ҶАЛБИ ШАШ ШИРКАТИ ЭРОНӢ БА СОХТМОНИ “РОҒУН”
Мутахассисин ва коршиносони шаш ширкати хусусӣ аз Эрон барои анҷоми умури сохтмонӣ дар нерӯгоҳи “Роғун” ҷалб шудаанд. Гуфта мешавад, ки ҷалби ширкатҳои эронӣ ба иҷрои ин тарҳ аз сӯйи ҷониби ширкатҳои тоҷикистонӣ сурат гирифтааст.
Як манбаъи огоҳ аз раванди умури бозсозӣ дар маҳали нерӯгоҳи “Роғун” рӯзи ҷумъаи 15 июл ба Би-би-сӣ гуфт, ки ширкатҳои тоҷикистонӣ бо ширкатҳои хусусии Эрон дар ин замина қарордод баста ва аз ин роҳ мутахассисони эронӣ дар ин тарҳ мушорикат доранд. Вай ба далели вуҷуди ҳассосияти ин мавзӯъ дар бархе аз кишварҳои минтақа аз ироаи теъдоди дақиқи коршиносони эронӣ дар маҳалли “Роғун” худдорӣ кард, вале гуфт, ки давлати Эрон дар ин амр сахим нест.
Ин манбаъ афзуд, ки коршиносони эронӣ умдатан ба масоили фаннӣ дар умури бозсозии “Роғун” машғул ҳастанд. Вай афзуд: “Инҳо бештар умури мушовират, назорат ва таҳқиқи фаннӣ анҷом медиҳанд.”
Ҳазинаи тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” беш аз ду милёрд дулор арзёбӣ мешавад. Соли гузашта барои умури бозсозӣ дар ин тарҳ ҳудуди 190 милюн дулор маблағи будҷети Тоҷикистон масраф шудааст. Дар соли ҷорӣ низ ихтисоси ин миқдор маблағ аз будҷети кишвар дар назар аст. Гузашта аз ин, аз роҳи фурӯши саҳҳоми “Роғун” ба н тарҳ ҳудуди дувист милюн дулор мабалғи сокинони кишвар ҷамъоварӣ шудааст.
Раёсати ширкати “Нерӯгоҳи Роғун” эълом карданд, ки умури бозсозӣ аз сӯйи беш аз чиҳил ширкати сохтмонӣ анҷом мешавад. Зимнан, дар гузашта низ сару садоҳое аз ҷалби мутахассисини эронӣ ба тарҳи “Роғун” паҳн шуда буданд, вале манобеъи расмӣ аз изҳори назар дар ин замина худдорӣ мекарданд. Ҳарчанд, эълом шуда буд, ки дар умури бозсозии “Роғун” чанд ширкат ва теъдоди зиёде аз коршиносони Русия мушорикат доранд.
Ба эътиқоди бархе аз соҳибназарон, давлати Эрон, ки сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 дар ҷанубу Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, дар ду соли ахир зимни тиронзити колоҳо ва мавод барои ин тарҳ тавассути қаламрави Ӯзбакистон бо мушкилоте рӯбарӯ шуд. Аз ҷумла, дар чанд моҳи ахир коло ва маводди мавриди ниёзи нерӯгоҳи Сангтӯда-2 аз Эрон ба Тоҷикистон тавассути ҳавопаймоҳои борбар ё аз роҳи заминӣ тавассути қаламрави Афғонистон интиқол мешаванд.
Ҳамакнун, ҷониби Эрон ба эъломи ҳузури ширкатҳои хусусиаш дар тарҳи “Роғун” алоқаманд нест, зеро ин амр метавонад, дар иҷрои пружаҳои дигари муштараки энержӣ мушкил эҷод кунад. Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, баъд аз анҷоми умури сохтмонӣ дар Сангтӯда-2, коршиносони эронӣ ба таҳия ва сохтмони нерӯгоҳи мавсум ба Айнӣ дар водии Зарафшон оғоз хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол, масъулони ширкати “Фароб””-и Эрон, ки ба сохтмони Сангтӯда-2 машғул ҳастанд, хабар доданд, ки замони мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин нерӯгоҳ дақиқ шудааст.
Гуфта мешавад, қарор аст чаҳоруми сентябри соли ҷорӣ маросими мавриди истифода қарор додани огреготи нахустини ин нерӯгоҳ бо ширкати руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрон баргузор шавад. Тибқи иттилоъи ин манобеъ, умури сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ комилан анҷом шуда ва ҳоло мутахассисин машғули насби бархе аз таҷҳизоти зарурӣ ҳастанд.
Би-Би-Си