол хоҳад кард.

Ҷунбиши зистмуҳитии Ӯзбакистон дар номаи худ ба Иттиҳодияи Аврупо навиштааст, ки изҳори назари Струан Стивенсон дар ҳоле сурат гирфитааст, ки коршиносон иддаъо доранд, ки сохтмони ин нерӯгоҳ дар болооби рдхонаи Ому вазъи зистмуҳитӣ дар кишварҳои поёнобро ба ҳам хоҳад зад.

Муаллифони ин нома афзудаанд: “Дар пайи сохтмони ин нерӯгоҳ ҳудуди 18 милюн ҷамъияти кишварҳои поёноб аз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ маҳрум хоҳанд шуд. Дар натиҷа, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар манотиқи назди дарёчаи Орол вахимтар мешавад.”

Фаъолони зистмуҳитии Ӯзбакистон ҳамчунин иддаъо доранд, ки сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар манотиқи зилзилахез хатарнок аст. “Агар садди обанбори ин нерӯгоҳ хароб шавад, дар чанд сония 12 милёрд метри мукаъаби об ҷониби манотиқи кишварҳои поёноб ҳаракат карда ва ҷони милюнҳо нафар аз ҷамъияти худи Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон зери хатар мемонад.”

Муаллифони нома аз он изҳори таҷҷуб кардаанд, ки Струан Стивенсон, ки узви кумитаи зимстмуҳитии порлумони Иттиҳодияи Аврупо аст, дар тӯли ду-се сафари худ ба минтақа, натавонистааст “мушкилоти зистмуҳитии панҷ кишвари Осиёи Марказиро дарк кунад.” Зимнан, барои бори нахуст нест,ки созмонҳои зистмуҳитии Ӯзбакистон дар қиболи тарҳи “Роғун” дар Тоҷикистон иқдомоти мухталифе анҷом медиҳанд.

Чанд сол қабл онҳо иддаъо доштанд, ки ин тарҳ бояд аз сӯйи коршиносони байналмиллалӣ бозрасӣ шавад. Соли гузашта давлати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар ин замина тавофуқ карданд ва ҳоло коршиносони чанд ширкати хориҷӣ тарҳи ин нерӯгоҳро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Вале, созмонҳои зистмуҳитии Ӯзбакистон бо изҳори нобоварӣ аз раванди ин бозрасӣ аз Бонки Ҷаҳонӣ хостанд, ки асароти зистмуҳитии ин тарҳ ба сурати мустақил таҳқиқ шавад.

Бонки Ҷаҳонӣ ин пешниҳодро радд кард ва изҳор дошт, ки мавзӯъи асароти зистмуҳитии тарҳи “Роғун” дар чорчӯби барномаи вижаи ин ниҳоди молии байналмиллалӣ бозрасӣ мешавад. Хабари радди ин дархости фаъолони зистмуҳитии Ӯзбакистон дар Тоҷикистон ба унвони пирӯзие дар баҳсҳои миёни ин ду кишвар дар сари тарҳи “Роғун” талаққӣ шуданд.

Сафари Струан Стивенсон ба Тоҷикистон ва дидори ахири Президент Раҳмон бо аъзои порлумони Иттиҳодияи Аврупо дар Страсбурги Фаронса бояд ба “дастовардҳои диплумотии” Тоҷикистон дар ин баҳсҳоро афзоиш медод. Вале, то ҳол аз чунин “дастоварде” дар ҷараёни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Аврупоӣ гузориш нашудааст.

Баҳси миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон бар сари мавзӯъи азсаргирии сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” тӯли се соли ахир матраҳ аст. Ҳарчанд, мақомот ва коршиносони тоҷик иддаъо мекунанд, ки иҷрои ин тарҳ ба кишварҳои поёноб асароти номатлубе дар пай нахоҳад дошт, вале мақомоти Ӯзбакистон ин изҳоротро қабул надоранд.

Ахиран, Президент Раҳмон дар дидораш бо аъзои порлумони Олмон ва Фаронса дар Душанбе мукарраран гуфт, ки “ҳеҷ яке аз тарҳҳои энержии Тоҷикистон зидди кишварҳои поёноб нестанд. Тоҷикистон ҳаргиз ин кишварҳоро беоб нахоҳад монд.”

Вале, дар дидори ахири Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзбакистон бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев дар шаҳри Самарқанд, раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки “мо наметавонем аз баррасии мавзуъоте вобаста ба кишварҳои ҳамсоя, ки ба манофеъи миллии кишварҳои мо рабт дорад, сарфи назар кунем”.

Аз сӯйи дигар, расонаҳои гурӯҳӣ аз сардии равобити миёни раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбакистон матолиби зиёд мунташир мекунанд. Ахиран, нашрияи “Московские новости” иддаъо кардааст, ки Президент Каримов дар ҳамоиши Созмони Ҳамкориҳои Шонгхой дар шаҳри Остона нахостааст аксаш дар канори Эмомалӣ Раҳмон гирифта шавад.

Муаллиф афзудааст: “Дар маросими аксбардорӣ Ислом Каримов талош кард, то дар канори Эмомалӣ Раҳмон қарор надошта бошад, ҳарчанд тибқи муқаррароти прутукул ва тартиби алифбо раиси ҷумҳури Ӯзбакистон бояд дар канори ҳамтои тоҷикаш бошад. Дар ниҳоят, ҷойи Ислом Каримовро Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури Қирғизистон гирифт, ҳарчанд дар паси ӯ парчами Ӯзбакистон буд.”

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854