08:45:53 13-уми Июни 2025 сол

УСТОД НУРӢ ДАР ҶУСТУҶӮИ МАЪРИФАТ

- Бо ҳамин Шумо ширкаткунандаи бевоситаи дарсҳои ҳазрати Мавлавӣ шудед. Кадом фанҳоро дар пеши он кас омӯхтед?

 

- Дарсҳои мухталиф буданд. «Сарфу наҳв» буд, ки бачаҳои ҷавонтар мехонданд. «Адабиёти араб» буд. «Адабиёти дунё ва дин» мегуфтанд як китобро. «Мақомоти ҳарирӣ» китобе ҳаст, ки дар ҷаҳони араб мӯътараф шудааст. «Мақолоти Замахшарӣ» буд, ки аллома Замахшарӣ навишта буд. Онро низ пеши он кас хондем. Ин китобҳо бештар дар мавзӯи ахлоқанд. Баъдан «Атбоқ – уз- заҳаб» буд, ки ин ҳам панду ахлоқ буд. Баъдан «Атвоқ – уз – заҳаб» буд. «Атбоқ – уз- заҳаб», яъне «табақҳои тиллоӣ», яъне суханҳое, ки баробари табақи тилло қиммат доранд. «Атвоқ – уз – заҳаб», «тавқи тиллоӣ», гарданбандҳои тиллоӣ, ки он ҳам панду насиҳат ва суханҳои ҳикматомез буданд. Аз адабиёт «Муаллақот – ус – сабъ» гуфтанӣ як китоб буд, онро ҳам онҷо хонда будем. «Муаллақот – ус – сабъ» як қиссаи хеле аҷибу ғариб дорад.

 

Аз эҷодиёти шоирони давраи пеш аз ислом. Ҳамин хел қоида будааст, ки шуарои пеш аз ислом ҳар кадомашон як қасида менавиштаанд, дар ҳар мавзӯе, ки набошад, масалан, дар ишқ, дар ҷанг ва ғайра ва оварда дар девори Каъба овезон мекардаанд. Барои ҳамин ҳам он қасидаҳоро муаллақ, яъне овезон мегуфтанд. Ва он қасидаҳоро, шоирони дигар мехондаанду дар байни худ муҳокима мекардаанд. Баъд аз он боз шоири дигаре дар муқобили он қасидаи хондашуда қасидае эҷод мекардааст ва оварда онро дар девори Каъба овезон мекардааст. Мардуми араб дар балоғату фасоҳат хеле пеш рафтаанд. Ҳамин тариқ ҳар як шоир дар ҷавоби қасидае қасида менавиштааст.

 

Дар охир ҳафт қасидае дар деворҳои Каъба овезон боқӣ мондааст,ки касе дар муқобили онҳо ҷавоб гуфта натавонистааст. Бинобар ин онҳоро ном монданд «Муаллақот – ус – сабъ», яъне ҳафт қасидаи овезоншуда, муаллақ монда. Агарчанде, ки мазмуни қасидаҳои «Муаллақот – ус – сабъ» дар бораи ҳаёти пеш аз исломӣ буд, вале хеле аҷиб буд. Аз нигоҳи шеъру адаб, махсусан луғат, бисёр луғатҳои мушкиле дошт, ки аслан дар китобҳое, ки мо хонда будем, дар онҷо онҳо пайдо намешуданд. Бинобар ин бароямон хеле муҳим буд.

 

Масалан, аз он бо фасоҳату малоҳати шеъри араб, ташбеҳоту истиороте, ки дар шеър истифода мешуданд, шинос мешудем. Ин чизҳо ҷаҳони одамро аз илму адаб, фасоҳату балоғати забони арабӣ боз зиёдтар бой мекард. Умуман, натанҳо дар забони арабӣ, балки дар ҳама соҳа. Адабиёти форс ҳам буд. Чи хеле, ки гуфтам «Бӯстон», «Гулистон» - и Шайх Саъдӣ, ғазалиёти безаволи Ҳофизро мехондем. Албатта ҳамаи ин чизҳоро бо тафсираш мехондем. Тафсири Ҳофиз, Бедил, ки хеле машҳур ҳастанд, ҳама онро эътироф мекунанд. «Ахлоқи Ҷалолӣ» ном китобе буд, ки ин ҳам бо забони форсӣ дар илми ҳикмат навишта шуда буд.

 

Метавонем бигӯем, ки фалсафа буд «Ахлоқи Ҷалолӣ». Ин китоб хеле ҳам дар сатҳи олӣ навишта шуда буд. Ба ғайр аз ин «Ахлоқи Ҷалолӣ» боз як китоби дигар «Гулистони луғот ва Шабистони нукот»-ро, омӯхтем, ки тамоми ҳикматҳояш бо муаммо буданд. Бояд, ки маъноро аз калимаҳо ҷудо мекардем. Худи ҷумлаҳо тарзе банду баст шуда буданд, ки одам зираку доно бояд мешуд, ки бифаҳмад, ки ҳамин ба чӣ чиз ишорат мекунад. Шояд ягон вақти дигар шавад, ки ман ин китобҳоро бори дигар пайдо кунам ва бо шумо айёнан дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунам. Бисёр як санъати воқеан зебо буд, ки худи эшони Мавлавӣ Худо раҳматаш кунад, ки бисёр завқ дошт ба ҳамин чизҳо.

 

- Муаммое, ки аз рӯи нишонаҳои зоҳирӣ пайдо кардани маъниро тақозо мекард.

 

- Бале, мазмунан ҳикояеро нақл мекард ва ҳамон маънои асосӣ, нуктаи кулминатсионии ҳамон ҳикоя дар зоҳири калимаҳо омада буд ва ё ҳамон калимаҳоро аксашро мехондӣ баъд ҳамон чиз маълум мешуд, ё ин ки қалбашро мегирифтӣ дар қалби ягон чизи дигар мезадӣ, аз он баъд ҳамон маънои дилхоҳ пайдо мешуд. Умуман ҳамаш монанди як муаммо буд.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854